Arzon march 2024
Фарзонаи Хуршед сахт бемор аст?
6826

 Пайдо шудани акси нави духтари примадонаи саҳнаи тоҷик –Сурайё Қосимова-Фарзонаи Хуршед мухлисонашро дар таҳлука афканд.


Ситораи №-1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё акси хоҳараш Фарзонаро дар саҳифаи хоси худ гузошта, зераш ягон шарҳ нанавиштааст, аммо Фарзона дар ин сурат бисёр лоғар ва беморнамо метобад. Ин ҳолати Фарзона аз назари истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ дур намонда, боиси пайдо шудани ҳар хел гапу калоча ва овозаю ҳангомаҳои зиёде гашт. Яке заъфаронӣ гаштани ранги Фарзонаро ба кадом як бемории вазнин нисбат медоду дигарӣ ҳадс мезад, ки шояд баъди зан гирифтани собиқ шавҳараш Фаридуни Хуршед Фарзона дарун ба дарун ғам хӯрда ба ин ҳолат гирифтор шуда бошад, зеро ҳарчи ҳам набошад, бахти аввал ширин аст.

Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо сароғоз ба худи Фарзона занг задем, аммо телефонаш ҷавоб надод. Маҷбур шудем, ки ба продюссери нави Фарзона-Баҳриддини Сабур занг зада, сабаби лоғар шудани фарзонаро пурсон шавем.

-Салом Баҳриддин! Хуб ҳастед? Аз ташвишҳои зиёд хаста нашудед?

-Мебахшед, нашинохтам.

-Ман Шабнам, аз сомонаи Оила-ТЧ.

-Шабнамбону, ягон хизмат буд?

-Бале, мехостем ба як масъала равшанӣ андозед. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ як акси нави Фарзонаи Хуршед пайдо шуда, боиси сару садоҳои зиёде гаштааст. Азбаски дар ин акс Фазона бисёр лоғар ва чеҳрааш коҳида ба назар мерасад, дар байни мардум овозае пайдо шудааст, ки Фарзонаи Хуршед сахт бемор аст. Фаҳмидан мехостем, ки Фарзона ба кадом беморӣ гирифтор шудааст ва айни замон дар куҷост?

-Фарзона, то ҷое, ки ман медонам, сиҳату саломат ва аз паси корҳои эҷодиву тарбияи фарзандонаш аст. Ӯ ягон хел беморӣ надорад. Сабаби лоғар буданаш он аст, ки ба худаш бисёр диққат медиҳад. Диета мекунад, аз бисёр чизҳо парҳез намуда, имкон намедиҳад, ки фигурааш вайрон шавад. Вай аз кӯдакӣ дар саҳна аст ва талаботҳои шоу-бизнесро хуб медонад, аз ҳамин сабаб ҳамеша кӯшиш менамояд, ки қаду қомати мавзун ва дилкаш дошта бошад...

-Чаро Шабнам маҳз ҳамин акси хоҳарашро дар саҳифааш гузоштааст?

-Ин аксро Шабнам нагузоштааст. Бисёриҳо аз номи ситораҳо саҳифа мекушоянду баъд ҳарчи аз пешашон баромад ё ба даҳонашон омад, гуфтану навиштан мегиранд. Эҳтимол ягон Шабнами сохта ин акси Фарзнаи Хуршедро аз куҷо пайдо намуда, дар интернет паҳн карда бошад.


Он сӯзу гудозе, ки дар давраи ҷавонӣ ба назарат ишқ менамояд, баъди лаззати бахти ҳақиқро чашидану соҳиби оилаи обод ва фарзанд гаштан ба назарат бисёр хандаовар метобад.

 


-Хабари зангирии Фаридунро Фарзона чӣ хел қабул кард?

-Аввалаш ин ки Фарзона зани замонавӣ аст ва як умр кӯҳи кӯҳнаро бод карда намегардад. Дуввум: Фарзона пеш аз Фаридун ба шавҳар баромад ва имрӯз зиндагии хушбахтона дорад.

-Гуфтаниед, ки Фарзона ба падари фарзандонаш рашк надорад?

-Надорад. Онҳо бо розигии ҳамдигар, бе ягон ҷангу ҷанҷол ҷудо шуданд. Барои Фаридунро ба касе рашк кардан Фазонаи Хуршед на вақт дорад ва на хушу ҳавсала. Ба ҳар сурат ман чунни фикр мекунам. Ба қавли маъруф, гузаштаҳо гузаштанд...

-Ташаккур Баҳриддин!Саломи маро ҳатман ба Фарзона расонед!

-Саломат бошед! Албатта мерасонам!

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД