Шоу-барномаҳои марғуби фарҳангӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои тезу тунди иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар эфири радиову телевизион, ровигӣ дар консерту барномаҳои сатҳи баланд Орзу Исоевро кайҳо дар байни мардум машҳур гардонидаанд. Аммо дар нигоҳи ман Орзу пеш аз ҳама ба ва беш аз ҳама шоир аст, аз ҳамин хотир бо ин ҷавони эҷодкор атрофи шеър суҳбати ширине оростам.
-Шумо бешатар ба шеъри нав рў овардед. Қолабе, ки шоирони Эрон менависанд. Чаро?
-Ман аз шоирони форсигў бештар ашъори Иқболи Лоҳурӣ, Нодирпур, Симин, Фурўғи Фаррухзод, Нумо Юшиҳ, Фаррухи Сипеҳриро мутолиа мекардам ва мушоҳида намудам, ки заминаи навгўиии шоирони муосири мо дар заминаи шоирони муосири Эрон пайдо шудааст. Мисол Симин мефармояд: «Дубора месозамат Ватан, агарчи бо хишти ҷони хеш» айнан ҳамин мисраъ дар шеъри Бозор Собир ба таври «Дубора созамат Ватан ба хишти ҷони хештан» омадааст, ки ин ибтидо мегирад аз ғазали Симин. Зиёд мутолиа кардам ҳар ду гунаи шеърҳоро ва ин роҳро интихоб намудам. Мушоҳида карда бошед, ман дар шеърҳоям бешатар аз вазъи иҷтимоӣ дарак медиҳам, аз рўзгори ҳамарўзаи худамон.
-Шумо солҳо дар ВАО кор кардед. Домони хостаҳову гуфтаҳо дар ВАО фарох аст. аммо майдони шеър маҳдудтар. Шеър метавонад ҳама чизеро, ки Шумо мехоҳед, дар қолабаш ғунҷонад?
-Дар миёни ҳамаи жанрҳо, ки дар соҳаи мо ҳаст, жанре ҳаст бо номи памфлет ва солҳои пеш дар Аврупо ҳаводиси сиёсиро дар қолаби назм мекашиданду дар ҷойҳои серодам баланд-баланд қироат карда бо ин роҳ ба ҷомеа таъсир мерасониданд. Адабиёт низ ҳамингуна аст. Ҳаводиси имрўзро, рўзу рўзгореро, ки имрўз дар зиндагӣ дорем ба назм кашем, дар ҳудуди ягон шеър мазмун пайдо мекунад. Инро метавон дар мисоли аксари классикони мо исбот кард. Танқиди шоҳи ноодил, танқиди ноадолатии давр ...
-Аз шоирони муосири тоҷик киро дӯст медореду мехонед?
-Фарзона. Бо Фарзона ошноем он ҳад, ки агар як ҷо во хӯрем метавонем соатҳо дар мавриди шеър ҳарф занем. Ашъори ў ҳамеша бо ман аст. Озарро дӯст медорам. Дар ғазалнависӣ ҳамто надорад. Офоқбонуро мехонам. Ин ҳавзаи адабие аст, ки мо сар боло кардем дар Хатлон. Фарзонаву Гулнозу Сурайёву Озарахшу дигар нафарони ҳавзаи адабии Суғд ба ҷаҳони шеър ҷаҳони сабз ворид карданд.
-Шеър метавонад сармояи зиндагии Шумо бошад?
-Чун мо бо сарояндаҳо ҳамкорӣ мекунем, албатта манфиати молӣ ҳам мерасад, вале чандон зиёд не.
-Пас овозаҳо дар боби он ки Орзу Исоев аз ҳисоби шеър миллионер шудааст, асос надоранд?
-Ин як афсона аст, вале бошад, ки дурӯғи мардумон гардад рост! (механдад)
-Сарояндаҳо ба шумо шеър фармоиш медиҳанд ё менависеду интихоб мекунанд?
-Онҳо аслан мавзўъро фармоиш медиҳанд, мо бо оҳангсоз машаварат мекунем ва ман навишта пешниҳод мекунам, агар мақбулашон шуд…
-Дар охир мехостам донам, ки имрўз чӣ рӯзгор доред?
-Аслан бо корҳои эҷодӣ машғулам. Бо сарояндаҳо ҳамкорӣ мекунам. Дар масъалаи таъсиси консертҳо, сохтани рекламаву роликҳо саҳм мегирам, то даромаде дошта бошам. Се фарзанд дорам, як духтар ду писар, ҳар се мактабхонанд. Бештар таваҷҷуҳ мекунам ба раванди таълими онҳо. Фикр мекунам, ки волидайн бояд дар масъалаи илмомӯзии фарзандонашон саҳми хеле бузург дошта бошанд.
Мусоҳиб Одили НОЗИР