Arzon march 2024
Садриддин Ёров даргузашт
1861

Субҳи имрӯз сабиқадори матбуоти тоҷик, собиқ сардабири маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” Садриддин Ёров дар синни 69-солагӣ аз олам дургузашт.

Садриддин Ёров зодаи ноҳияи Панҷакент ва фориғуттаҳсили риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳои 70-ум дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) фаъолият кардааст. Аз соли 1978 то соли 1988 дар Афғонистон тарҷумон буд ва баъди баргаштан дар маҷаллаи “Хорпуштак” кор мекард.

 

 


 

Нафаре, ки сари худро дар хоб бурида мебинад, дигаронро мутеи худ карда метавонад.

 


 

Садриддин Ёров замоне ба маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” ба кор омад, ки давлати Шӯравӣ фурӯ рафт ва ин дастгоҳи бузурги тарғиботии сиёсати давр шуҳрати худро аз даст дод. Аммо Садриддин Ёров бо ҳамкоронаш дар паҳлӯйи сардабири “Хорпуштак” Басир Расо росӣт истода ин маҷалларо аз хатари нестӣ нигоҳ доштанд. Баъди марги Басир Расо Ёров сардабири “Хорпуштак” таъин шуд ва то соли 2015 ин вазифаро иҷро кард.

Коршиносон марги Садриддин Ёровро талафоти калон ба журналистикаи ҳаҷвии тоҷик унвон мекунанд.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Оила” ва сомонаи Оила аз марги нобаҳангоми Садриддин Ёров андуҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД