Дар байни мардум ақидае роиҷ аст, ки зан нисбат ба мард тезтар пир мешавад.
Аксари мардҳо бо ҳамин баҳона зани аз худашон 10-12 сол хурдтар мегиранд. Дар асл мард тезар пир мешавад ё зан? Барои ба ин савол чавоб ёфтан олимон чандин сол тадқиқот гузарониданд. Инак, мо хулосаи ин тадқиқотро манзури шумо месозем.
Ожанг нишонаи пирӣ нест
Ожангҳои нахустин дар чеҳраи ҷинси латиф нисбат ба мардон зудар пайдо мешаванд, аммо дар асл чисман зан нисбат ба мард дертар пир мешавад. Гап дар сари он аст, ки банду буғумҳои зан назар ба мард бақувваттар буда, чандирияшонро хеле дер аз даст медиҳанд. Аксари занхо ҳатто дар 55 –солагӣ мисли даврони 25-солагияшон бардаму бақувват мемонанд, вале мардон дар ин синну сол танҳо 65–70% қуввати хешро нигоҳ медоранду халос. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳодисаҳои ба инсулт гирифтор шудану кафидани раги хун дар мағзи сар ва фалаҷшавӣ дар мардон нисбат ба занҳо се маротиба бештар дида мешавад.
Кӣ ба стресс тобовар аст: зан ё мард?
Дар ғадудҳои болои гурдаи мардон ду маротиба бештар ҳормони асосии стресс—кортизол коркард мешавад, барои ҳамин мард хавфу хатарро хубтар мебардорад.
Дилкасал бемории мардона аст?
Хонумҳо нисбати мардон се маротиба камтар ба дилкасал мешаванд. Сабаби нисбат ба мардон камтар ба дилкасал мубтало гаштани бонувон дар он аст, ки дар ҷисми зан миқдори зиёди ҳормонҳои ҷинсӣ- эстроген мавҷуд аст. Ин ҳормон гардиши хунро дар мушакҳои дил хеле хуб таъмин карда, садди роҳи маҳкамшавии рагҳо мегардад.
Мардҳоро бештар одатҳои бадашон ба дилкасал гирифтор месозад. Машрубот ва никотин душмани қаттоли дилу рагҳои хунгарди он аст. Сигору арақи бебаркаш мардҳоро ба бемориҳои гуногуни дил гирифтор намуда, баъзан ҳатто боиси марги бармаҳал мегардад.
Дон Жуанҳои кал
Аслан калшавӣ дар мардоне дида мешавад, ки ҳормони ҷинсии андроген дар онҳо зиёд аст. Кардиологҳо муътақиданд, ки агар мард аз пешонияш кал шавад, бемории дилкасал дорад, гардиши хуни мардони пушти сарашон бемӯй бошад, хеле тез аст. Халалёбии кори дилу рагҳои хунгарди он албатта бад аст, вале мардони тоссар аз ҳамҷинсони ҷингиламӯяшон бо он бартарӣ доранд, ки қувваи мардиашон чанд баробар бештар аст. Марди сараш бе мӯйро дида, дарҳол биниатонро инҷ накунед, калҳо дар бистар қаҳрамон ва Дон Жуани ҳақиқӣ ҳастанд.
Чаро мӯйи хонумҳо мерезад?
Рехтани мӯй дар бонувон аксаран модарзодӣ мешавад, вале баланд шудани сатҳи ҳормони мардона-тестостерон дар ҷисми зан метавонад боиси резиши бошиддати мӯй гардад. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар ҷисми зан миқдори муайяни ҳормонҳои ҷинсии мардона мавҷуд аст ва ин як амри табиист, вале ин ҳормон аз ҳад зиёд шавад, афзоиши мӯйи сари зан суст мегардад. Зан кал нашавад ҳам, мӯяш тунук мешавад. Рехтани мӯй ҳамчунин бо касалии қанд низ алоқаманд буда метавонад. Пас аз таваллуди фарзанд як давраи муайян мӯйи зани ба тозагӣ модар шуда мерезад, вале баъди чанд вакт кокулонаш дубора ҷон мегиранд. Стесси сахт, зарбаҳои пай дар пайи рӯҳӣ, аз даст додани шахси наздик, ғаму андӯҳи танҳоӣ занро кал карда метавонад.
Баҳору зан апаю хоҳаранд?
Занҳо аксаран аз тағйиротҳои табиат аз қабили тӯфони магнитӣ, раъду барқ ва гармшавии ҳаво сардард мешаванд. Қисми зиёди бонувон баробари кутоҳшавии рӯзҳо хоболуд шуда, гирифтори яъсу ноумедӣ мегарданд ва қобилияти корияшон паст мешавад.
Ошиқӣ пирӣ надорад
Беҳтарин роҳи ҷавон мондан ишқварзист. Мубошират баъди 55-солагӣ боиси беҳтар гаштани саломатии ҳам мард ва ҳам зан мегардад. Гап дар сари он аст, ки баъди меҳрварзӣ табъи инсон болида гашта, стресс рафъ ва кори дилу рагҳои хунгарди дил беҳтар мешавад. Ишқварзӣ баъди 50-солагӣ одамро пир шудан намемонад. Калонсолоне, ки давомнокии алоқаи ҷинсиашон 15–25 дақиқа аст, аз ҳамоғӯшӣ натанҳо кайфият мебардоранд, балки ҳар дафъа дар бистари хоб тақрибан 300 калорияро месӯзонанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳолатҳои дигар барои халос шудан аз 300 калория одам бояд 3–4 километрро роҳро пиёда тай намояд. Мутаасифона, аксари одамон ҳамагӣ 3–6 дақиқа бо ҷимоъ машғул шуда, танҳо 25-30 калория сарф мекунанду халос.
Бӯса-дорӯи беҳтарин барои асаб
Ҳангоми бӯсобӯсӣ дар хуни шахсоне, ки якдигарро мебӯсанд, як қатор тағйиротҳои ҷиддӣ ба вуҷуд меоянд, дар натиҷа дар баробари эҳсоси гуворои қаноатмандӣ стрессро рафъ мегардад. Микробиологон мегӯянд, ки тавассути бӯсобӯсӣ аз лаби як нафар ба лаби шахси дуюм миқдори зиёди бактерияҳо ворид мегарданд, вале ба ошиқон ин чиз монеа шуда наметавонад...