Аввалҳо ман ба занҳои сатрпӯш бо эҳтиром нигоҳ мекардам, вале аз сабаби он ки бемории ҷоғар дорам, худам ҳиҷоб намебастам, чунки нафасам тангӣ карда, дилам бошиддат мезанад, агар роҳи нафасам каме маҳкам шавад.
Пас аз он ки як бевазани сатрпӯш шавҳарамро аз роҳ зад, дилам аз сатрпӯшҳо ях барин хунук шуд. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шуда будем, вале маъшуқаи сатрпӯшаш бо ҷодугарӣ мардакамро чунон девона кардааст, ки акнун ман дар назараш мисли хук шумрӯй менамоям.
Дар хона нони хӯрдан надорем, лекин шавҳари ба доми макри фоҳишаи сатрпӯш афтидаам фикри ду писари гул барин зебоямонро накарда, пули меёфтаашро ба дасти ҳамон аҷуза медиҳад. Бевазани шавҳардузд шавҳарамро шабҳо бо як занги телефон аз ҷогаҳи хобам кашида мебарад. Сатр пӯшидан, агар нишонаи худотарсию покдомонӣ бошад, магар ин зани ҳиҷобпӯш бе никоҳ ба оғӯши марди бегона медаромад? Рӯяшонро сиёҳ карда, танҳо ба хотири дар назари мардҳо зани худотарс намудан сатр мепӯшанду хонаи чандин зани дигарро вайрон карда, кӯдакони бегуноҳро зиндаятим месозанд!