Formula novemver 2024
Талоқ дар зери чодари арӯсӣ
14974

 

Элак баҳонаю дидор ғанимат

Илҳому Нозанин дар як донишгоҳ мехонданд. Илҳом дар факултаи забонҳои хориҷиву Нозанин дар факултаи забон ва адабиёти тоҷик. Ҳангоми дар курси севум хонданашон ҳар ду дар як конфронси илмии донишгоҳ баромад намуда, таҳсину офарини устодонро сазовор гаштанд. Илҳом Нозанинро дар ҳамон конфронс дида бо як нигоҳ ба ӯ дил баст. Минбаъд вай бо ҳар баҳона ба назди Нозанин рафта хуморашро мешикаст. Рӯзе Нозанинро набинад, чизеро гум кардагӣ барин ба худ ҷой намеёфт. Риштаи муҳаббати ин ду ҷавон рӯз то рӯз мустаҳкамтар мешуд. Акнун Нозанин ҳам бе Илҳом зиста наметавонист.

Арӯси шаҳрӣ

Пас аз хатми донишгоҳ Илҳом ба хонаи падару модари Нозанин, ки дар пойтахт зиндагӣ мекарданд, хостгор фиристод. Баробари аз дарвозаи қудошаванда даромадан падару модари омӯзгори Илҳом, ки зиндагии бисёр хоксорона доштанд, эҳсос намуданд, ки волидони келини ояндаашон бою бадавлатанд. Падару модари Нозанин ба тиҷорати калон машғул буданд ва хонаю дар, ҳатто либоспӯшияшон ҳам замонавӣ буд. Онҳо мағозаю корхонаҳои калон доштанд ва назарашон касеро намегирифт. Онҳо ҳеҷ гоҳ бо ким-кадом муаллиму муаллимаи қишлоқӣ қудо шуданро орзу накарда буданд, вале Нозанин аз муҳаббаташ ба ин ҷавони ба қавли худаш ояндадор ҳарф зада, падару модарашро маҷбур намуд, ки волидони Илҳомро бо иззату икром пешвоз бигиранд. Волидони Нозанин дигар илоҷ надоштанд, дилашон нахоҳад ҳам, ночор ба дӯстдоштааш Илҳом ноншиканон карданд.

Ташнаи васл

Рӯзи тӯйро ҳам муайяну таъйин карданд. Ҷавонон, ки ин рӯзро дер боз интизор буданд, ҳарчи тезтар барпо гардидани тӯяшонро мехостанд. Ниҳоят он рӯзи деринтизор низ фаро расид. Падару модари Нозанин тӯйхонаи беҳтаринро интихоб карда даъватномаҳоро ба меҳмонони олиқадр фиристоданд. Як рӯз пеш аз тӯй ҷавонон барои аз қайди никоҳ гузаштан ба идораи ЗАГС рафтанд. Раҳораҳ Илҳом аз арӯсаш хоҳиш кард, ки рӯймоли сатрии арӯсӣ пӯшад. Барои Нозанин бошад фарқ надошт, ки бо кадом сару либос ба сари тахти арӯсӣ мебарояд, ҳарчи Илҳом мехост, онро қабул дошт. Илҳом бо ҳазор орзую ҳавас барои арӯсаш фатаи сатрӣ харида дод ва таъкид намуд, ки пагоҳ ӯро бо ҳамин либос дидан мехоҳад. Нозанин бо табассум домодро гусел намуд, вале…


Касе интизор набуд, ки дубора ба по мехезад. Шумо гӯё ба вай умри дубора бахшидед” гуфта, духтур ба ман изҳори миннатдорӣ намуд.

 


Модари бахтсӯз

Нозанин, ки дар оилаи одамони замонавӣ ба воя расида буд ва сатр ба назари волидонаш бад менамуд, «Домод гуфтан мегирад. Вақте ки ба хонаи онҳо рафтӣ, баъд чӣ ки хоҳанд, ҳамонро кардан гир. Ҳоло ту духтари мо ва дар хонаи мо ҳастӣ, ман мехоҳам, ки духтарам бо либосҳои зебову замонавӣ ба хонаи ақди никоҳ равад» гӯён, модараш куртаи сафеди бе остинро ба Нозанин дароз кард. Духтарак ҳарчанд кӯшиш кард, фаҳмонад, ки амри шавҳар воҷиб аст, модараш ду пойро дар як мӯза андохта «Ин куртаи зеборо пӯш, тӯйи арӯсӣ дар ҳаёти кас як бор мешавад, арӯс бояд мисли парӣ бошад» мегуфт.

Шикасти шишаи бахт

Садои карнаю сурнай аз омадани домод дарак доду дили Нозанин сахт-сахт ба задан даромад. Домод дар даст гулдаста бо чеҳраи мисли гул шукуфон ба хонае, ки арӯсаш Нозанин дар он ҷо ӯро интизор буд, даромад. Нозанинро дар либосҳои арӯсии аврупоӣ дида, якбора табъаш хира шуд. Аз ин мебарояд, ки либосҳои овардаи ӯро писанд накардаанд. Нозанинаш, ки аз гапаш намебаромад, дар чунин рӯзи мурод гуфтаи ӯро накардааст. Илҳом худро ким чӣ хел таҳқиршуда эҳсос намуд ва гулдастаи дасташро, ки барои Нозанинаш оварда буд, бо ғазаб ба замин партофта, дод зад:

-Се талоқат кардам! Арӯсе, ки гапи маро ду мекунад, ба ман лозим нест!

Домод бо ғазаб дарро зада баромада рафт. Нозанин бо чашмони ашкбор ба модараш менигаристу модари ҳайратзада чӣ тавр ба рӯйи ҳаққу ҳамсоя ва меҳмонони бешумор нигаристанашро намедонист.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
Шахло 2019-10-01, 18:15
Рузномаи оила хар Чи хохад менависад. Пеш аз навишиан якбор фикр кунанд. Чихел холо никох нпшуда
Посух
Садри Аъзам Шахло 2019-10-04, 00:01
Никох як ё ду руз пештар карда мешавад
Посух
Gugoowa 2019-10-01, 18:23
Давомаш нест?
Посух
Ҳотамӣ 2019-10-01, 21:37
Ин хел модарҳои аҳмақ зиёданд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(5)
Шахло 2019-10-01, 18:15
Рузномаи оила хар Чи хохад менависад. Пеш аз навишиан якбор фикр кунанд. Чихел холо никох нпшуда
Посух
Садри Аъзам Шахло 2019-10-04, 00:01
Никох як ё ду руз пештар карда мешавад
Посух
Gugoowa 2019-10-01, 18:23
Давомаш нест?
Посух
Ҳотамӣ 2019-10-01, 21:37
Ин хел модарҳои аҳмақ зиёданд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД