Formula novemver 2024
Абдуқосими маъюбро кӣ кушт?
3459

 

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз марги як марди 50-солаи маъюб дар садамаи нақлиётӣ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 6-уми январи соли 2020, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Исматов Фарҳод Исмоилович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фахрии ҷамоати деҳоти Ёва аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, Қодиров Абдуқосим Абдуманнонович, соли таваллудаш 1970, сокини кӯчаи Фахриро, ки бо дучархаи маъюбӣ дар канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа Абдуқосим Қодиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боиси тазаккур аст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ маъбон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла аксар вақт барои чархи маъбӣ шуда, маъюбонро ба нақлиёт савор намекунанд. Сабаби аввал дар он аст, ки аробачаи маъюбӣ ҷойи чанд касро банд мекунад, дигараш он, ки марштурка ва атобусҳо аз меъёр зиёд мусофир мегиранд ва барои одами маъюб фазои дохили нақлиёти мусофиркаш мусоид нест.


ҲИСОР: ПИСАР МОДАР ВА ДУ БАРОДАРАШРО ОТАШ ЗАД. ЧАРО?


 Аз сӯҳбат бо чанд нафар маъбон бароямон рӯшан гардид, ки таксиҳои 5-сомона аз онҳо барои аробачаи маъюбӣ 20-сомонӣ мегиранд. Аз ҷумла Заррина Дахиева зимни мусоҳиба бо хабарнигорони сомонаи Оила гуфта буд, ки бо писарчаи маъюбаш аз як нуқта ба нуқтаи дигари шаҳр ҳаракат кардан барои ӯ хеле мушкил аст, чунки ҳар дафъа ба ҷойи 1 сомонию 60 дирам 10-20 сум пул сарф менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД