Sebiston new 2024 october
Фотима Ғуломова: Аз дубора шавҳар накардан пушаймон нестам!
3504

 

Дар рӯзи охирини соли 2019 актрисаи маъруфи театру кинои тоҷик Фотима Ғуломова 85- сола шуд. Номбурда аз зумраи он фидоиён аст, ки солиёни зиёд барои рушди санъати тоҷик хизмат кард, вале қадр нашуд...

Писаратонро ғалат тарбия кардед...

-Шумо се тан – Фотима Ғуломова – актрисаи театру кино, Соҷида Ғуломова – актриса, нахустин режиссёрзани телевизион ва Исфандиёр Ғуломов - актёри театру кино бо вуҷуди маҳбубият ва маъруфиятатон дар байни мардум унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро сазовор нашудед. Сабаб чист?

-Мо пушту паноҳ надоштем... ба қадри заҳматамон нарасиданд, моро қадр накарданд... Бечора Соҷида 45 сол дар телевизион кор кард, беҳтарин намоишҳоро таҳия намуд. “Садо аз тобут”, “Зани оҳанин” ва дигар спектаклҳои ӯро пайваста намоиш медиҳанд, вале дар охири умр 270 сомонӣ нафақа мегирифт, касе суроғаш ҳам намекард. Ҳатто рӯзи маргаш телевизион як ҷумлаи ҳамдардӣ пахш накард. Исфандиёр бошад, солҳост, ки дар театрҳо кор мекунад, беҳтарин нақшҳоро иҷро кард, дар даҳҳо филми ватаниву хориҷӣ образҳои марказиро офарид, аммо баъди 70- солагиаш унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро гирифт, ки онро актёр дар 30- солагиаш бояд бигирад. Ман ҳам баъди 30 соли кор дар театр бо ташаббуси Исо Абдурашидов директори вақти театр Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шудам. Исо маро дӯст медошт, мегуфт “Апаам агар аз дари театр дарояд, театр бӯйи нон мекунад”...

-Шуморо театр барои гирифтани унвон пешниҳод кард ё не?

-Театр не... Вале як вақтҳо аз Хонаи радио маро барои гирифтани унвони “Ҳунарпешаи халқӣ” пешниҳод карданд... Аз ҳукумат занг заданд, ки омада, унвонатонро гиред. Рафтам. Ҳама бо навбат баромада, унвонҳои “ҳунарпешаи халқӣ” ва “нависандаву шоири халқӣ”-ро гирифтанд. Дар охир навбати ман ҳам расид ва ба ман медали “Истиқлол” доданд... Ман зани хоксор ҳастам, ҷангараву дидадаро ва кабинетдав нестам. Бо вуҷуди ин, аз як масъули ҳукумат пурсидам, ки чаро ман барои гирифтани “ҳунарпешаи халқӣ” пешниҳод шудаму кор ин хел шуд. Вай гуфт, ки шумо писаратонро ғалат тарбия кардед... Ӯ ба Барзу ишора мекард. Ман гуфтам, ки ба ман унвон лозим нест, вале дар мавриди писари ман шумо ноҳақед. Ман ба шумо кадр додам, ӯро танҳо бе падар ба воя расонидам, гарчанде, шумо ӯро намехоҳед, вай обрӯйи санъати тоҷик аст...

-Шумо бо он ки писаратон Барзу Абдураззоқов дар Тоҷикистон кор пайдо намекунад, чӣ тавр муносибат мекунед?

-Ҳоло одат кардам... Барзуи ман хеле шахси ҳалим, меҳрубон ва одамгариаш баланд аст. Агар ҳамин рӯз се маротиба аз дар дарояд, се маротиба ҳам маро оғӯш карда мебӯсад ва “очаҷон чӣ ҳол доред” мегӯяд. Дар мавриди донишу биниш ва фаҳму фаросаташ ман гап надорам. Ман ӯро аввал барои шарқшиносӣ тайёр кардам, вале ӯ ба факултаи санъат ҳуҷҷат супорид. Ман ба санъат рафтани шуморо намехоҳам гуфта, гиря кардам. Ӯ бошад гуфт: “Очаҷон, ман дар пушти пардаи театр калон шудам, хоб рафтам, бӯйи театр аз кӯдакӣ дар машомам аст, чӣ тавр метавонам аз театр дур бошам?” Баъди ин, ман розӣ шудам. 5 сол таҳсил кард. Хурсанд шудам, ки дар паҳлӯи ман истода, кор мекунад, як тарафи зиндагиро мебардорад. Вале Меҳрубон Назарович, вазири фарҳанг ӯро барои таҳсил ба Маскав фиристоданӣ шуданд. Ман зид баромадам. Меҳрубон Назарович маро ҷеғ заданд, қавоқошон гирифтагӣ - “Ҳамагӣ як ҷой аз Маскав барои режиссёрӣ омадааст, ман Барзуро пешниҳод кардам,” – гуфтанд. Ман баҳона пеш овардам: - “Ман танҳо, беҳтар аст, ки бо ман кор кунад...” Он кас оташин шуда гуфтанд: - “Ту шалӣ, кӯрӣ, нотавонӣ? Ту кор мекунӣ, ин бача дар Маскав мехонад, тамом!”... Маҷбур розӣ шудам. Вақти гусел эшон каме ором шуда гуфтанд: “Фотимаҷон, Барзу ояндаи театри тоҷик аст...” Ҳамин тавр ҳам шуд, Барзу рафта таҳсил карда омад, чанд сол кор кард, вале баъдан муносибаташ бо баъзеҳо хуб нашуду дар ватанаш кор намеёбад, хизмати қазоқу қирғизу ӯзбекро карда гаштааст...

Писари дигарам Шаҳбозҷон ҳам дар Амрико аст ва тарҷумони ҳарбӣ шуда, кор мекунад. Соли 2000-ум ҳамроҳи занаш ба он ҷо рафт, шаҳрванд шуд. Феълан дар Афғонистон кор мекунад. Вақти телефон мекунад: - “Вой дод, туя Толиб надуздад”, мегӯяму мегирям. Очаҷон гиря накунед, шароитам хуб, ман дар ҷойи амн ҳастам, гӯён маро ором мекунад...

Холаи афсонагӯ

 

-Шумо дар ҷавонӣ даст ба драматургия задед ва песаи шумо “Хазони зери по” дар театрҳои ҷумҳурӣ гузошта шуд. Чаро асарнависиро идома надодед?

- Ман ду- се асар сар карда партофтам. Барои чӣ? Барои он ки шавҳарам барвақт аз мо ҷудо шуда рафт. Бо се фарзанд, танҳо мондам. Ягона духтарам Шаҳнозҷон раҳматӣ шуд, аз вай ду сағера монд... Ман худамро ба зиндагӣ бахшидам. Ба театр, дубляж, кино ва радио давида, бори зиндагиро мекашидам. Илова бар ин, кори хона, либосшӯйӣ, дарзмол, хӯрокпазӣ... ва ғайра вақтамро мегирифт. Ҳамин тавр, бо як миҷа задан умрам гузашт, пир шудам, ҳоло ҳавсала нест.

-Бо вуҷуди он ки дар театр нақшҳои зиёд доред, дар кино кам ширкат кардед. Чаро?

-Боз ҳам оила. Барои банаворгирии филм ду-се моҳ рафтан лозим. Фарзандони ман, ки хурд буданд, рафта наметавонистам. Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров ва дигарон даъват мекарданд, аммо рад мекардам. Бинобар ин, дар чанд филме, ки ширкат кардам, нақшҳоям хурд ва ё лаҳзаҳо дар Душанбе ба навор гирифта шудааст. Баъди калон шудани фарзандон дар чанд филми калон ширкат кардам. Барои мисол дар “Овора” ном филм, ки дар Зиддеҳ ба навор гирифта шуд...

-Маъруфтарин кори шумо афсонагӯӣ дар телевизион ва радио буд...

-Бале, холаи афсонагӯйи тамоми кӯдакони кишвар будам. Як рӯз маро ба редаксияи кӯдаконаи радио даъват карда, як афсона доданд, ки хонам. Баъди хондан ба онҳо писанд омад, ҳамин тавр, ман афсонагӯ шудам. Афсона соати 8 сар мешуд, 8:30 ба охир мерасид. Афсона тамом шуд, дасту рӯй ва дандонатонро шуста, хоб равед гӯён, ҷамъбаст мекардам. Халта- халта аз падару модарон мактуби миннатдорӣ меомад, ки кӯдаконамон баъди афсонаи шумо дигар шуданд. Ҳозир чӣ? Соат 11-и шаб, кӯдак дар кӯча. Падару модар парво надорад. Ҳамин тавр, дар телевизиону радио 30 сол афсонагӯӣ кардам. Он вақтҳо сабт набуд, мустақим мехондем. Шабҳое, ки спектакл доштам, телевизион мошин мефиристод, баъди спектакл зуд рафта, афсона мегуфтам...

-Ҳозир ба театр меравед?

-Чанд вақти охир бемор будам, нарафтаам.

-Оё театр аз шумо пурра истифода кард?

-Не, ман метавонистам, ролҳои беҳтар бозӣ кунам. Аз ман театри русии Маяковский истифода кард. Бо спектакли “Нидо” Париж, Санкт-Петербург, Уляновск ва Сизрин рафтем, ҳама розӣ буданд... Нақши ман бисёр вазнин буд. Барзуро гуфтам, ки чаро чунин нақши душворро ба ман медиҳӣ. Ӯ гуфт, ки шумо метавонед... Ба гумонам тавонистам. Вале театри Лоҳутӣ аз патенсиали ман истифода накард. Гарчанде беҳтарин нақшҳоро дар ин ҷо бозӣ кардам...

-Кадом нақшро бисёр мехостед, ки иҷро кунед, вале ба шумо надоданд?

-Ҷуллетта... Вале дар театр се Ҷуллетта буд, бинобар ин, ба ман имкон даст надод.

-Ман шуморо ҳангоми намоишҳо зиёд мебинам. Бо вуҷуди он ки ба саҳна намебароед, аммо спектаклҳоро пайваста тамошо мекунед. Сатҳи намоишҳоро чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Театр шукр, ки нағз кор карда истодааст. Камбудие, ки дар театри мо ҳаст, набудани драматург мебошад. Маҳз драматург идея пешниҳод мекунад ва баъдан режиссёр онро ба саҳна мегузорад. Агар ҳамин мушкил роҳи ҳали худро ёбад, театри мо рушд мекунад, зеро ҳунармандони хуб дорем...

“Э вой, чаро шавҳар накардам?”...

 

-Ишора кардед, ки ҷавон аз шавҳар ҷудо шудед, пас чаро дигарбора оила барпо накардед?

-Ман худамро ба фарзандонам бахшидам...

-Пушаймон нашудед?

-Не, ҳеҷ гоҳ нагуфтам, ки “Э вой, чаро шавҳар накардам?”

-Шумо баъди ҷудо шудан ҳам бо Ҳабибулло Абдураззоқов дар як театр кор кардед. Муносибататон чӣ тавр буд?

-Мо душман ҷудо шудем ва ҳоло ҳам гап намезанем. Пушаймон ҳам нестам.

-Шумо бо шавҳаратон якҷо таҳсил кардед, кор кардед, яъне, якдигарро шинохтаву омӯхта оиладор шудед. Чӣ сабаб шуд, ки оилаатон вайрон шуд?

- Якдигарфаҳмӣ гум шуд. Ҳабибулло зуд машҳур шуд, дар 24- солагӣ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро гирифт. Баъди ин тағйир ёфт, маро гӯш карданро бас кард, байнамон хунукӣ пайдо шуд. Баъди чанд вақт ошиқ шуд... Ҳамин тавр, ҷудо шудем... Медонед, барои пойдории зиндагӣ муҳаббат кам аст...

-Чӣ лозим аст, ки оила пойдор монад?

-Якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигар. Барои зан шавҳари нағз, шавҳаре, ки ҳурмату эҳтироми занро донад, муҳим аст. Вақте шавҳар зани худашро ҳурмат мекунад, зан мешукуфад. Ҳар рӯз баъди аз кор омадан, як маротиба занатонро оғӯш карда, аҳволашро пурсед, зан ғуломи шумо мешавад. Зан бояд шавҳар доштанашро ҳамеша ҳис кунад, шавҳар пушту паноҳи зан аст, тоҷи сари хонадон, аст. Тоҷикҳои мо бошад “очаву зор” гуфта, ҳақорат мекунанд. Ҳазрати Муҳммад (с) гуфтааст, ки биҳишт зери қудуми модарон аст. Боз ҳазрат мегӯяд, ки аввал зану дуввум зану он гаҳ зану мард. Аз ӯ мепурсанд, ки азизтарин шахс назди шумо кист, се бор модар мегӯяду он гоҳ падару модар... Чӣ тавр, зан-модарро мешавад баъди ин ҳама фармудаҳо ҳақорат дод? Домуллоҳои мо, ки дар масҷид мешинанд, ба ҷойи ғайбати занҳо ин ҳарфҳоро гӯянд, хуб мешавад...

-Дар бисёр оилаҳо рашк омили нооромӣ аст. Мегӯянд, ки рашк аз дӯстдорӣ аст...

-Не, рашк аз нобоварӣ аст. Зиёд мешунавам, ки мардҳо занашонро қулф карда, кор мераванд. Марде ки ба занаш бовар надорад, ба худаш бовар надорад... Боварӣ асоси зиндагӣ аст. Яҳудиҳо як ҳарфи нағз доранд. Вақте зани хушрӯйи сабзу хуррамро мебинанд, мегӯянд ки аҷаб шавҳари нағз дорад, агар марди озодаро бинанд мегӯянд, ки аҷаб зани хуб доштааст. Худ хулоса кунед.

-Феълан, бисёриҳо вақте ки ҷудо мешаванд, барои фарзандон кашмакаши зиёд мекунанд. Дар тарбияи кадом тараф мондани фарзанд ва соати дидор баҳси рӯзмарра шудааст. Вақти ҷудо шудани шумо оё чунин масъала буд?

-Не, зеро вақте мо ҷудо шудем, Ҳабибулло оилаи ҷавон гирифт ва бе ягон дудилагӣ фарзандон бояд назди ман мемонданд. Ман ҳам аз ӯ зиёд талаб накардаам, ҷуз алимент. Аввалҳо фарзандон бо падарашон равуо надоштанд, ман намегузоштам. Вале баъд аз он ки падарашон бемор шуд, равуо доранд...

-Дар Соли нав чӣ орзу доред?

-Фарзандонам раҳдуранд. Орзуи саломатии онҳоро дорам. Ба мардуми тоҷик низ саломатӣ, хонадони обод ва ба кишвари азизамон сулҳу суботи ҳамешагӣ мехоҳем.

Мусоҳиб ОДИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД