Arzon march 2024
Дар Конибодом ду бачаи 14-соларо кӣ бо мошин пахш кард?
3781

 

Вазорати Корҳои доихлии Тоҷикистон як садамаи хунин дар шоҳроҳи Конибодом- Хуҷанд хабар додааст.

Субҳи рӯзи 8- уми январ, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс Каримов Турсуналӣ Валиевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми рондани мошин дар шоҳроҳи Конибодом-Хуҷанд дар деҳаи Ниёзбек аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ду бачаи ноболиғи велосипедрон-Рӯзибоев Бахтиёр Ғуломович ва Умронов Далерҷон Дилмуродовичро зер карда, баъданс ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.


Дар натиҷа Абдуқосим Қодиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Дар натиҷаи ин садамаи хунин Рузибоев Бахтиёр ва Умронов Далерҷон, ки ҳарду хонандагони синфи 7-ум мебошанд, ҷаҳоратҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Мутаассифона, Далерҷон Умронов бар асари ҷароҳати вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид. Тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД