Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми40)
10.01.2020
А. Ҳоҷӣ
3400

(Идомааш)
Деҳаи Бедистон дар дараи хушманзарае ҷойгир аст ва дар чор фасли сол касро мафтуни зебоии худ мегардонад. Ин деҳа ҳамагӣ 60-70 километр аз Душанбе дурӣ дорад, вале дар фасли зимистону баҳор роҳаш душворгузар аст, вагарна ба қавли сокинони маҳаллӣ мардуми зебоидӯст деҳаи онҳоро ба Маккаи зебоӣ табдил медоданд. Аҷибаш он ки аксари сокинони Бедистон новобаста ба ноободии роҳҳо майли ба дигар ҷо рафтану зиндагӣ кардан надоранд. Аҳён- аҳён касе аз сокинони ин деҳа дар шаҳрҳои бузург муқимӣ мешавад. Онҳое ҳам, ки дар шаҳрҳои калон таҳсил менамоянд, ҳатман ба деҳаи худ баргашта, дар ҳамон ҷо ба кор мепардозанд. Агар кори ба касбашон мувофиқ наёбанд, касбашонро иваз менамоянд, аммо деҳаро тарк кардан намехоҳанд. «Бедистони мо мисли модарест, ки фарзандонашро аз худаш дур шудан намемонад»,- мегуфт дар маъракаҳои деҳа нишаста директори мактаб Шеров ва ба ҷавонон насиҳат медод: «Равед, хонеду дар ҳамон ҷойҳо кор ёбед. Номи деҳаамонро бардоред. То кай домони модарро гирифта мешинед?» Ҳама ин шахси мӯътабарро бо табассум гӯш мекарданд ва баъд…боз кори худашонро идома медоданду пас аз хатми таҳсил ба деҳа бармегаштанд... Ҳеҷ кас шаҳрӣ шудан намехост. Аммо Шеров ҳеҷ аз насиҳатҳои худ даст кашиданӣ набуд. Мегуфту мегуфт. Дар мактаб мегуфт, дар маҷлисҳо мегуфт, дар тӯю азо ҳам мегуфт ва баъд ба таври худ мисол меовард: «Ана ҳамин инженери барқ-акаи Содиқро гирем. Дар шаҳр наистод. Дар Норак ба ким- кадом кори роҳбарӣ таъйин карданд, аммо ӯ нарафт. Чӣ фоида? Бинед танҳо як барқчии оддӣ шуда монд. Касе номашро намегирад, ба умеди ду-се гову гӯсолааш ва чанд сум моҳонаи барқчигӣ аз ҳама чиз монд. Эҳ, агар ӯ мерафт…». «Барои чӣ номашро намегиранд, ҳамин ки барқи мардум хомӯш шуд, аввал ӯро ёд мекунанд-ку…»,- шӯхиомез мегуфтанд ҷавонони бедистонӣ. Кампирҳои деҳа бошанд, ба тақвияти ин суханон илова мекарданд: «Хоҳарарӯсаш Садафмоҳ ба шаҳр рафта чӣ шуд? Мегӯянд, ки зиндагиашро базӯр нӯг ба нӯг мекардааст. Боз ба умеди ӯ шуда, Содиқи бечора ҳам гул барин духтарашро ба шаҳр, ба хонаи ӯ бурда монду рӯзаш сиёҳ шуд. Қариб се сол мешавад, ки аз Гулрафтори ӯ на пай ҳасту на Ҳайдар. Кӣ медонад, бечораро дар куҷо куштанд ва ё ба ягон балои дигар гирифтор карданд, ки хату хабараш нест. Содиқ ба чор тараф мурғи посӯхта барин давид, на милиса монду на ҷои дигар, лекин аз духтараш то ҳол ягон хабар нест. Мегӯянд, ки аз имтиҳон нагузашта, аз шарм ба кадом шаҳри дигар гурехта рафтааст. Ким кадом занак омада ба холааш ҳамин хел гуфтааст. Боз гуфтааст, ки ким кадом ҷавони хуҷандӣ ё кӯлобиро хуш кардаасту бо ҳамон гурехта рафтааст. Ана оқибати шаҳрравӣ…»

Пас аз нопадид гардидани Гулрафтор ин гуна гапу калочаҳо дар байни марду занони Бедистон хеле зиёд буданд ва дигар ягон падару модар духтари худро пас аз хатми мактаб ба ҳеҷ куҷо нафиристод. Дӯғу даранги роҳбарони маҳаллӣ ва насиҳатҳои директору муаллимон ҳам ягон натиҷа намедод. Муаллимони мактаб ҳам дар мактабу маъракаҳо ҷонибдории худро аз хондани духтарон мегуфтанду агар дар бораи фарзандони худашон гап кушоянд, бо баҳонае гапро ба дигар тараф мебурданд…

 

                                                 ***

Самеъҷон намедонист, ки иҷрои супориши Шайхи Тиллоиро аз куҷо оғоз кунад. Ин ҷавони боақл чи тавр аз деҳа баромада рафтану чӣ тавр ба доми фиреб афтодани Гулрафторро бо ҷузъиёташ аз худи ӯ фаҳмида буду мехост коре кунад, ки ба иззати нафси касе нарасад. Ӯ бо фаросат дарёфт, ки барои ин пеш аз ҳама шахсеро пайдо намуданаш даркор аст, ки дар байни мардуми деҳа обрӯю эътибор дошта бошад. Бо мардуми деҳаҳои ҳамсоя ҳамсӯҳбат шуда фаҳмид, ки сокинони Бедистон аз ҳама бештар на муллои деҳа (чӣ тавре, ки дар аксари деҳаҳои тоҷикон маъмул аст) балки муаллими кӯҳансол, директори мактабашон Шеровро ҳурмат мекунанд ва ба гапи ӯ гӯш медиҳанд. Самеъҷон бе дудилагӣ ба ронандааш амр кард, ки ба Бедистон, ба хонаи муаллим Шеров равон шавад. Раҳораҳ ӯ аз манзараҳои зебои ин деҳа лаззат бурда «Ин деҳа ҳам мисли ватани бобоии ман зебо будааст. Шояд аз он ҳам зеботар бошад…Албатта, дар чунин биҳишт ҳуроне мисли Гулрафтор ба дунё меоянд- дия…»,- гӯён худ ба худ андеша ронда, ба гурӯҳи духтарони синну соли гуногун, ки дар даст сатилҳои пуроб аз соҳили дарёчаи деҳа ба боло мебаромаданд, менигарист. Духтаракон, ки дар зебогӣ аз ҳамдигар камӣ надоштанд, машғули шӯхиҳои духтаронаи худ ба мошини «РАВ-4»-и ҳарҷогард, ки дар паҳлӯяшон омада истод, эътибор намедоданд.

-Хонаи муаллим Шеров дар куҷост?- сарашро аз тирезаи мошин бароварда пурсид Самеъҷон.

Духтарон ба ҷавони бегона нигариста, ҳар кадом кӯшиш мекарданд, ки дар паси ҳамдигар худро панаҳ кунанд. «То кадом андоза табиати ин ҷо, мардуми ин ҷо назокати ирсии худро нигоҳ доштаанд!» - ҳайрон шуд Самеъҷон. «Не, инҳо ваҳшӣ не, баръакс аз мо дида боақлтаранду пешрафтатар. Расми худро нигоҳ доштаанд ва бо марди бегона боэҳтиёт муомила мекунанд…» Ҳамин вақт як духтараки шӯхчашми зебоандоми тақрибан 14-15 сола аз байни дугонаҳояш пештар баромада гуфт:

-Аз ҳамин роҳ рафтан гиред, аз пешатон дарвозаи кабуд мебарояд. Ана ҳамон хонаи муаллим…

-Дар пеши дарвоза як гӯсолаи сурх бастагӣ…,- илова намуд духтараки аз ӯ хурдсолтаре

-Не, гӯсоларо холаи Марям кушода ба куҷое бурданд,- сухани ӯро рад намуд сеюмӣ.

-Шумо аз паси гӯсола наравед, ки ба кӯҳ мебарад, беҳтараш дарвозаро суроғ кунед,- инро духтари калоне, ки аз ҳама қафо меистоду чашмонаш мисли осмон каб-кабуд буданд, ба забон овард. Дугонаҳояш ҳама хандиданд. Самеъҷон мисли он, ки хиҷолат кашида бошад, бо овози паст «раҳмат» гуфту дари мошинро пӯшид…  

Аз паси дарвозаи муаллим пас аз садо додани занҷири он аввал овози саг баромад. «Ба фикрам хирс барин…»,- аз рӯи садо баҳо дод Самеъҷон ва кӯшиши тела додани дарвозаро накард.

-Марҳамат, дароед! Наход хислати Полвонро надонед, ин саг боақл аст, аз рӯи вазифа як бор аккос мезанаду боз сарашро ба замин мемонад,-аз дарун овози марде баромад. Самеъҷон дарвозаро нимроғ карду дар зери дарахти тути рӯи ҳавлӣ кати калонеро дид, ки рӯяш марди тақрибан 60-65 солае дар болишт якпаҳлӯ зада буд. Мард баробари дидани одами ношинос мисли ҷавонон зуд аз ҷояш хеста аз кат фаромад ва роҳравон гуфт:

-Мебахшед, ман гумон кардам, ки ягон ҳамсоя ё ҳамдеҳаамон бошад. Онҳо одати Полвонро медонанд ва барои ҳамин ҳам беистиҳола даромада омадан мегиранд. Узр, ки пешвозатон набаромадам. Марҳамат, биёеду аз болои кат гузаред. Ҳой очаи бачаҳо, ба ин ҷо кӯрпачаи тозаю як коса ҷурғот биёр, ки меҳмон аз шаҳр омадагӣ барин…


Дар ин рӯзи фараҳбахш ин ду сарояндаи номдор риштаи тақдири фарзандонашонро ба ҳам пайваста, қудо шуданд.

 


«Очаи бачаҳо» пас аз фурсати кӯтоҳе дар даст як кӯрпачаи нав аз хона баромадаистода аввал бо меҳмон саломи кӯтоҳе карду баъд ба шавҳараш нигариста гуфт:

-Ин кас аз гармӣ ба сардӣ омаданд. Бояд аввал як ду пиёла чои кабуд нӯшанд. Даррав нӯшидани ҷурғоти сард зарар дорад.

-Эътирозатон қабул,- шӯхиомез ба занаш нигариста гуфт муаллим ва илова кард:-Ҳардуяшро ҳам биёр, интихоб аз худи меҳмон…

«Инро бинед, мардуми мо кию чи будани касро напурсида, даррав тайёранд худро дар хизмати меҳмон қарор диҳанд. Агар инро дар Аврупо ба касе гӯӣ, бовар намекунад…»

Шеров вақте фаҳмид, ки дар паси дарвоза ронандаи Самеъҷон истодааст, худаш ба он ҷо рафта ба ҷону ҳолаш намонда ӯро ҳам ба болои кат оварда шинонду бо шӯхӣ гуфт:

-Пештар мегуфтаанд, ки «меҳмон атои худою хараш балои худо». Ҳоло бошад хараш ҳам безарар аст, зеро на ҷаву алаф мехураду на касеро ташвиш медиҳад. Ҳамин мошинро мегӯям- дия…

Шеров бе он, ки сабаби ташрифи меҳмононро пурсад, аз ину он, нарху навои шаҳру деҳа, боришу беборишӣ ҳарф мезад ва дар ин байн нақлҳои аҷибе мекард. Вай боре ҳам намепурсид, ки сабаби ташрифи меҳмонон ба хонаи ӯ дар чист. Занаш аз дар баромада хабар дод, ки ош ҳам қариб тайёр шудааст. «Агар ҳамин тавр шиштан гирем, як ҳафта гузарад ҳам ин мардак аз мо чизе намепурсад»,- хулоса кард Самеъҷон ва вақте нақли навбатии муаллим ба охир расид, ба ӯ фурсат надода бо эҳтиром гуфт:

-Муаллими мӯҳтарам, мо назди шумо бо як хоҳиш омадем, зеро ба ман гуфтанд, ки шуморо дар ин деҳа хеле эҳтиром мекунанд…

-Шукр, мардум ҳурмат мекунанд. Насли аз миёнсол поини деҳа аксаран шогирдони худаманд ва падару бобояшонро ҳам хуб медонам. Агар аз дастам коре ояд, ҳатман кӯмакатон мекунам…

-Шахси ниҳоят баландмартабае маро наздатон фиристод, ки бо шумо   як чизро маслиҳат кунам. Ман бояд аввал худамро шинос мекардам, аммо меҳмондории шумо имкон надод, ки ин корро кунам…

-Аз лафзатон ҳамин қадар фаҳмидам, ки аз мардуми шимоли кишварамон ҳастед…

-Бале, аммо ҳоло ба як ҳисоб аврупоиям. Муҳассили донишгоҳи Кембриҷ.

-Баробари шунидани номи ин донишгоҳи машҳури дунё муаллим Шеров бо ҳайрат ба ҷавон нигаристу интизори давоми сухани ӯ шуд…

-Ман ба хотири як шогирд ва ҳамдеҳаи шумо Гулрафтор ба деҳаатон омадаам…

-Чӣ, Гулрафтори духтари Содиқ? Набераи кампири Гулсифат?

-Бале…


Ҷавонмарди говҷигари ӯзбек аз сарвари кишвараш хоҳиш намудааст, ки барои бо қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов муҳориба оростанаш мусоидат намояд.


Субҳи соҳили Сир аҷаб таровате дорад. Рӯз аз самте, ки дарё аз он ҷо ҷорӣ мешавад, сар мешавад. Аввал гӯшаи осмон сафед шуда ранги мавҷҳои дарё ҳам дигар шудан мегиранд. Гӯё субҳ аз осмон ба болои ин амвоҷ ранги рӯзро мерезад ва ҳамин тавр дарё ин ранг ва ҳамроҳи он паёми субҳро ба кишварҳои дигар мебарад.

Мӯйсафеде асозанон аз масҷид баромада, пас аз адои намози бомдод ба хонааш равон аст. Ӯ ба тарафи Гулрафтор ҳатто нимнигоҳ ҳам намекунад. Замоне, ки ӯ ба духтарон нигоҳ мекард, кайҳо гузашта рафт, акнун нигоҳи ӯ ба тарафи дигар аст. Тоат мекунад, ки Худованд гуноҳҳои дар рӯи ин замини пургуноҳ кардаашро бахшаду дар паси пардаи ондунёӣ, ки касе то ҳол дар он ҷо чӣ буданашро намедонад, бе азоб рӯзи қиёматро интизор шавад. Шояд ҳоло ӯ ба назди кампираш мераваду ҳамроҳи наберагонаш дар атрофи як дастурхон субҳона мехӯрад ва баъд аз гузашти умраш, ки дар соҳили ин дарёи бузург гузаштааст, қисса мекунад…

Зани кӯчарӯб пас аз адои вазифааш ҷорӯби дарозро сари китфаш гирифта, бо гӯшаи либоси норинҷии расмӣ биниашро тозакунон каҷ- каҷ ба духтари зебои субҳи солеҳон ҷониби соҳил равон нигарист. Шояд гумон мекунад, ки ин духтар аз шавҳар ё хушдоманаш ранҷида, худро ба дарё партофта ғарқ карданист. Ва ё ҳанӯз шавҳар надораду ошиқаш ба ӯ хонадор шуданӣ нест, барои ҳамин тарки ин дунё кардан мехоҳад. Аз ин тахминҳои худ Гулрафтор зери лаб табассум карда, аз дил гузаронд: «Хато мекунед, холаи меҳрубон. Ман нав дар ин дунё дубора зинда шуда истодааму шумо бошед, гумони марги маро доред… Хато мекунед, холаҷон…» Аммо «холаҷон», ки аз замири Гулрафтор огоҳӣ надошт, суръати гашти худро суст карда, боз ду се бор аз паси духтар нигоҳ карду баъд ба роҳи худ равон шуд. Ҳанӯз ба тангкӯчае, ки манзилаш он ҷо буд, нагашта аз пеши роҳаш милисаи шинос-писари ҳамсояашон Оллоҳбердӣ баромада монд, ки дар паҳлӯяш Гулрафтору Саида иҷора менишастанд. Гулрафтор бо гӯшаи чашм медид, ки зани кӯчарӯб ба тарафи ӯ ишора карда ба милиса чизе гуфт. Милиса пас аз ин тез- тез қадам монда ба тарафи Гулрафтор омад. Ба ӯ баробар шуду дид, ки ӯ ҳамон духтари зебоандоми шиносест, ки дар ҳамсоягиашон ҳамроҳи дугонааш иҷора мешинад.  

-Салом. Дар ин саҳари барвақт дар лаби дарё чӣ кор мекунед?

Гулрафтор табассум кард. Милиса дигар ба рӯи вай нигоҳ карда натавониста сарашро хам кард…

-Ҳамсоя, ман ҳар саҳар ин ҷо меоям. Ба он холаам гӯед, ки хавотир нашаванд, ман ҳаргиз ҳаром мурданӣ нестам…

-Узр, ҳамсоя, ки шуморо ташвиш додам. Охир ҳозир худкушҳо ниҳоят зиёд шудаанд. Он кас хавотир шудаанд, ки шумо ҳам…

-Агар ба сари ман чархи осиёбро гардон кунанд ҳам, чунин ният намекунам. Хосса, вақте, ки худро хушбахт ҳис мекунам…

Ҷавон боз як бори дигар узр гуфта ба қафо баргашт. Гулрафтор ҳеҷ гумон надошт, ки пас аз чанд рӯзи дигар ин гуфтаҳояшро фаромӯш мекунаду бо дастони худаш ҳалқаи дорро ба гарданаш меандозад…

   Самеъҷон дирӯз шабона аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз карда бошад ҳам, нахост дар бевақтӣ духтаронро ташвиш диҳад. Вай субҳи барвақт сӯи манзили онҳо раҳсипор шуд. Занги дари хонаро пахш карда интизор шуд, аммо касе ҷавоб надод. Дубора зангро пахш кард, боз ҳам садое аз хона набаромад. Бо даст дарро каме тела дода буд, ки дар беовоз нимроғ шуд. Пой ба дарун ниҳоду аз дил гузаронд: «Ин духтарон ба куҷое баромада, қулф кардани дарро фаромӯш кардаанд…» Пас аз ворид шудан ба коридори танг ҷавон дид, ки дари хонаи хоб ҳам нимакушода аст. Беовоз пой ниҳода, аз роғи дар ба дарун нигоҳ кард. Аз ду кати хоб, ки дар утоқ гузошта шуда буд, яке холӣ буд. Аммо дар дигараш суроби одами хобида ба назар мерасид. Вақте, ки чашми ҷавон ба торикӣ одат кард, дид, ки дар болои кат зане бо либоси шабпӯшӣ бо шикам хобидааст. Домони куртаи шабпӯшиаш боло рафта, ронҳои дилкашу зебои зан «мана ман» гӯён Самеъҷонро лол намуданд. Ба хотираш асарҳои бузурги давраи эҳёи мусаввирони итолиёӣ расид, ки зебоии занро ба ҳар тарз тасвир намуда буданд. «Не, шумо хато мекунед, ҷаноби Леонардо,-хаёлан бо рассоми машҳур дар баҳс шуд Самеъҷон,-зеботарин занҳо на дар Ғарб, балки дар Шарқанд ва шояд онҳое, ки ба шумо ҳамчун натура хизмат кардаанд, шарқиён буданд…».

Дар пеши назари ӯ на сурат, балки манзараи зиндае ҷилвагар буд, ки ҳар марди порсою худотарсро ҳам аз худ бехуд карда метавонист. Ҷавон чанд лаҳза ба ин манзараи зебо нигоҳ карда истоду баъд якбора ба худ омада фикр кард, ки агар ҳоло зан бедор шавад, дар чӣ ҳолат монданаш мумкин. Оҳиста ба қафо баргашту аз дар баромад ва аз паси он истода садо баровард:

-Эй, дар хона касе ҳаст?

Саидаи сахтхоб танҳо пас аз ду се бор овоз баланд кардани Самеъҷон бедор шуда, ба ҷойгаҳи Гулрафтор нигаристу дид, ки дугонааш дар ҷойгаҳ нест. Аз ҷояш «ҳозир» гӯён садо доду болопӯши дар паҳлӯяш бударо гирифта ба тан кашид ва мӯи парешонашро дар назди оина ба тартиб дароварда сӯи дар рафт.

-Э, Самеъҷон ку? Дароед…

-Не, ба ман Гулрафтор лозим. Ҳарчи зудтар…

-Ӯ мисли ҳарвақта маро дар хоб гузошта, ба болои ин дарро боз монда ба ҳамон соҳили дарё рафтагист. Ин одати доимии Гулрафтор ку! Мабодо шумо ба хона надаромада будед?- бо хавотир пурсид духтар.

-Не,-то гӯшҳояш сурх шуд Самеъҷон,- ман аз ҳамин ҷо истода садо баровардам.

«Хайрият, даромаданамро нафаҳмид»,- аз дил гузаронд ҷавон, аммо Саидаи зирак дарк карда буд, ки ӯ дурӯғ мегуяд, вале инро изҳор накарда пурсид:

-Чаро ин қадар саросема?

-Ҳамон маслиҳатамон. Шайх дар Тоҷикистон… Алҳол дар Душанбе. Акнун як илоҷ карда Гулрафторро бурдан даркор…

-Ба куҷо?

-Ба куҷо мешуд, ба деҳаашон дия. Ман дар бораи нақшаи Шайх ба ту гуфта будам ку…

-Узр, аз хоб навакак хестам, фикрҳоям ҳанӯз ҷо ба ҷо нашудаанд. Гуфта будед, лекин ин сирро аз Гулрафтор пинҳон кардан душвор. Хайр ман то охир бо шумо. Гулрафторро бошад аз соҳил меёбед…

Самеъҷон дигар чизе напурсида, ба сӯи соҳил равон шуд. Ӯ ҷои дӯстдоштаи Гулрафторро медонист.

Баробари дидани Самеъҷон Гулрафтор аз ҷояш давида хесту ба ӯ ҳуҷум кард:

-Ту куҷо рафтӣ?- аз шиддати ҳаяҷон ҳатто одоби мардуми шимолро, ки вақтҳои охир ба он одат карда буда, фаромӯш карда ба «ту-ту» гузашт духтар,- Як бор имкон додӣ, ки бо шавҳарам гап занаму бо ҳамин гум шудӣ. Ақалан телефонашро надода рафтӣ…

-Узр мехоҳам, хонум Гулрафтор. Ман бо як кори ниҳоят зарур чандрӯза ба Душанбе рафта будам. Дар он ҷо фаҳмидам, ки то ҳуҷҷатҳоятон пурра барқарор карда нашаванд, шуморо барои сафари хориҷа иҷозат намедиҳанд. Боз чанд кори дигари расмиро ҳам ба ҷо овардан даркор будааст…

-Барои ин чӣ кор кардан лозим?

-Барои ин аввал ба Бедистон рафтан даркор…

-Хайр равед. Агар занг занед, шавҳарам барои ин ба шумо маблағ медиҳад. Ман зудтар писарамро дидан мехоҳам…

-Афсӯс, ки бе шумо имкон надорад. Ба он ҷо ман не, шумо рафтанатон лозим…

-Чӣ? Ман ба Бедистон, ба деҳаамон равам? Ҳеҷ гоҳ! Ман бо кадом рӯй ба он ҷо меравам? Мегӯям, ки маро мактаб бурдеду акнун чун фоҳишаи кишвари арабӣ баргаштам?! Кӣ ба афсонаҳои ман бовар мекунад? Не, ҳеҷ гоҳ ба он деҳа барнамегардам. Дилам мехоҳад, ки дар сари қабри модаркалонам шинаму ба ӯ ҳамаи қиссаҳоямро гӯям. Гӯяму гиряму диламро холӣ кунам, вале ин имкон надорад. Он ҷо падару модарам, хешу ақрабоям ва ҳамсинфону дугонаҳоям ҳастанд, ки шояд акнун номи маро ҳам шунидан нахоҳанд…

-Хонум Гулрафтор, бояд гӯям, ки роҳи ягонаи шумо ба сӯи шавҳару писаратон танҳо аз Бедистон мегузарад. Агар хоҳед, ки ба дидори онҳо мушарраф шавед, маҷбур ҳастед, ки ба Бедистон равед. Роҳи дуюм вуҷуд надорад…Инро шавҳаратон ҳам таъкид мекунанд…

Гулрафтор мисли кабки кӯҳистон, ки ҳамин ҳоло ба сараш бозе ҳуҷум оварда бошад, худро ғунча карда, дар як лаби курсии дароз амонат нишаст. Самеъҷон ҳам ба гӯшаи дигари харак нишаста, интизори лаб ба сухан кушодани ҳамсӯҳбаташ шуд. Дар ин лаҳзаҳо дар майнаи Гулрафтор гӯё тӯфони Нӯҳ ҳукмфармо буд. Ӯ дар дуроҳаи интихоб қарор дошт ё беобрӯиро дар байни мардуме, ки он ҷо ба воя расидааст, бешарафиро дар назди падару модар ва бадномиро дар назди дугонаҳои даврони баччагиаш ба гардан мегираду ба дидори писару шавҳараш муяссар мешавад ва ё ба тақдири талхаш тан медиҳаду дар байни ин мардум зиндагии гумноми худро идома медиҳад. Пас аз хеле андеша ӯ сарашро аз байни шонаҳои дар байни ин чанд лаҳза гӯё харобшудааш боло карду гуфт:

-Майлаш, ман розӣ, кай сафар мекунем?

Аз зери пардаи тумани ашк Гулрафтор ба дарахтони ду тарафи роҳ менигарист, вале чизеро дида наметавонист. Аллакай як соат боз онҳо   савори такси аз фурӯдгоҳи Душанбе ба тарафи Бедистон ҳаракат мекарданд.

-Самеъҷон, магар намешавад, ки маро дар шаҳр монеду худатон барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳоям ба Бедистон равед?-ин саволро духтар аллакай чанд маротиба ба ҷавон дода буд.

-Ман ба шумо гуфта будам ку, ба деҳаи Шумо рафтам, ҳамроҳи раиси деҳаатон, директори мактабатон ва шӯъбаи шиносномадиҳӣ сӯҳбат кардам. Онҳо мегӯянд, ки худи ҳамон одаме, ки ҳуҷҷатҳоро гум кардааст, ҳозир буданаш зарур. Зеро бе имзои шахс ва бе ҳузур доштани худаш онҳо коре карда наметавонанд. Барои ҳамин ман шуморо бояд мувофиқи супориши шавҳаратон ба он ҷо бурда, ҳуҷҷатҳоятонро барқарор намоям…

Самеъҷон ба дурӯғгӯӣ одат накарда буд, бинобар ин худ аз худ сурх шуду рӯяшро ба тарафи тирезаи мошин гардонд. Дарахтони ар-ару сафедори ду тарафи роҳ мисли аскарон қатор-қатор мегузаштанд. Аз тамоми гуфтаҳояш танҳо «мувофиқи супориши шавҳаратон ман шуморо бурда истодам»,- дуруст буду халос…

-Ман ба хонаамон рафта чӣ мегӯям? Аз куҷо омадам? Чаро дар ин се сол ба падару модарам аз худ дарак надодам? Шумою Салим ин чизро мефаҳмед? Охир ман ба хонаи ҳамсоя барои намак нарафта будам, ки онҳо куҷо буданамро напурсанд…

-Албатта мепурсанд. Дар деҳа овоза шудааст, ки шумоён, як гурӯҳ духтаронро бо роҳи фиреб ба ким кадом кишвари арабӣ бурдаанд. Аммо он ҷо полиси ин кишвар ҳамаатонро аз дасти одамрабоён халос кардаасту азбаски шумоён ҳуҷҷати бозгашт надоштаед, дар ин муддат он ҷо дар ошхонаю қаҳвахонаҳо дегу табақшӯӣ карда рӯз гузаронидаед. Баъд гӯё ҳукумат ҳамаатонро ёфта баргардонидааст. Шумо ҳам аз ҷумлаи ҳамон духтарон ҳастед… Магар ҳамин тавр нест?

-Ҳамин тавру…,- забон хоид Гулрафтор,- Аммо магар одамон ба ин бовар мекунанд?

Самеъҷон дид, ки дили Гулрафторро ором карда наметавонад, аз яроқи охирини худ истифода бурд:

-Магар шумо намехоҳед, ки писару шавҳаратонро ёбед? Мебинам, ки аз дилу ҷон мехоҳед. Пас, барои ин маҷбуред, ки чанд ҳолати ногуворро аз сар гузаронед. Аз ҷумла, рӯ ба рӯшавӣ бо падару модарро ҳам… беҳтараш саратонро бо фикрҳои ғашовар гаранг накарда, аз зебоии табиати ватанатон баҳра баред. Се сол пеш чӣ гуна буду ҳоло чӣ гуна аст. Ин фарқро танҳо шумо пай мебаред, зеро ман бори дуюм аст, ки ба ин ҷо меоям…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД