Писари дороям барои "грибок” шуда, маро ба хонаи пиронсолон оварда партофт, мегӯяд мӯйсафеди 73-сола.
Рӯзи якшанбе мо -кормандони сомонаи "Оила" бо кулвори пур аз меваю шириниҳои гуногун ба аёдати пиронсолони ноҳияи Шаҳринав рафта, аз наздик аз ҳолу аҳволи эшон бохабар гаштем.
Ҳавлии хонаи пиронсолон калон буда, бинои он аз чор ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи аввали бино, ки утоқи хоби мардони пиронсол аст, пирамарди барҷомондае бо гардани каҷ, рангу рӯи зард ва чашмони ҳаросон ба мо нигоҳ карда, дар сурати мо касеро ҷустуҷӯ менамуд.
Аз ночору ҳайрон нигоҳ кардани эшон дилам фишурда шуд ва саволҳои зиёд дар майнаам чарх мезад: "Дили фарзандонаш чӣ хел шудааст, ки онҳоро ба ин ҷо оварда партоянд?! Наход дар ин дунёи дурӯза ба волидайни худ чунин ҷабр кунӣ?!"
...Пирамарди солхӯрдае, ки дар сараш тоқии чоргул дошт, моро дидан замон гуфт: “Писарам омада бошад? Ӯ гуфта буд, ки ин навбат оям, ба хона мебарам, шумо рафиқони писари ман мӣ?”
Баъд салому алейк ба пирамард наздик шуда гуфтам: “Бобоҷон, ман писари шумо нестам , ман журналисти “Оила”, аз Душанбе барои хабаргириятон омадам....”
МОДАР БА ҶОИ ПИСАР КЕЛИНРО СЕ ТАЛОҚ КАРД
-Раҳмат бачам! Писари ман имрӯз бояд меомад, ӯ куҷо рафта бошад?! Вай ба ман ваъда карда буд, ки омада, маро бо худ мебарад. Шояд кораш баромада бошад?!
Оби дидагони мӯйсафеди солхӯрда мисли абри найсон рӯяшро мешустанд. Оҳиста рӯймолчаашро аз ҷайбаш берун оварда, ашки чашмонашро тоза намуд ва маъюсона сарашро хам карда, нигоҳашро гурезонд.
Барои аз вартаи ғам берун овардан, ба мӯйсафед савол додам:
-Шумо чанд сол доред, бобоҷон?
-73 бачам!
-Чанд вақт аст, ки дар хонаи пиронсолон зиндагӣ доред?
-Қариб ду сол мешавад.
-Шуморо кӣ ба ин ҷо овард?
-Писарам.
-Бо чӣ мақсад?
-Гуфт, ки ота пойҳоят бӯй (бо сабаби бемории грибок) мекунад, ду моҳ табобат гиред, боз ба хона мебарам.
-Табобат гирифтед?
-Ҳа, пойҳоям сиҳат шуданд, лекин писарам маро бо худ набурд.
-Барои чӣ?
-Гуфт, ки ками дигар истед, ҳатман мебарам.
-Чанд бор ба хабаргирӣ омад?
-Дар ду моҳ ба як бор омада меравад.
-Ба шумо либосу хӯрока меорад?
-Ҳа, меорад.
-Дигар фарзандонатон дар куҷоянд?
-Ман як писар дорам. Баъди он, ки ҳамсарам аз дунё гузашт, муносибати писару келинам дигар шуданд. Онҳо бо ман нағз муносибат намекарданд, хӯроки гарм намеоварданд, ҳамеша маро таҳқир карда мегуфтанд, ки пойҳоят бӯй мекунанд, ба фарзандонамон мегузарад.
-Ин суханони писаратон ё келин?
-Занаш чунин муносибат мекард. Дар набудани писарам маро ҳақорат карда,”Тезтар мемурдӣ, ки халос шавам” мегуфту то бегоҳ дар ҷойхоби худам гуруснаву ташна танҳо мемонд.
-Писаратон ин ҳамаро медонист?
-Аз кор хаста меомад, намехостам келина бад карда, асабаша хароб кунам.
-Яъне, келин сабаб шуд, ки писаратон шуморо ба ин ҷо биёрад?
-Ҳамин хел ба фикрам. Барои он ки касалам ба набераҳоям мегузаштааст, аз ҳамин сабаб маро ин ҷо овард.
-Шумо аз кадом минтақаи Тоҷикистон?
-Муъминобод.
-Охирон боре, ки писаратон ба ин ҷо омад, гуфт, ки бо худ мебарам?
-Гуфт, лекин баъди ваъдааш се бор омад, намедонам чӣ фикр кард, ки боз набурд.
-Дар ин ҷо шуморо хуб нигоҳ мекунанд?
-Ҳа, вале ман ба хонаи худам рафтан мехоҳам, лекин рафтан намемонанд. Писарам гуфтааст, ки “Намонед отам аз ин ҷо барояд”.
-Рӯзатонро чӣ гуна сипарӣ мекунед? Машғулият доред?
-Пир шудам, бачам. Аз дастам ҳеҷ кор намеояд. Мисли шумо ҷавон мебудам, куҳро талқон мекардам, афсӯс... Илова бар ин, дилам тез тез мезанад, бачам. Метарсам, ки писарам наомада, мемираму мурдаам дар кӯча мемонад!
-Писаратон ҳатман меояд ва шуморо танҳо намегузорад, бобоҷон, – гуфта, нахостам аз ин зиёд бо саволҳоям азоб диҳам. Ашки чашмонамро тоза карда, бо хайрухуш аз утоқи мӯйсафед берун шудам. Баногоҳ аз пасам:
-Ист бачам, чой мехӯрдӣ...
-Раҳмат бобоҷон, боз хабаргирӣ меоям, шумо ғамгин нашавед,-гуфта, хостам утоқро тарк кунам, вале мӯйсафед бо нигоҳи ҳазин ҳамоно нигоҳ карда гуфт: ” Бачаи ман ҳам мисли шумо дар шаҳр кор мекунад, бой аст, пули зиёд дорад, хонаву дараш низ хуб аст, агар ӯро шиносед ё дидед, гӯед, ки падарат чашм дар роҳ туро интизор аст...
Баъди фаҳмидани сарнавишти талхи ин пирамарди 73-сола аҳд кардам, ки ин ҳамаро рӯи авроқи сафед оварда, ба онҳое, ки аз падару модари худ безор ҳастанд бигӯям:
“Волидайн гавҳари ноёб барои фарзандон ҳастанд, наход дар ин дунёи дурӯза, нисбати падару модар чунин ҷазоро раво бинед. Охир, онҳо низ замоне ҷавон буданд ва бо қувваи худ ҷилави зиндагиро ба даст мекашиданд. Имрӯз, ки пир шуданд, бароятон нодаркоранд?
Рустам Азимов,
Душанбе-Шаҳринав-Душанбе