Ин субҳ Шаҳлои Наҷмиддин яке аз корбарони фаъоли Фейсбук дар саҳифаи худ акси зани тоҷикро гузошт, ки дар садама ҷон бохтааст.
Ёдовар мешавем, ки марҳума Абдуллоева Муқадас, 65 сол умр дошта, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд мебошад. Чанд рӯз қабл бо нияти муҳоҷират ба давлати Узбекистон сафар намудааст. Айни ҳол ҷасади Муқадас дар морги Ҷумҳурии Узбекистон қарор дорад. Ҳамватанони азиз аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки агар касе наздикони Абдуллоеваро бишносанд, ба онҳо ин хабари мудҳишро расонанд. Наздикони Муқадас бояд ҳарчӣ зудтар ёфт шаванд ва ҷасадаш фавран ба ватан интиқол дода шавад.