Arzon march 2024
Кампири тоҷик духтари русро мусулмон кард
28.01.2020
Р. Азимӣ
3814

 

Номам Лилия, 13-сол қабл аз ин аз шаҳри Уфа ба Тоҷикистон омада будам. Дар ҳамон ҷо шавҳари ояндаамро дида ба ӯ дил бохта будам.

Никоҳро дар Уфа карда будем, тӯйро бошад дар Тоҷикистон бо иштироки тамоми аҳли деҳа гузаронидем.

Хушдоманам маро хуш қабул карда ба сарам рӯймол баст, барои ман либоси миллии тоҷикӣ овард ва барои ба тан кардан кӯмак намуд. Вақте куртаи тоҷикиро пӯшидам, гуфт, ки либос ба ман хеле зебид. Дини мубини исломро дар Русия қабул карда будам, вале намоз гузориданро хушдоманам ба ман омӯхту тиловати Қуръони азимушшаънро шавҳарам ёд дод.

Баъди чор моҳи зиндагӣ шавҳарам боз ба Русия рафт. Хушдоманам тарбияти маро пурра ба зиммаи худ гирифт. Ӯ ба ман шӯридани хамир, пухтани нон, омода кардани хӯрокҳои миллӣ, рӯбу чин ва шустушӯйро омӯзонд. Аввалҳо аз уҳдаи коре набароям руҳафтода шуда, аламамро аз гиря мегирифтам. Дар чунин лаҳзаҳо хушдоманам сарамро сила карда чун модари ғамхор мегуфт:


МОҲРУХСОР, МУҲОҶИРЗАН: БАХТИ СИЁҲАМ МАРО БА РУСИЯ ОВАРД

 


-Гиря накун духтарам, оҳиста-оҳиста ту ҳама корро ёд мегирӣ, ман бошам ба ту кӯмак хоҳам расонд.

Барои хариди молҳои рӯзгор ва аҷнос ману хушдоманам ҳамеша ҳамроҳ меравем, мисли дугонаҳо ё модару духтар.

Ман ҳамагӣ як ҳевар ва се қайсингил дорам. Додари шавҳарамро ҳамчун бародар, хоҳаронашро бошад, хоҳарони худ медонам. Вақте додари шавҳарам оиладор шуд, масъалае ба миён омад, ки кӣ бояд ҷудо зиндагӣ кунад? Ба рӯи хушдомани пирам нигоҳ кардаму ба хотирам некиҳои ӯ расид ва қатъиян гуфтам: «Ман ҷудо зиндагӣ кардан намехоҳам. Бигзор арӯси нав бо шавҳараш мустақилона зиндагӣ кунанд. Ман бо хушдоманам дар ҳамин хона мемонам!» Модаршӯям маро ба оғӯш гирифта, то дергоҳ гиря кард.
Ҳамин тавр ман бо хусуру хушдоманам мондам, беҳтар карда гӯям бо падару модарам, чунки ман онҳоро падару модар мехондам.

Умуман, оилаи моро оилаи байналхалқӣ номидан мумкин: хусурам-тоҷик, хушдоманам-ӯзбек, шавҳарам-тоҷик, ман-рус.

Дар ягон кор душворӣ кашам, падаршӯям ҳамеша маро дастгирӣ намуда мегӯянд, ки дар зиндагӣ душвориҳо зиёданд ва агар ҳамин шебу фарозҳо набошанд, зиндагӣ хуш намегузарад.


КӢ АКСҲОИ МУҲСИНИ ГУМШУДАРО АЗ ДЕВОРҲО МЕКАНАД!

 


Хушдоманам аз ман чун аз фарзанди худ пуштибонӣ мекунад. Бемор шавам тамоми хонаро ба по мехезонад ва худаш маро ба беморхона мебарад. Мабодо хушдоманам бемор шавад, кӯшиш мекунам ҳар кори аз дастам меомадаро ба анҷом расонам: сӯзандору мегузаронам, ҳаб медиҳам, марҳам мемолам, аз алафҳои гуногун дору месозам.

Ҳар он чи ки ман омӯхтам, аз хушдоманам омӯхтам. Имрӯз ҳамсояҳо ба хонаамон барои дӯхтан кӯрпаҳои арӯсии фарзандонашонро меоранд ва хушдоманам онҳоро қабул мекунад, зеро медонад, ки ман ҳам аз уҳдаи кӯрпадӯзӣ мебароям.

Модаршӯям ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ман бо ягон роҳ даромаде ба даст орам. Вай гурӯҳи хонандагонро ба хона даъват менамояд ва ман ба онҳо дарси ҳисоб, забонҳои русиву англисӣ меомӯзам. Инак, боз гурӯҳи ташнагони илм ҷамъ шуда истодааст. Хусуру хушдоманам мегӯянд, агар ғарибу мусофирро тарбият кунӣ, Худо туро тарбия хоҳад кард.

Ба Тоҷикистон омадан пас соҳиби он чизҳое шудам, ки дар Русия надоштам: Муҳаббат, хона, фарзандон, пуштибонии волидайн ва дини худро дар ин сарзамини зебо дарёфтам. Аз Оллоҳ сипосгузорам, ки тақдири маро аз аввал дар пешонаам чунин аҷибу ширин навиштааст.

Миннатгузор аз шавҳарам ҳастам, ки маро ба ин ҷо овард ва ба дини мубини ислом ошно кард.

Сипосгузор аз хусуру хушдоманам, ки дар зиндагӣ маро дастгирӣ карданд.

Ташаккури зиёд ба ҳамаи шумо!

Ерофеева Лилия, шаҳри Ваҳдат

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД