Ба телефони мобилиам паёмак омад: “Муштарии муҳтарам! Шуморо бо рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон табрик намуда, иттилоъ медиҳем, ки дар асоси Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ аз 1 майи соли 2020 ситонидани бевоситаи пардохт барои истифодабарии рақам, 80 дирам аз муштарӣ қатъ карда мешавад”.
То як дараҷа хурсанд ҳам шудам аз ин иқдоми нав, чунки хотири кампири ҳамсояам андаке ҷамъ шуд. Ҳар бори ба телефон пул гузарондан бо ситонидани 80 дирам аз ҳисобаш ӯ асабонӣ шуда, ғур-ғур мекард, ки “Чаро симкортро пулакӣ харидаму молики он шудам ва боз барои истифодаи он ҳар моҳ 80 дирам пул супорам? Ҳол он ки барои сӯҳбат кардан ҳаққи хизматрасонӣ месупорам”.
Наберааш Нилуфар аз ин амали бибияш шарм мекарду ба ӯ мегуфт: “Бибиҷон, биёед монед, беҳуда асаби худу дигаронро хароб накунед. Наход барои 80 дирам худатонро ин қадар хӯред? Охир, ба ин маблағ на бой мешаведу на камбағал”.
ЗАН НЕ, КИСАРӮБАК! Ё ПУЛҲОИ МУҲОҶИРОНРО КӢ ПОШ МЕДИҲАД?
Аммо дирӯз Нилуфар аз сомонаҳои интернетӣ дарак ёфт, ки аввали соли равон Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳангоми нишасти матбуотиаш гуфтааст, ки масъалаи ситонидани 80 дирамро ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа бояд асоснок намоянд.
Нилуфар зуд ин муждаро ба модаркалонаш расонд.
Ӯ нав фаҳмид, ки қатра-қатра ҷамъ шуда, дарё мешудааст. Ӯ акнун ба қадри даъвои модаркалонаш расид ва боварӣ ҳосил намуд, ки 80 дирам ҳарчанд барои баъзеҳо назарногир бошад, дар навбати худ пул будааст. Дар ин ҳол, мақоли “Нон ҳам нону нонреза ҳам нон аст!” ба ёди Нилуфар омад.
Бояд гуфт, ки сабаби қатъ гардидани пулситонӣ ҳанӯз расман шарҳ дода нашудааст.