arzon replenishment
Мӯйсафедро ҷоду карданду...
3923

 

Абдукарим бори дуввум хонадор шуд.

Сайлӣ ба Абдукарим ҳамчун духтари бокира расид, ҳарчанд ин арӯси «хапак» пеш аз шавҳар карданаш оғӯши чандин марди пулдорро дида буд. Дар аввали хонадоршавиашон вай чунон рафтору кирдор менамуд, ки гӯё дар тамоми дунё зани аз вай хубтару меҳрубон вуҷуд надорад, вале баъди соҳиби писарча шудан симои аслиашро нишон дода, қилиқу найрангҳои нав ба нав оғоз намуд. Беҳуда «хислати бо хун омада бо ҷон меравад» намегӯянд, ин зани тардоман аз шавҳараш пинҳонӣ бо марде дуру дароз суҳбатҳо менамуд. Ин амали келин аз назари хоҳаршӯйҳояш пинҳон намемонд, вале аз чӣ бошад, ки касе дар ин бора лаб во намекард.

Набера мағзи бодом

Байни Сайлӣ ва падаршӯяш бобои Саидмурод ихтилофоти калон ба вуҷуд омад. Ҳини хӯроки нисфирӯзӣ ҳама аҳли оила дар сари дастурхон машғули хӯрокхӯрӣ буданд, писарчаи Сайлӣ Нурмуҳаммади кучак инҷиқӣ карда, косаи таомро чаппа кард. Сайлӣ ба ғазаб омада, бо хашм ба тахтапушти кӯдак се-чор мушти обдор зад. Аз ин амали ваҳшиёнаи келин бобои Саидмурод ба ғазаб омада: «падарлаънат, кӯдакро куштӣ» гӯён, садо баланд кард. «Бар падари худат лаънат! Арвоҳи падарам туро кашида барад»,- бидиррос зад Сайлӣ ва писарчаи гирёнашро гирифта ба хонаи худаш даромад. Дар дилаш ҳисси интиқомҷӯйӣ ҷуш мезад. Як моҳи дароз бо падаршӯяш қаҳрӣ шуда гашт. Ниҳоят роҳи интиқомро дарёфт ва бе дахолати касе бо падари шавҳараш оштӣ карда аз пайи қасос ситонидан шуд.

 Деви рашк
Муомилаи ширини хусуру хушдоманаш бо келини хурдӣ Дилафрӯз Сайлиро ба қавле «девона» мекард. Келини хурдии бобои Саидмурод Дилафрӯз бо вуҷуди аз оилаи зиёӣ будану маълумоти олӣ доштанаш, духтараки хоксору меҳрубону ширинзабон буд. Дар мактаби деҳа муаллима буд Дилафрӯз ва ҳамин, ки аз кор баргашт, бо сари хам хизмати хусуру хушдоманашро мекард. Келинчаки чаққон дар як дам тамоми кору бори хонаро мекард ва қайсингилу ҳеварҳояшро эҳтиром менамуд, аз ҳамин сабаб пайвандону наздикони шавҳараш Ҳакимҷон Дилафрӯзро дӯст медоштанд ва мудом таърифу тавсиф менамуданд. Дилафрӯзро ситоиш намудани хусуру хушдоманаш ғазаби Сайлиро меовард. Вай мисли каждум ҳар лаҳза мекӯшид зани додари шавҳарашро неш зада, дар оила хархашаву нооромиро ба вуҷуд орад, вале Дилафрӯзи фариштарӯю фариштахӯй ба суханҳои нешдори Сайлӣ аҳамият намедод. Абдукарим ба иғвои зани шаттоҳаш дода шуда, бо ҳар баҳона гоҳ бо додараш Ҳаким ва гоҳ бо янгааш Дилафрӯз ҷангу хархаша менамуд, вале бо ин ҳам алами дили Сайлӣ паст намешуд…

Ҷодугар
Сайлӣ бо воситаи модараш ва як ҷодугари хешашон Бобои Саидмуродро ҷоду кард ва тӯмори ҷодуро дар навдаи дарахти сафедор овезон кард. Мӯйсафед ба сеҳру ҷоду гирифтор шуда, худ аз худ аз пои равон монд. Дарди дар ҳеҷ ҷой набуда якбора ба тани бобои Саидмурод часпид. Дарди сӯзону ҷонкоҳ мӯйсафедро чунон абгор кард, ки ҳама аҳли оила умедашонро аз зинда мондани сутуни хонадон канданд. Табибон низ пас аз муолиҷаи зиёд китф дарҳам кашида гуфтанд: «Мо ҳама кори аз дастамон омадаро кардем. Он тарафаш дар дасти Парвардигор аст. Мӯйсафедро азоб надода ба хона баред…»


Муддати шаш моҳ мешавад, ки ин бачаи ноболиғ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, вале натанҳо волидони Алиҷон, балки пайвандони кушташудагон ва адвокати эшон низ ба қотил будани ин кӯдак шубҳа доранд.

 


Сайлӣ худро ғамгин вонамуд месохт, вале дар асл дарун-дарун хурсандӣ мекард. «Ана ҳамин хел мӯйсафед, ҳолатро боз ҳам бадтар хоҳам кард. Дигар бо ман бозӣ намекунӣ»,- тамасхур мекард дар дил келини ҷодугар.

Писари калонии хонадон Зиёдулло, чанд моҳ қабл бо Сайлӣ хархаша намудани падарашро ба ёд оварда, дилаш тӯрид ва зуд муллои ҷодубароре ёфта оварду падарашро хононд. Мулло Қосим китоб кушода гуфт, ки мӯйсафедро сеҳру ҷоду кардаанд ва таъкид намуд, ки дар танҳоӣ зури ӯ намерасад, бояд панҷ-шаш нафари дигарро ёфта, якҷоя беморро дуохонӣ кунанд.

Сайлӣ аз пой афтидану ба дарвозаи марг наздик шудани хусурашро дида аз пайи ҳадафи дуввумаш шуд. «Ҳакиму Дилафрӯзро аз ҳамдигар ҷудо карда, ба хушбахтии онҳо хотима бахшидан лозим»,- мегуфт худ ба худ ин маккораи хонасӯз. Ҳамин нияти нопок Сайлиро боз ба дари хонаи ҷодугар бурд.

 Дилсардӣ

Бобои Саидмурод баъди дуохонии муллоҳо акнун ба воситаи асобағал роҳ мегаштагӣ шуда буд, ки бадбахтии навбатӣ дари ин хонадонро нохун зада, байни Дилафрӯзу шавҳараш дилсардӣ пайдо шуд. Ҳакиме, ки пештар як лаҳза бе занаш зиста наметавонист, акнун Дилафрӯзро бинад, ғашаш меомад. Вай худ аз худ ҳамсарашро бад дида, намехост ҳатто рӯйи Дилафрӯзро бубинад. Ҳар шаб ҷангу ҷанҷолҳои беасос намуда, зану шавҳар дур аз ҳамдигар, дар кунҷҳои гуногуни хона хоб мерафтагӣ шуда монданд. Дилафрӯз ҳам дигар мисли пешина ба шавҳараш Ҳаким меҳрубону хушмуомила набуд, қошу қавоқ гиронда дар ҷавоби дағалиҳои шавҳараш дағалона рафтор мекард. Сайлии маккора мекӯшид муносибати додаршӯяш Ҳакимро бо ҳамсараш Дилафрӯз боз ҳам харобтар созад. Ҳаким аз чеҳраи гирифтаи зану балвоҳои янгааш ба ҷон расида, ҳар саҳар бо табъи хира ба кор мерафту шабона бошад дар назди падари нимбемораш хоб мерафт, то боз бо ягон сабаби ночиз бо занаш ҷангу ҷанҷол нашавад. Кӯшиш мекард, ки бо ҳамсараш Дилафрӯз камтар рӯ ба рӯ шавад, зеро ҳарос дошт, ки ягон рӯз барои дупула гап ҷавоби занашро медиҳад.
Талоқ
Сайлии ҷодугар чун дид, ки бо хунукӣ кардан Дилафрӯзро аз шавҳараш ҷудо карда

наметавонад, роҳи дигарро пеш гирифт. Вай дар набудани Дилафрӯз ба хонаи онҳо ворид шуда, аз назди оина гарданбанд, даспона ва гӯшвораҳои тиллоии авсунашро гирифта бадар шуд. Дилафрӯз бегоҳ аз кор баргашта зару зеварашро дар ҷойи мондааш наёфт ва сари қаҳр аз хонааш баромада дод зад:

-Дуздҳо! Тилловориҳои маро кадоматон гирифтед?! Ҳаким аз ин рафтори занаш, ки бе ягон далел модару хоҳарони ӯро ба дуздӣ муттаҳам мекард, ба ғазаб омада дар сари қаҳр Дилафрӯзро се талоқ кард. Ҳамин тавр, бо иғвои Сайлии ҷодугар як оилаи хушбахт вайрон шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД