(ИДОМААШ)
Бибии Гулрафтор ба бозии онҳо нигоҳ карда зери лаб табассум мекард. Аз афташ давраи тифлии худро ба ёд меовард. Ҳоло ҳам ӯ аз акси дар девор овезон ба Гулрафтор нигариста, табассуми ҳазине мекард. Шояд чизе гуфтанӣ мешуду аммо ҷон, ки надошт хомӯш буд…
«Бибиҷон, чаро хомӯшӣ? Бин ба сари ман боз як балои нав омада истодааст. Маро падарам ба шавҳар доданӣ. Ман дирӯз омадам, вале бало пеш-пеши ман омада будааст, худам бехабар…Наход на дар хонаю на дар берун ман рӯз набинам? Охир ба онҳо чӣ хел фаҳмонам, ки ман аллакай шавҳару фарзанд дорам? Инро чӣ хел гӯям? Чӣ кор кунам бибиҷон? Боз ин Самеъҷон маро «ҳуҷҷатҳоятро дуруст мекунам»,- гуфта ин ҷо оварду партофта рафт. Охир, ба Салим ваъда карда будааст, ки ҳуҷҷатҳоямро барқарор мекунаду қонунӣ карда ба назди ӯ мебарад. Чӣ тавр ӯро огоҳ кунам?» Гулрафтор бори дигар ба сурати бибиаш нигоҳ карду қарор дод, ки ҳоло рост ба назди падару модараш мераваду ба онҳо дар бораи шавҳару писараш мегӯяд. Ҳарчи бодо бод. Бигзор, онҳо ӯро бо беобрӯӣ аз хона ронанд. Бигзор, тамоми деҳаро ҷамъ карда, дар назди мардум «оқ» кунанд. Акнун ба ӯ фарқе надорад. Дар ин дунё ё бори дигар ба дидори шавҳару писараш мерасад, ё гуноҳ ҳам бошад, худро кушта ба назди бибиҷонаш меравад. Ба шавҳари дигар расидан? Ин ҳатто дар тасаввури ӯ роҳ намеёфт. Охир ин гуноҳи кабира аст. Ӯ зани шахси дигар аст ва он одам дар қайди ҳаёт асту талоқаш накардааст. Магар аз ин гуноҳи бузургтаре мешавад?
Гулрафтор ашки чашмонашро, ки дар ин як шабу саҳари дар хонаи падар буданаш чандин бор равон шуда буд, бо нӯги ангуштон пок кардаистода, аз дар баромад ва ба сӯи модараш, ки ҳанӯз дар сари оташдон ҷунбуҷӯл дошт, равон шуд.
-Ҳа, гиря карда дилатро холӣ кардӣ? Акнун ё ба ман ёрӣ деҳ, ё рафта аз дидаю шунидаҳоят ба ҳамсояю хешонат нақл кун.
-Не,-овози Гулрафтор, ки хеле бо қатъият садо медод, модарро ҳайрон кард, -Не, ман акнун аз дидаю шунидаҳоям не, балки аз ҳодисоти аз сар гузаронидаам ба тую падарам нақл мекунам. Канӣ ӯ?
Модар табақи дар даст доштаашро ба болои курсӣ монда, дастонашро дар пешгираш тоза кардаистода бо ҳайрат пурсид:
-Ҳоло дар пешат буд-ку. Чаро чизе нагуфтию акнун гапе гуфтан мехоҳӣ?
-Акнун мегӯям .Ӯро ҷеғ зан, ба ҳардуятон гуфтание дорам…
Модар ба ваҷоҳати духтараш, ки хеле қатъӣ буд ва маълум буд, ки ҳеҷ гуна эътирозро намебардорад, нигариста, ба дари хонаи боз сар халонда бо овози баланд гуфт:
-Мардак, берун баро, духтарат ким чӣ хел гап доштааст…
Пас аз лаҳзае падар аз дар намоён шуда гуфт:
-Хайр, духтар чӣ мегӯяд, барои тӯй ин чизу он чизро хар мегуфтагист-дия. Худат ҳал кардан гир. Пагоҳ ба бозори маркази ноҳия раветону ҳар чизеро, ки барои арӯс лозим аст, гиред. Медонӣ-ку, ман дар ин кор маслиҳатчӣ нестам …
Аммо чашмаш ба Гулрафторе, ки бо ду даст рӯяшро дошта дар курсӣ амонат менишаст, афтоду аз гуфтани давоми суханонаш истиҳола намуд.
-Ҳа духтарам чӣ шуд?
-Ин ҷо шинеду ҳамроҳи модарам маро гӯш кунед…
-Хӯш?
-Ҳардуи шумо бандаи мусулмон ва ман ҳам фарзанди шумоён…
-Алҳамдулиллоҳ духтарҷон. Чӣ буд?
-Охир чӣ тавр шумо маро напурсида ба шавҳар доданиед, вақте, ки ман шавҳар дорам…
-Чӣ?-гӯён сахт ба ҳайрат омаданд падару модар баробар…
-Бале, ман шавҳари қонунию мусулмон дорам ва шумо ҳақ надоред маро дубора ба шавҳар диҳед,-ин гуфтаҳои Гулрафтор чунин садо доданд, ки зану шавҳар ба ҳамдигар нигариста, чӣ гуфтанашонро намедонистанд.
Чанд лаҳза хомӯшӣ ба миён омад ва танҳо садои шириққос зада сӯхтани шохчаҳои хушк дар оташдон ба гӯш мерасид.
-Духтарам,-ниҳоят гап сар кард падар,- Ту дар ҳамин диёр ба дунё омадию калон шудӣ. Медонӣ, ки обрӯи падар аз рафтори фарзандон вобаста аст. Агар онҳое, ки ману модаратро мешиносанд, ҳоло ин суханонатро шунаванд,чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки бинед, ин Гулрафтор ба ким- кадом шаҳр ба хондан меравам гуфта, бо ким- кадом кӯлобию хуҷандӣ ё помирӣ ишқварзӣ кардааст. Гӯё ба шавҳар баромада будааст. Магар духтаре, ки падару модари зиндаю барҳаёт дорад, ҳамин тавр рафтор мекунад? Акнун худат гӯй, ки мо дар байни мардум чӣ тавр мегардем? Биё, мон, ин гапҳоятро. То замоне, ки дар деҳаи худамон, дар назди одамон туро тӯю сур карда ба дасти соҳибат насупорем, мо аз ту розӣ нестем…
Гулрафтор сар боло намуда эътироз кард:
-Аввалаш ин, ки шавҳари ман кӯлобию хуҷандӣ ва помирӣ набошад ҳам, мусулмон аст ва ӯ маро дар назди садҳо нафар ба занӣ гирифтааст… Дигараш, ман аз ӯ фарзанд дорам…
-Чӣ….?-баробар аз ҷой хестанд волидони Гулрафтор. Инаш воқеан ҳам барои ҳарду ногаҳонӣ буд…
-Бале, ман шавҳару фарзанд дорам ва акнун шумоён ҳамаашро фаҳмидед. Ихтиёратон, ман ғайр аз шавҳари худам дар ҳарду дунё, дигар касеро интихоб ҳам намекунаму ҳатто агар фавтида бошад ҳам, то рӯзи марг ба касе нахоҳам расид. Ин қавлро ман дар назди Худованд додаам…
-Ранги бибиаш. Эй духтари беақл, ба ту гуфта истодаанд, ки он шавҳару он гузаштаи ту барои ман заррае аҳамият надорад. Ё дар ҳамин ҷо ба шавҳар мебароию аз дарвозаи ҳамин ҳавлӣ чун арӯс берун мешавӣ ё…
-Э, мардакҷон пеши даҳонатонро гиред, ки ягон сухани ношаръӣ набарояд,-модари Гулрафтор давида хеста шавҳарашро аз китфаш гирифта ба тарафи хона равон намуд ва ба Гулрафтор нигариста гуфт:
-Ана дидӣ, падаратро ба чӣ ҳол овардӣ…
-Ё тобути ман аз ҳамин дарвоза мебарояд,-гӯё сухани падарашро давом дода зери лаб гуфт Гулрафтор ва боз ба сӯи ҳамон хонае, ки чанд лаҳза пеш аз он берун шуда буд, равон гардид…
Субҳ Гулрафтор пилкҳои чашмони аз бехобию гиря варамидаашро шояд бори ҳазорум аз ҳам дур карда, ба тирезае, ки аз тарафи офтоббарои хона буд, нигарист. Дар дилаш дигар на ба ин дунё на ба падару модар заррае дилбастагӣ набуд. Лоқайдона ба ҷойгаҳи духтари ҳамсоя, ки имшаб ҳамроҳаш дар ҳамин утоқ хобида буд, чашм дӯхт. Духтарак, ки аз замони ба хонаашон омадани Гулрафтор дар гирди ӯ мисли парвона чарх мезад, имшаб ба хонаи худашон нарафта, аз модараш илтиҷо намуд, ки ҳамроҳи «апаи Гулрафтораш» хоб кунад. Духтарак дар хобаш табассум мекард. Шояд ӯ хоб медид, ки мисли «апаи Гулрафтораш» ҳусни зебое дораду ҳама ба ӯ бо ҳавасу ҳасад менигаранд. «Эҳ, духтари нодон. Ту намедонӣ, ки ҳусни зебо доштан ҳанӯз маънои хушбахт шуданро надорад. Ҳусни худодод баръакс соҳибашро метавонад ба ҳазор бало гирифтор кунад. Ту худат ҳам бад нестӣ. Духтарони деҳаи мо ҳама базебанд. Аммо ман дар байнашон шояд аз ҳама бадбахттарин бошам, ки ба ин рӯз расидам…» Гулрафтор ғарқи чунин андешаҳо нигоҳи дарднокашро аз чеҳраи духтараки хуфта барканда, аз ҷояш хест ва барои он, ки ӯро бедор накунад, нӯг нӯги пой ба назди рафи зери оина омада, аз он ҷо рӯймоли тунукашро, ки се сол боз ба сар накарда буд, гирифта баст ва аз остона қадам монда берун баромаду аз паси худ дарро оҳиста пӯшид. Садои муаззини деҳа мардумро ба намози бомдод даъват мекард…
… Бо вуҷуди гузаштани муддати дароз Гулрафтор қабри модаркалонаш-ро ба зудӣ ёфт. Падараш ба сари қабри модаркалон лавҳачаае гузошта буд, ки дар он ном ва соли мавлуду марги ӯ навишта шуда буд. Гул-рафтор аз ҷониби дигар ба пуштаи қабр гузашт, то ки аз тарафи деҳа ва роҳи калон касе ӯро дида натавонад. Медонист, ки ба қабристон омадани занҳо убол аст, аммо ин бор ӯро Худо хоҳад бахшид. Зеро ин охирин дидор бо марқади бибиаш аст. Дигар бо бибиҷонаш танҳо дар он дунё вомехӯрад. Духтар баробари аз дил гузаронидани ин ҳарфҳо худро дигар нигоҳ дошта натавониста инони гиряро сар дода дар муштаи қабр, ки бӯи алафҳои хушкшудаи порсола мекард, парӯ афтид. «Бибиҷон, маро бубахш, ки ба гапҳоят гӯш накардам. Эҳтиёт шав гуфтӣ, эҳтиёт нашудам. Дилам аз ғусса метаркад. Падарам маро ба касе ба шавҳар доданӣ, аммо Худо шоҳид ва ту медонӣ, ки ман шавҳару бача дорам. Чӣ кор кунам бибиҷон? Падарам мегӯяд, ки ман ба гузаштаи ту кор надорам ва барои нарехтани обрӯи ман бояд дар деҳа тӯй шуда ба шавҳар бароӣ. Ту маро мефаҳмӣ, наход ман аз байни ҳазорон бало гузаштаю худро эҳтиёт карда ба ҷуз шавҳарам дигар касеро ба худам наздик шудан намонаму омада-омада бо дасти падарам ба шавҳари қонуниам хиёнат кунам? Охир ин тӯй ба ҷуз хиёнат чизе нест! Аз рӯи гуфташон имрӯз маъракаи занона будаасту бегоҳаш тарафи домод, ман намедонам, ки вай кист ва касе ҳам номи ӯро ба забон намеорад, ба хонаи мо тӯёна меовардаанд. Духтараки ҳамсоя мегӯяд, ки гӯё шавҳаршавандаи ман як марди бой будааст. Охир ин нофаҳмҳо намедонанд, ки шавҳари шариатии ман садҳо ин хел бою бойбачаро мехараду мефурӯшад. Ба ман заррае боигариаш лозим нест, мехоҳам, ки ӯ аробакаши бозор бошаду ин лаҳза дар паҳлӯям бошад ва маро аз ин балоҳои заминӣ халос кунад. Акнун ман чӣ кор кунам? Чӣ мегӯӣ бибиҷон?..
Аммо аз қабр садое намебаромад. Бибӣ хомӯш буд, танҳо садои гову гӯсолаҳои деҳа, ки саҳари солеҳон мардум аз хонаҳояшон ба пода гусел мекарданд, аз дур шунида мешуду халос. На касе аз аҳли Водии хомӯшон ба ин садоҳо коре дошт, на касе ба гиряю лобаи Гулрафтор ҷавоб мегуфт…
-Маро бо гапҳои дурӯғ ба домат афтонда, дубора сиёҳбахт карданат кам набуд, ки боз пулҳои бо меҳнати зор ҷамъкардаамро дуздидӣ.
Гулрафтор оҳиста аз ҷояш бархосту бо як оҳанге, ки ба гӯши худаш ҳам бегона намуд, бо овози нимшунаво ба қабри бибиаш нигоҳ карда гуфт: «Чизе гуфтан намехоҳӣ? Ихтиёрат, ҳоло ба пешат мераваму дар ҳамон ҷо аз ту мепурсам. Дигар тобу тоқати хомӯшии ту ва азобу шиканҷаи ин дунёро надорам…». Ӯ бо қадамҳои қатъӣ ба сӯи дарвозаи қабристон равон шуд. Намедонист, ки як ҷуфт чашмони зирак аз паси девори қабристон рафторашро наззора мекунанд…
Гулнигин-ҳамсоядухтари Гулрафтор, ки чун ҳамаи духтарони деҳотӣ саҳар барвақт аз хоб мехест, ин субҳ дар хонаи Гулрафтор бедор шуда, чашмонашро кушоду ба ҷойгаҳи ӯ нигарист. Гулрафтор дар ҷои хобаш набуд. «Чаро шаби дароз апаи Гулрафтор нахобида гиря карданд? Агар ман он кас барин хушрӯй мешудам, фақат ханда мекардам. Саҳар кати он кас ба куҷо рафта бошанд? Як бинам чӣ»,- гӯён Гулнигин сабук аз ҷойгоҳаш бархоста, ба рӯи ҳавлӣ баромад. Ҳанӯз ба мобайни ҳавлӣ нарасида чашмаш ба тарафи тавораи боғ афтод, ки касе дар нимторикии субҳгоҳон аз байни хорҳои он берун мешуд. Ранги куртааш ба куртаи Гулрафтор монанд буд. Гулнигин ҳайрон шуд, ки чаро Гулрафтор аз он тарафи боғ берун рафт, чунки аз паси тавора дигар манзили зисти одамон набуд. Пас аз гузаштани як теппача қабристони деҳа буду халос. «Апаи Гулрафтор саҳар қати дар қабристон чӣ кор мекунад? Боз натарсад? Биё аз пасаш ман ҳам равам…». Духтарак чолокона ҳавлиро миёнбур карда, аз роҳи дигар аз ҳавлию боғи Гулрафторино берун шуд. Акнун ӯ медид, ки сӯроби пеш-пеш рафтаистода дар ҳақиқат Гулрафтор аст. Ҳар замон, ки ӯ ба пасаш менигарист Гулнигин худро дар паси ягон харсанг ва ё дарахту бутта пинҳон мекард. Ҳамин тавр онҳо пасу пеш ба қабристон расиданд. Гулрафтор ба дарун даромаду Гулнигин дар паси девор аз роғи байни ду санг ӯро наззоракунон нишаст. «Аҷиб, Гулрафтор ба сари кадом қабр омаданд? Э, ҳа қабри бибиашон. Бибиашонро сахт дӯст медоштанд ку…»,- нав дарк намуд ҳамсоядухтар ва интизори идомаи ҳодисаҳо дикак нишаста аз хунукии саҳаргоҳон худро дарҳам кашид. Гулрафтор зери лаб кимчиҳо мегуфту мегирист. Суханони ӯ то Гулнигин омада намерасиданд, вале духтарак аз наздик шудан ба ӯ ва баромадан аз пинҳонгоҳ метарсид, ки мабодо ғазаби Гулрафторро наорад. Ҳамин тавр Гулнигин тақрибан ним соат интизор шуд ва ана, Гулрафтор аз ҷояш хеста ба сӯи баромадгоҳи қабристон равон гашт. Гулнигин худро зуд ба паси харсанги калоне гирифт. Ҳамсоядухтари зебо бо чашмони варамида ду қадам дуртар аз ӯ гузашта рафт. Гулнигин ҳам пас аз лаҳзае аз паси Гулрафтор равона шудаистода, дар дил гуфт: «Вақти чойнӯшӣ мепурсам, ки дар ин саҳари барвақт дар қабристон ба бибиаш чӣ гуфт? Боз хафа нашавад…» Гулнигин намехост, ки «апаи зебояш» аз ӯ хафа шавад. Ғарқи чунин андешаҳо духтарак якбора дид, ки Гулрафтор на ба тарафи ҳавлии худашон, балки ба тарафи ҳавлии онҳо меравад. Гулнигин боз ҳам бештар ҳайрон шуда, азм кард, ки ӯро то охир наззора мекунад. Гулрафтор аз байни ду девори оғили ҳавлии худашон ва Гулнигинино гузашта ба саҳни нисбатан васеъи оғили говҳои ҳамсоя баромад. Ин оғил пушт ба ҳавлӣ буд ва аз пешаш девори баланди лоие дошт, ки онро аз кӯча ҳам панаҳ мекард. Гулрафтор ба саҳни ҳавлӣ даромадаистода, як лаҳза аз назари Гулнигин пинҳон шуд. Гулнигин аз тарафи кӯча ба ягона сӯрохие, ки чун тиреза барои равшанӣ даромадан ба оғил монда буданд, часпид. Қадаш андак пастӣ кард, вале вазнашро ба ду дасташ овезон карда бо азоб аз он сӯрохӣ ба оғил ва саҳни он чашм давонд. Гулрафтор баъд аз ворид шудан ба оғил ба ҳар тараф чашм давонда чизеро мекофт. Аз афташ чизи даркориро ёфт, ки хам шуда ба чунбуҷӯл сар кард. Ниҳоят қоматашро рост кард ва Гулнигин дар дасти ӯ чизеро дида, барқвор ба майнааш зад: «Ресмон!» Духтарак дарк кард, ки Гулрафтор дар дил нияти баде дорад. Дастонаш худ аз худ суст шуданд ва қариб буд, ки ба ақиб афтад. Ӯ дастони шахшудаашро молиш додаистода дар дил аз худ пурсид: «Чаро? Наход апаи Гулрафтор худашро куштанӣ бошад?! Чӣ кор кунам? Пеши роҳашро гирифтанӣ шавам, зӯрам ба ӯ мерасад? Не, беҳтараш рафта калонсолонро хабардор мекунам. Дер шавад, чӣ?» Ин лаҳзаҳо дар рӯ ба рӯи ӯ интихоби душворе меистод. Гулнигин ниҳоят ба хулосае омада на ба тарафи хонаи падари Гулрафтор ва на ба тарафи хонаи худашон, балки ба тарафи хонаи Муаллими калон, ки аз рӯи гуфтаҳо домодшавандаи Гулрафтор дар он ҷо будааст, давид…
…Гулрафтор бо кафи дасташ ресмонро ламс карда дид ва ба ду тараф ёзонда ба бақувватии он боварӣ ҳосил кард. «Наход 55-60 кило борро набардорад…»,- дар дил чену баркаш кард ӯ ва бори дигар пурқувватии онро санҷид. Духтар вазни худро тақрибан ҳамин қадар ҳисоб мекард. Баъд ба ҳар кунҷу канори оғил чашм давонда, барои зери пояш гузоштан зеркурсӣ мекофт. Чашмаш ба алафрезакуни кунҷи оғил афтоду ба назди он рафта дар нимторикӣ бо диққат ламс карда дид. Алафмайдакуни пояаш оҳанин (ҷоду) вазни одамро баҳузур бардошта метавонист ва онро бардошта ба миёнҷои оғил оварда монд. Акнун ба тоқи оғилхона нигоҳ карда, барои ресмон ҷои мувофиқ мекофт. Вассаҳои каҷу килеби оғилхона қариб, ки яксара аз чӯби борик буданд ва гумон буд, ки вазни инсонро бардоранд. Духтар каме фикр карду ҷодуро ба зери яке аз болорҳои мобайнӣ оварда, ба болояш баромад ва базӯр мувозинати худро нигоҳ дошта истода, як нӯги бандро бо зӯри даст аз байни вассаҳо ва болор гузаронида, бо дасти дигараш онро кашид ва ҳамин тавр, ресмонро дар он мустаҳкам кард. Дар овони бачагӣ ӯ ҳамроҳи дугонаҳояш банди арғунчакро дар шохи дарахти тути ҳавлиашон ҳамин тавр мебаст ва аз саҳар то бегоҳ, то он даме, ки атрофро торикӣ фаро намегирифт, дугонаҳо арғунчакбозӣ мекарданд. Инак, Гулрафтор охирин арғунчаки худро дар ин дунё баста истодааст… Ба он савор мешаваду ба пеши модаркалонаш меравад. Бигзор дар ин дунё ҳама паси сараш монанд. На ғами муҳаббати ноком, на ғами фарзанди овора ва на ғами ёру диёр дигар ба ӯ лозим нест. Хаста шуд. Аз гирудору нокомиҳо ба ҷон омад. Агар ҷисмаш аз фӯлоду сараш аз санг ҳам мешуд, ба ҳамаи ин тоқат карда наметавонист… Наход падару модаре, ки худро мусулмон мегӯянду медонанд, ки духтарашон шавҳари никоҳӣ дорад, ӯро маҷбуран боз ба шавҳар диҳанд? Наход ору номус то ҳамин дараҷа бошад, ки барои дар назди ҳамдиёрону ақрабои хеш шарманда нашудан зидди гуфтаҳои худованд амал кунанд? Агар онҳо чунин амалро нисбати фарзанди худ раво бинанд, пас худкушӣ кардани ӯ дар назди худо магар гуноҳ аст? Ин ҷо кӣ гуноҳи кабира мекунад, падаре, ки духтари шавҳардорашро ба шавҳар медиҳад ё духтаре, ки аз гуфтаи ӯ баромада, зидди гуфтаҳои худою пайғамбараш худкушӣ мекунад? Инро ба ҷуз худи Худованд касе қазоват карда наметавонад. Пас, ӯ меравад назди Офаридгор, то бубинад, ки кадоме гунаҳгортаранд. Дигар ӯро касе дар ин дунё халос ҳам карда наметавонаду кӯмак ҳам. Агар умраш боқӣ бошад, Замирро падараш калон мекунад ва рӯзе хоҳад донист, ки модараш на аз насаби ҳамтоёни падару бобояш, балки аз кишваре буд, ки дар дуриҳои дур воқеъ аст. Мабодо дар гӯшаи дилаш нисбати модар меҳре пайдо шавад, ба ин ҷо меояду қабрашро зиёрат мекунад. Шояд барои худкушӣ ӯро маломат кунад, аммо бояд фаҳмад, ки ин охирин илоҷи воқеа буд. Вагарна модари ӯ, ки дар умри кӯтоҳи худ ба ҷуз бо падари Замир бо касе наздикӣ накардааст, дар назди ваю дар назди падараш ва худои офаридааш шармандаю шармсор мегардид. Ҳатто дар биёбон, дар байни ғулҳои худобехабр ӯро худованд покиза нигоҳ дошт, аммо гардиши фалакро бин, ки имрӯз бо дастони падараш ӯро ба ҷаҳаннам равона карда истодаанд. Не, ӯ ин шармандагиро ба худ ва ба шавҳару писараш раво намебинад. Бигзор ӯро ҷаноза накунанд, аммо дигар дар ин дунёи буқаламун зистан намехоҳад…
…Гулрафтор бори дигар ҳалқаи сохтаашро кашида дид ва чӣ тавр давидани онро санҷид. Ресмони дастибофт бе ҳеҷ мушкилӣ рӯиҳам медавид ва маълум буд, ки агар ба болояш вазн ояд, дар чанд сония ба як ҳалқачаи хурд табдил меёбад ва… ва…ӯро аз ҳамаи мушкилоти ин дунё ба якборагӣ раҳо мекунад…
Дар кунҷи оғил гӯсолаи навзод, ки пас аз шикамсерӣ макидани пистони модар ва ба чаро рафтани ӯ баҳузур мехобид, сарашро бардошта бо овози маҳини худ маъос кард. «Не, ман дигар дар ин дунё на инсон ва на ҳайвонро гӯш мекунам. Ту охирин шоҳиди зиндагии ман дар ин дунё хоҳӣ буд…
…Гулрафтор ҳалқаи ресмонро аз болои мӯи қиррангаш гузаронида, ба гарданаш андохт. Рӯймоли якнимашудааш дар натиҷаи ин амал аз сараш ба фарши оғил афтод, пойҳояш дар болои кундаи ҷоду ларзидан гирифтанд. Хост, ки бо вазни пояш ҷодуро ба як тараф тела дода, зери пояшро холӣ кунад. Ин дам ба назараш дар даромадгоҳи оғил суроби касе пайдо шуд ва ин суроб бо лаҳни гуворои танҳо ба Салим хос оҳиста ва ҳайратзада «Гулрафтор…» гуфт. «Хайр… Зинда бошу Замирро хор накун. Агар аз ҷумлаи дӯзахиён нагардам, дар он дунё вомехӯрем…» Ҷоду ба як тараф афтид ва ҳалқаи ресмон гардани борики Гулрафторро сахт фишурд…
…Ӯ дар гулӯяш фишори ресмонро якбора эҳсос кард ва дарди сахт симои дар пеши назараш навпайдошудаи Салимро нопадид намуду ҳама чиз дар байни туман ғарқ шуд. Ҳис кард, ки чизе ӯро аз замин ба боло бардошт ва гулӯяш низ дигар дар зери фишори ресмон дард намекунад. «Ин қадар осон будааст, боз одамон аз марг метарсанд. Шояд маро акнун ин фариштаҳо ба осмон бурда истодаанд. Ба назди бибиҷонам…»
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)