arzon replenishment
Зане, ки 30 сол боз троллейбус меронад
2728

 

Ситора Содиқова ягона зани ронанда нест, вале ӯ ягона бонуи тоҷик аст, ки 30- соли умри хешро ба хизмати мусофирон бахшидааст. Мо қарор додем, хонандагони азизи худро бо ин зани мардонадил аз наздик ошно созем.

-Аслан ронандагиро аксари мардуми тоҷик касби мардона меҳисобанд. Ба шумо чӣ хел муяссар гашт, ки волидонатонро розӣ кунонда, ронандаи троллейбус шавед?

-Ман аз хурдсолӣ рондани мошинро дӯст медоштам ва мехостам ронанда шавам, аммо баъди хатми мактаби миёна падару модарам маро дарҳол ба шавҳар доданд. Модари ду фарзанд гашта бошам ҳам, орзуи ронанда шудан ҳеҷ аз дилам намерафт. Вакте ки тақдир маро аз ҳамсафари ҳаётиам ҷудо кард, ба хотири он ки бачаҳоям пеши пойи ҳар касу нокас хору зор нашаванд, ҳуҷҷатҳоямро ба курси семоҳаи ронандагӣ супурдам ва инак 30 сол мешавад, ки ронандаи троллейбус ҳастам.

-Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам ронандагӣ мекардед?

- Вақте ман ба кор омадам, зан-ронанда қариб, ки набуд, аз ҳамин сабаб мо имтиёзҳои зиёде доштем, аммо баъд ҷанги шаҳрвандӣ сар шуда, кӯчаҳо аз хуни одамизод лабрез гаштанд. Ҳаёти мо, ронандагон ҳар сари қадам дар хатар буд, аммо бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо талош менамудем, ки хизмати мардумро адо намоем. Тамоми мардум дар фикри нон буданд ва мо онҳоро аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр мебурдем, то ки фарзандонашон аз азоби гуруснагӣ халос шаванд. Вақте ки троллейбусро дар роҳ медиданд, дар дили одамон шуълаи умед пайдо мешуд. Умед ба ояндаи нек. Инро аз чашмони ҳар як мусофир хондан мумкин буд.

-Ҷои пӯшида нест, ки муноқишаю нофаҳмиҳо байни мусофирон ва пулчинаку ронандагон тез-тез ба вуҷуд меоянд. Дар чунин ҳолатҳо асабонӣ намешавед?

-Ягон ронанда намехоҳад, ки дар салони троллейбус муноқишаву ҷанҷол шавад, вале кор бе камбудӣ намешавад. Ман кӯшиш мекунам, ки дар ҳама ҳолат худро ба даст гирифта, бо нармӣ ва муомилаи нек масъаларо ҳал намоям, чунки мусофирон мисли меҳмон ҳастанд. Меҳмон атои Худост ва мо бояд кӯшиш намоем, ки онҳоро то ҷои даркориашон сиҳату саломат ва бо вақти хуш бурда расонем.

-Ба ғайр аз Шумо боз чанд зани дигар дар ин хатсайр фаъолият мекунанд?

-Дар троллейбуси хатсайри №1-и филиали мо ба ғайр аз ман, боз чор зани дигар фаъолият мекунанд. Дар дигар филиалҳоямон низ занҳои ронанда ҳастанд.

-Тӯли 29 соли фаъолиятатон чанд шогирд тайёр кардаед. Дар байни шогирдонатон духтарҳо ҳам ҳастанд ё не?

огирдон зиёдро омӯзонидаам. Ман ба тамоми духтароне, ки шавқи ронандагӣ доштанд, тавсия медодам, ки аз беҳудагардӣ ва бекорӣ даст кашида, ин касбро омӯзанд. Ронандагӣ айб нест. Одам бо меҳнати ҳалол нонашро ёфта хӯрад, сарфи назар аз он ки дар кадом соҳа фаъолият мекунад, албатта дар байни мардум соҳиби обрӯю эҳтиром мегардад.

-Назари фарзандонатон ба касби шумо чӣ гуна аст?

-Назарашон нек аст. Писарам Донишгоҳи миллиро хатм намудааст. Аз кӯдакӣ ба ронандагӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт, аз хамин хотир баъди хатми донишгоҳ муддати чор сол ронанда шуда кор кард. Ҳоло аз рӯйи ихтисоси худаш фаъолият дорад. Духтарам коллеҷи тиббиро хатм намудааст, баъзан дузандагӣ ҳам намекунад.

-Таманнои шумо ба занону духтарони точик?

анда ҳаргиз аз лабонашон канда набошад ва хонаашон обод бошад!

-Мо ба шумо роҳи сафед хоҳонем!  

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шери мода 2019-06-21, 18:18
гап нес ай я хел мардакой занксуратда соз
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шери мода 2019-06-21, 18:18
гап нес ай я хел мардакой занксуратда соз
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД