Sebiston new 2024 october
Зани ронанда ба мардум кинои бе пул нишон дод
5131


Чанд рӯз пеш ҳамроҳи як гурӯҳ ҳамсабақонам аз Китобхонаи миллӣ баромада ба маҳалаи 102 раҳсипор будем.

Ҳангоми фаромадан аз микроавтобуси №8 чашмам ба тӯдаи одамоне афтод, ки байни худ чипир-пичир карда, ҳар хел имову ишораҳо мекарданд. Эҳсос кардам, ки дар ин ҷо ягон “разбор” рафта истодааст. Ҳисси кунҷковиам боло гирифт ва наздиктар рафтам. Як зани ронанда бо мошини сабукраваш роҳро банд карда буд ва сарашро аз тиреза берун карда бо ишваву ноз ба ронандагони мошинҳои дигар, ки бетоқатона си гнал медоданд, рӯ оварда мегуфт: “Камтар тоқат кунед, лабамро дар оина сурх карда шавам, баъд мошинро аз роҳ мегирам...”

Аз афташ косаи сабри яке аз ронандагон, ки марди танмунде буд, лабрез гашт, ки аз мошинаш берун шуда, ба назди мошини он ронандазан рафт ва дод зад: “ Эй бева! Мошината ай иҷа мегирӣ ё не? Ба тра мо бекорем?”


Хеле соддаву софу кӯдакона роҳ мерафтанд. Гӯё тафси ишқашонро якхом пасту меҳрашонро баланд мекарда бошад.


Зани ронанда ба ҷойи он ки бахшиш пурсад, бо ғуруру такаббур аз мошин фаромада аз гиребони он мард гирифт ва девонавор дод зад: “Хдт киӣ, не хдт киӣ? Ҳозир да инамиҷа эзорма да сарут мекашум” Мард дигар тоқат накрада ба рӯи он зан як шаппотии обдор зад. Мардум эҳсос карданд, ки агар онҳоро ҷудо накунанд, кор то ба хунрезӣ мерасад ва кӯшиш халос кардан намуданд, вале зани роннда ҳамоно паст наомада, ронандаи мардро дашномҳои қабеҳ дода, таҳдид менамуд, ки очаи зорашро дар чашмаш нишон медиҳад. Суханони бешармонаи зан, ки ҳар замон “ма дар даҳани ту... мекунум, фалон ҷома хӯрда наметонӣ” гӯён, дод мезад, ҳамаро ба даҳшат афканда буд ва мардум гиебони тавба медоштанд, ки наход зан ин қадар шаттоҳ шавад.
Ҳамин тавр моҷаро калон шуд ва кормандони милиса пайдо шуданд. Ронандазани шаттоҳ асли гапро нагуфта, ронандаи мардро тӯҳмат намуд, ки гӯё ба номуси ӯ дастдарозӣ кардан хоста, пеши роҳашро гирифтааст. “Шумо куҷора нигоҳ мекнен, охир и мардак дар рӯзи рушан ба номуси ман дастдарозӣ карданӣ шуд, болои ҳамаи ин дар пеши ҳамин қадар одам мара дашном кардестай” девонавор дод мезад зани мошинсавори мағрур.
Ба суханони ронандазан бовар карда, милисаҳо марди ронандаро бо худ бурданд. Идомаи ин моҷаро чӣ шуд, намедонам, вале маро чизи дигар ба ташвиш овардааст. Чаро занону духтарони тоҷик солҳои охир ин қадар бе шарму бе ҳаё шудаанд? Поҷома ё эзори зан чизест, ки набояд дар назди мардум номашро ба забон овард, вале ин зан беибо “ҳозир эзорма дар сарут мекашум” гӯён, дағдаға мекард. Занонро ҷинси латиф хонда, умре ҳамчун малоикаву фаришта парастиш кардаанду мекунанд, пас чӣ гуна як зан, хоса зани тоҷик метавонад дар назди омма чунин суханони фаҳшу бемаъниро ба забон биёрад? Аслан ба зан сари чанбарак нишастану бо виқор мошин ронда, каттагию дағдаға карданро кӣ мондааст?
Комрони Абдувалӣ,
донишҷӯйи ДМТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД