Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон аз сар задани боз як садамаи хунин хабар медиҳад, ки боиси марги кӯдаки бегуноҳе гаштааст.
Санаи 8-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 11:00, ронандаи автомашинаи Опел-Астра, Мингбоев Маҳмуд Абдуҳамидович, соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи Нақшанбанди шаҳри Турсунзода, ҳангоми рондани мошин дар ҷамоати деҳоти Пахтаобод, аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, духтарчаи 8-сола Маҳмадалиева Уғулой Саъдуллоевнаро пахш кардааст. Духтарча бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид.
Вазорати Корҳои доихлии Тоҷикистон як садамаи хунин дар шоҳроҳи Конибодом- Хуҷанд хабар додааст.
Тавре ки як ҳамдеҳаи марҳум дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Оила. ТҶ гуфт, ронандаи опел дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ҳангоми аз роҳи калон гузаштан ин духтарчаи бегуноҳро пахш намудааст.
Волидонаш бо нолаҳои зор ҷасади Уғулойи нокомро дар оромгоҳи деҳаашон ба хок супурданд.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.