Парвиз ном дорам, 26-сола ва сокини ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон мебошам.
Падару модарам маро аз кӯдакӣ бо духтари аммаам гаҳворабахш карда буданд, аз ҳамин сабаб ба ягон духтари дигар бо чашми харидорӣ нигоҳ намекардам. Азбаски аз кӯдакӣ моро дар руҳияи эҳтиром нисбат ба падару модар тарбият карда буданд, ҳеҷ гоҳ бо волидонамон баҳсу мунозира намекардем ва муқобили майлу хоҳиши онҳо намебаромадем. Духтари аммаам аз аввал ба ман маъқул набошад ҳам, падар розӣ-Худо розӣ гӯён, бо ӯ издивоҷ намудам, вале...
Нағмаҳои арӯси худӣ
Волидонам тамоми ёфту тофташонро сарф карда, бо тӯю тамошо келини аз кӯдакӣ таги чашм кардаашонро ба хона оварданд. Ростӣ, ман гумон доштам, ки ақаллан ба хотири хешу табориамон духтари аммаам ҳурмату эҳтироми аҳли хонаводаи моро ба ҷо меорад, аммо хаёлам хом баромад. Вай аз рӯзи аввали зиндагӣ маро писанд накарда, куҷое, ки мехост, мерафт ва чӣ коре, ки мехост, кардан мегирифт. Мабодо ба ягон кораш эрод бигирам, зани шаттоҳам “пирхари худозада дар даҳанат бу....м” гӯён, дашномҳои қабеҳу ҳаром медод. Ростӣ, чанд бор хостам талоқашро диҳам, вале модарам маро насиҳат карда “бачам, тоқат кун, кӯдакдор шавад, ақлаш медаромадагист” мегуфт. Хотири модар ба ҳама нағмаҳои занам тоқат мекардам, гӯшамро ба карию чашмамро ба кӯрӣ мезадам, аммо...
Сирри фошгашта
Ҳамин тавр аз байн як сол гузашту мо соҳиби фарзанд шудем, вале ба ҷойи одам шудан занам тамоман аз кӯчаи одамгарӣ баромад. Тез-тез ягон чизро баҳона карда, ба хонаи очааш мерафт ва ҳафтаҳо ба хона барнамегашт. Рӯзе писарчаамро ёд карда ба хонаи хушдоманам занг задам, вале аммаам гуфт, ки занам ба хонаи як хешашон меҳмонӣ рафтааст. Азбаски ба писари ҳамон хешамон як кори зарур доштам, роҳи хонаи онҳоро пеш гирифтам, то мушкили худро ҳал карда, якбора зану кӯдакамро гирифта биёрам. Соҳибони хона маро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифтанд. Вақте аз ҳамсарам пурсон шудам, ҳайрон шуда гуфтанд, ки чанд моҳ боз ӯро надидаанд.
Лайлию Маҷнун дар даруни қабристон
Аз хонаи хешамон баромада, рост ба хонаи хушдоманам рафтам, то бифаҳмам, ки барои чӣ ба ман дурӯғ гуфтаанд. Ҳанӯз ба пушти дарвозаашон нарасида, як гурӯҳ бачаҳои ҳамсояашон маро дида салом доданд ва хандида пурсиданд:
-Акаи Парвиз, шумо занатонро кофтанӣ омадед? Вай ҳозир ба он тараф рафт,-инро гуфта кӯдакон ба сӯйи қабристон ишора карданд.
Ҳайрон шудам, ки занам дар қабристон чӣ мекофта бошад. Пойҳоям маро ғайриихтиёр ба ҳамон роҳе бурданд, ки чанде пештар ҳамсарам рафта буд. Зери лаб сураҳои қуръониро қироаткунон қадам ба водии хомӯшон ниҳода, андеша мекардам, ки шояд барои дуою фотиҳа хондан ба арвоҳи гузаштагонаш ба ин ҷо омада бошад, вале дар байни ду қабри куҳна манзараеро дидам, ки ба гуфтанаш забон намегардад. Ду фосиқ аз Худо ва руҳи поки сокинони мазор шарм надошта, дар даруни қабристон, дар байни гӯрҳо луб-лучи модарзод, мисли ду мори печон ба ҳамдигар печида машғули айшу пургуноҳ буданд. Яке аз он фосиқон ҳамсари бешарму бе ҳаёи ман буд ва аз Худо натарсида, дар оғӯши марди бегона печутоб хӯрда, нолиши шаҳватангез мекард.
Хонандагони азиз, акнун худатон ҳолати онлаҳзаинаи маро тасаввур кунед, ки вақте мард ҳамсари поку ҳалоли никоҳиашро дар оғӯши марди дигар машғули ҷимоъ мебинад, ҳолаш чӣ мешавад. Бо дидани ин манзара хун ба сарам зада, аввалин фикре, ки ба сарам омад, куштани ин ду зинокор буд, вале ....
“Сам себе режиссёр ”
“Хас каму ҷаҳон пок” гуфта, ин ду фосиқро зада кушам, ҳаёти худам ҳам месӯзад, чунки барои ин кор маро камаш 20 сол суд мекунанд. Беҳтараш ҳамаашро сабт мекунам ва бурда ба падарам нишон медиҳаму аз ин зани тардоман ҷудо мешавам, андеша кардам худ ба худ ва телефонамро аз киса бароварда, ишқварзӣ ва тобу таби ин Лайлию Маҷнуни худобехабарро дар даруни қабристон ба навор гирифтам. Сад дар сад боварӣ доштам, ки баъди дидани ин навор падару модарам дигар садди роҳи ман намешаванд ва аз ин касофат халос шуда, нафаси осуда мекашам, вале...
Гуноҳи якбораро Худо мебахшад?
Ба хона омада буду шуди гапро ба падарам нақл кардам ва навори ишқварзии занамро бо ошиқаш нишон дода гуфтам:
-Ман дигар бо ин фоҳиша зиндагӣ намекунам!
-Бачам, ҳозир ту талоқи занатро диҳӣ, аммаат аз ман хафа мешавад, ки писарат духтари маро сиёҳбахт кард. Гуноҳи якбораро ҳатто Худо мебахшад, ба хотири ман аз гуноҳи занат гузар,-хоҳиш кард падарам.
Мани сустирода натавонистам муқобили райъи падар баромада бигӯям, ки ман даюс нестам, ҷияни ҳароматонро аз ин хона дафъ кунед, ки дигар рангу рӯяшро набинам.
Хулласи калом, танҳо ба хотири Худо ва ҳурмату эҳтироми падару модарам аз гуноҳи занам гузашта, дубора бо ӯ сар ба як болин ниҳодам, аммо дилам ях барин хунук шуда буд. Ҳар гоҳ ҳамсарамро оғӯш карданӣ шавам, ҳамон манзараи нангини даруни қабристон дар пеши назарам ҷилвагар шуда, дилам ба фиғон меомад, вале лаб зери дандон гирифта сир бой намедодам. Дилу бедилон ба як болин сар монда, мо боз соҳиби як фарзанди дигар гаштем. Умед доштам, ки ин ҳодиса ба зани худобехабарам дарси ибрат гашта, ақаллан хотири ду фарзандаш дигар ба чунин корҳои ҳаром даст намезанад, вале...
Дили одаткарда-балои ҷон
Шароити деҳа ба ҳама маълум, барои як бурида нон ёфта хӯрдан бояд шабу рӯз меҳнат када, ҷон коҳонӣ. Мо замини калони корам доштем ва баъзан ба хотири об додани полез маро лозим меомад, ки шабро дар сари замин саҳар кунам. Ҳамсари тардоманам аз фурсат истифода буда, дар шабҳои набудани ман ҷаҳманд, яъне кавалерҳояшро ба хона таклиф мекардааст. Як шаби наҳсу сиёҳ аз сари замин баргашта, ман боз занамро бо марди бегона ҳамоғӯш дидам. Тоқатам тоқ шуд, то дилам хунук шудан он ду ҳаромхиштакро мурданивор задам ва падару модарамро бедор карда гуфтам:
-Ин матои ҳароми ёфтаатонро зуд дафъ кунед! Даюсӣ бас аст, дигар бо ин фоҳишаи лаънатӣ зиндагӣ кардан намехоҳам!
Падарам ба ҷойи он ки тарафи маро бигирад, боз ҳамон ҷияни касофаташро ҷонибдорӣ карда гуфт:
-Муда-мурда зиндагӣ мекунӣ! Ман аз рӯйи ту бо фарзанди падарам ганда шуданӣ нестам! Дониста мон бача, агар талоқи занатро диҳӣ, ман аз баҳри ту мегузараму ин дунёву он дунёят месӯзад!
Дандон хоида гуфтам:
-Майлаш, ин дафъа ҳам ман аз гуноҳи ӯ мегузарам, вале ба як шарт: бачаҳоямро бурда ДНК мекунам!
Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, занам заррае шарм надошта бидиррос зад:
-Ин кӯдако аз ту нестанд! Боз ягон гапи дигар дорӣ?!
Бо шунидани ин сухан хун ба сарам зад ва бо тамоми овоз дод задам:
-Талоқатро додам! Фоҳишаи лаънатӣ, сағераҳои ҳаромиатро гирифта, зудтар аз назарам гум шав, ки дигар рангу рӯятро набинам!
Оқипадар
Ҳамин тавр зиндагии мо вайрон шуд. Аммаам омада бо доду фарёд кӯчу банди духтарашро гирифта бурд. Падарам ба ҷойи он ки ҳамчун мард маро фаҳмад, борони дашному ҳақоратҳои қабеҳро ба сарам рехта, аз пушти ҷияни тарпочааш оқам кард ва “ман аз баҳри ту барин бача гузаштам” гуфта, аз хона ронд. Бо дили пур аз дарду ғам манзилеро, ки замоне хуни нофам дар он ҷо рехта, ба камол расидаам, тарк карда, роҳи пойтахтро пеш гирифтам.
Инак, як ҳафта мешавад, ки ман дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе сарсону саргардонам, на хеше дорам, ки аз дараш дароям, на дӯсте, ки дарди диламро шунида ба захмҳои сӯзони ҷигарам марҳам ниҳад. Баъзан мехоҳам даст ба худкушӣ зада, бо ин зиндагии номард падруд бигӯям, вале боз гиребони тавба дошта худ ба худ мегӯям: “Падарам маро аз пушти занам оқ кард, агар ба болои ин боз худкушӣ кунам, Худо дар ду дунё гуноҳи маро намебахшад. Дар ин дунё дар оташи хиёнати зани бевафоям сӯхтам, дар он дунё дар оташи ҷаҳаннам месӯзам?
Илтимос, ба ман дар миёни чорсӯи зиндагӣ зору ҳайронмонда маслиҳат диҳед!
Парвизи бадбахт