Arzon march 2024
Ангуштарин, зангӯла ва чоҳ дар хоб чист?
17947

 

Китоб

Китоб дар хоб қуввату қудрату тавоноӣ аст. Дар баъзе ҳолатҳо ба хамсуҳбати аҷибу хайрхоҳ ишора мекунад. Китоб дар дасти писарчаи хурд аз шуниданаи хабари хуш шаҳодат медиҳад. Дар даст доштани китоби машҳуру маъруф дар хоб маънои тавоноӣ ба даст оварданро дораду китоби ношиносро пушида қапидан, далели наздикшавии марг аст. Навиштани китоб дар хоб ба даст овардани моле аст, ки дини ислом онро қабул надорад. Даронидани китоб дар хоб аз дарду ғам раҳо гаштану ба некиву дороӣ расидан аст.

Қамчин, тозиёна

Агар дар хоб аз осмон қамчин афтад, аз хашму ғазаб, азоб ва нохушӣ шаҳодат медиҳад. Нафаре, ки қамчин хоб мебинад, он нафар закоти воҷибро миёни афроди ниёзманд тақсим мекунад.

Қолин.

Қолин дар хоб башорати сериву пурӣ ва мавқеи баландро дорад. Ҳамзамон он ба маънои оромиву нишот ва хушбахтӣ дар хона ва миёни наздикон аст.

Пӯст

Пӯст дар хоб нишонаи сабру таҳаммул ва пуртоқатӣ дар ҳама кор аст. Ҳар нафаре, ки дар хоб пӯсти худро зебову ботароват мебинад, аз бемориҳо шифо меёбаду соҳиби неъматҳо мегардад. Пӯсти сурх нишонаи ашрофзодагон ва тасаллият асту пӯсти зард аз бемориҳо хабар медиҳад.

Буз

Буз дар хоб мисоли таъбири хоби гӯсфандро дорад. Баъзе уламо ҳаминро илова кардаанд, ки буз дар хоб аз муошират намудан бо шахси беақл ва ҷоҳилу бадсурат огаҳ месозад. Бузи фарбеҳу думбадор дар хоб нишонаи боигарӣ асту бузи лоғар таъбири баръаксро дорад.

Ҷодугар, соҳир

Ҷодугар дар хоб нафареро таҷассум мекунад, ки бо фиреб машғул асту, аз Худованд ношукрӣ мекунад. Ҳамзамон ҷодугар дар хоб нафаре аст, ки миёни одамон душманиву адоват ва низоъ меафрӯзад.

Зону

Зону дар хоб меҳнати вазнини инсон ва аз зиндагӣ хаста шудани ӯро нишон медиҳад.

Чоҳ

Нафаре, ки дар хона ё ҳавлии худ чоҳро хоб мебинад, зиндагии серу пур насибаш мегардад ва баъди мушкилиҳо аз ҷое сабукӣ эҳсос менамояд, ки тамоман интизораш набуд. Хоб дидани чоҳе, ки аз он ҳама истифода мебаранд, нишонаи хушнудӣ баъди мушкилиҳо ва ғаму ғусса аст. Агар нафари ниёзманду корафтодае дар хобаш аз чоҳи Замзам об нӯшад, орзуву омолаш амалӣ мегарданд. Баъзе уламо бар онанд, ки агар мард дар хобаш чоҳро хоб бубинад, бо нафаре шинос мешавад, ки барояш хушбахтии зиёде ҳадя менамояд. Кандани чоҳ дар хоб аз оиладоршавӣ далолат медиҳад. Чоҳ дар хоби зан аз сериву пурӣ ва ҳомиладоршавӣ мужда медиҳад. Рафту оби чоҳ аз ашки чашмони зан пур мешуда бошад, ҳушдор аз бачапартоӣ аст. Дар хоб аз чоҳ об нӯшидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида аз дороии зане истифода мебарад. Дар хоб ба чоҳ афтидан фоли нек надорад, он таҷассумгари марг барои шахси бемор , зиндон барои афроде, ки душман дорад ва ғарқшавии киштӣ барои мусофир аст. Рафту дар хоб оби чоҳ тоза бошад, ба он афтидан фоли нек аст, рафту чоҳ хушк бошад, маънои наздик шудани маргро дорад. Дидани чоҳи вайронаву валангор аз наздик омадани марги зане шаҳодат медиҳад, ки барои шахси хобдида хеле азиз аст. Хоб дидани чоҳе, ки обаш мерезад, аз фош гаштани сиру асрори инсон ҳушдор месозад. Дар хоб аз чоҳ бо сатил об гирифтан аз шунидани хабари хуш мужда мерасонад.


Худо накарда, рӯяшро надида аз олам гузарам, шири сафедамро ба ӯ пиҳил намекунам ва ҳатто дар он дунё низ гуноҳашро...

 


Зангӯла

Агар нафаре дар хобаш зангӯла занад, ин нафар миёни одамон хабару овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунад.

Хӯша, сараки ғалла

Хӯша дар хоб нишонаи он аст, ки сарвати ҷамъшуда ду баробар зиёд мегардад. Хӯшаи сабз насибаи Оллоҳ ва серҳосилӣ аст. Хӯшаи хушк дар хоб аз хушксолӣ ва қаҳтӣ далолат медиҳад.

Гаҳвора

Нафаре, ки гаҳвора хоб мебинад, амалҳои нек ба анҷом мерасонад.

Ҳалқаи дар

Нафаре, ки дар хобаш ҳалқаи дар (дарвоза)-ро меқапад, ин нафар дар дини ислом низ имони мустаҳкам дорад. Кашидани ҳалқа ё дастаи дар маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида ба амали лоиқи ҷазо даст мезанад.

Ангуштарин

Нафаре, ки дар пойи худ ангуштарии тиллоӣ ё нуқрагин хоб мебинад, ғаму андуҳ насибаш мегардад ё ба дастонаш завлона мезананду зиндонӣ мегардад. Ҳама гуна ороиш ё нуқс хоб дидани зан дар ангуштарин нишонаи ҳамон гуна тағйир ёфтани зиндагияш аст.

Агар марде ангуштарии тилло хоб бинад, занаш ҳомила асту писар ба дунё меорад. Шикастани ангуштарин ба ҷудо шудани зану шавҳар ишора мекунад. Агар корманди давлатие хоб бинад, ки аз дасташ ангуштаринро мегиранд, нишонаи аз вазифа дур шудан ё аз даст додани мақому мартаба аст. Ҳамзамон чунин хоб аз зан ҷудо шудани мардро пешгӯӣ мекунад. Рафту зан чунин хоб бинад, шавҳараш мефавтад. Марди муҷаррад дар хобаш ангуштарин пӯшад, издивоҷ мекунад. Ангуштарии аз чӯб сохташуда дар хоб ба маънои зани дурӯя аст. Рафту зан дар хобаш аз нафаре ангуштарин гирад, ба шавҳар мебарояд ё фарзанд таваллуд мекунад. Дар хоб аз Пайғамбар ё олиме ангуштарин гирифтан, ба шарте шаҳодати аз худ намудани донишу малака ва бурдборӣ аст, ки ангуштарин нуқрагин бошад. Рафту дар чунин хоб ангуштарин тиллоӣ ё мисин бошад, нишонаи нек надорад. Ҳар нафаре, ки дар хобаш ангуштарини худро ба халқи худ медиҳаду онро бозпас мегирад, ба оилае хостгор мефиристаду хостгоронаш ҷавоби рад мешунаванд. Умуман ангуштарин дар хоб рамзи боигарӣ, мақому мартаба ва шуҳрат аст, ҳама гуна нуқс дар ангуштарӣ маънои баръаксро дорад. Дар хоб ангуштарӣ ёфтан башорати нек дорад. Чунин хоб маънои аз афроди хориҷие фоида ба даст овардан, издивоҷ кардан ё тавлиди фарзандро дорад. Рафту дар хоб аз ангуштарин санги пурқиматаш афтад, маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида зарари калон ва ҳатто марги кӯдакро мебинад. Агар дар хоб ангуштарини нуқрагин ба ангушт пӯшида шавад, муътақид бошед, ки он ҳадяи Оллоҳ аст, пас шахси чунин хобдида дар зиндагӣ тақводор ва хушахлоқ мегардад.

Зиреҳ

Зиреҳ дар хоб аз душманон дар амон мондан, бехатарӣ ва ҷасурӣ аст.

Хомӯшак

Хомӯшак дар хоб шахси заифу нотавон аст. Дар хонаи худ ё ҷои дигар анбуҳи хомӯшакро хоб дидан, маънидодкунандаи он аст, ки шумораи сокинон ва насли ин хонадон зиёд мегардад. Баъзеҳо бар онанд, ки нафари дар хобаш хомӯшакдида бояд аз амалҳои ҷоҳилона худдорӣ намояд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
дар хобам дидам ки дар май нон таркарда мехурам 2023-07-08, 03:50
Дар хобам дидам ки ба май нон таркарда мехурам
Посух
Сафарбег 2023-09-29, 04:10
Дар чоҳи пур аз об афтодани фарзанд чи таъбир дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
дар хобам дидам ки дар май нон таркарда мехурам 2023-07-08, 03:50
Дар хобам дидам ки ба май нон таркарда мехурам
Посух
Сафарбег 2023-09-29, 04:10
Дар чоҳи пур аз об афтодани фарзанд чи таъбир дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД