Иқбол Тешаев, як нафар журналисти тоҷик дар саҳифаи Фейсбукиаш аз рӯйдоди хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ намудааст.
Ба қавли ин хабарнигори маҳалии тоҷик, рӯзи 22-юми июл байни сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи Тоҷикистон муноқишаи хунин ба вуҷуд омадааст. Тешаев мегӯяд, сабаби моҷаро насби парчами давлатии Тоҷикистон дар роҳ дар симчӯби ҳудуди ҷамоати Ворух будааст. Сокинони деҳаи Оксойи Қирғизистон ба корҳои ободонӣ дар ин минтақа монеъ гашта, мехостанд таҳти ҳимояи мақомоти қудратиашон парчами кишвари худ ва навиштаҷоти “Оқсой”-ро дар ин симчӯб, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад, насб созанд. Ҳамин тавр байни тоҷикону қирғизҳо дар марзи ду кишвар муноқишаи лафзӣ оғоз ёфта, баъдан он ба моҷарои хунин мепечад. Қирғизҳо дар рафти ин муноқиша ҷониби тоҷикон сангпартоӣ мекунанд ва ба ин ҳам қонеъ нагашта, аз яроқи оташфишон ба сӯйи одамони бесилоҳ тир мекушоянд. Задухӯрди ду халқи ҳамсоя бо талафоти ҷонӣ анҷом ёфта, Ҷалол Қараев, омӯзгори 52-солаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и Исфара ба ҳалокат расид. Чаҳор нафар сокинони дигари Ворух- Тешаев Маҳлуб, соли таваллудаш 1976, Шомирсаидов Расул соли таваллудаш 1977, Бобомаллаев Аминҷон, соли таваллудаш 1977 ва Ҷураев Абдумубин маҷрӯҳ гашта, дар бахши ҷарроҳии беморхонаи деҳаи Ворух бистарӣ карда шудаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар аз бегоҳирӯзии 22-июл то ҳол дар марз қарор қарор дошта, баҳри ба эътидол овардани вазъият дар марз бо ҳамтоёни қирғизи худ гуфтушунидҳо анҷом дода истодаанд. Роҳи самти Исмфара-Ворух аз соати 17-00-и рӯзи 22 июл баста аст. Қирғизҳо ҳатто ба мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”, ки мебоист маҷрӯҳонро аз беморхонаи деҳаи Ворух ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол диҳанд, иҷозати гузаштан надодаанд.
Ба вуқуъ омадани чунин рӯйдоди хунин дар арафаи вохӯрии сарони ду кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз мухолифи тинҷиву оромӣ дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон ҳастанд ва мехоҳанд байни тоҷикону қирзиғҳо иғво ангехта, ду халқро бо ҳам ҷанг андозанд.