Ятимов Абдукарим зодаи шаҳри Кӯлоб буда, бо шиква дари сомонаи Oila.tj-ро кӯфт.
Ин мард иддао дорад, ки роҳбарияти автобазаи № 1-и шаҳри Душанбе ӯро бе ягон айбу гуноҳ аз кор ронданд. Абдукарим Ятимов, ки умрашро бо касби ронандагӣ сипарӣ намудааст, мегӯяд: “Ман ҳаётамро бидуни мошин ва хизмати халқ тасаввур карда наметавонам, аммо маро аз касби дӯсдоштаам маҳрум намуда, сарсону саргардон карданд. Муддати як сол мешавад, ки бе кор ҳастам ва намедонам панҷ фарзандамро бо кадом рҳ хӯронаму пӯшонем. Беҳтараш биёед дарди дили ин ронандаи рондашударо аз забони худаш бишнавем.