Sebiston new 2024 october
Кӣ аксҳои Муҳсини гумшударо аз деворҳо меканад!
3369

 

Муҳсини Ибодулло, хонандаи синфи 9 -и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 1-и шаҳри Левакант (Сарбанд) рӯзи 22-юми январи соли равон аз хона баромада, бо ҳамин бе ному нишон гаштааст.

Ҳамсабақонаш мегӯянд, мо пас аз дарс якҷоя бо ҳам ба ошхона рафтем, баъдан ҳар кас роҳи хонаи худро пеш гирифт. Нақли ҳамсабақони Муҳсинро модараш низ тасдиқ намуда, қисса мекунад, ки ҳамон рӯз, пас аз намози пешин аз ҷойи кор занг зада буд ва гӯширо писараш бардошт, аммо баъди бозгашт ба хона фарзандашро пайдо карда натавонист. Муҳсин баъди намози шом бо кӣ ба куҷо рафт, касе намедонад. Яку якбора бе ному нишон гаштани ин навраси 15-сола барои волидону пайвандонаш муаммои сарбаста аст, зеро Муҳсин одати ҷӯрабозӣ ва дар ба дарӣ надошт. Падару модараш аз он ҳарос доранд, ки ба сари фазандашон ягон фоҷиа наомада бошад, чунки онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуда бошанд ҳам, то имрӯз аз Муҳсин ягон нишон наёфтаанд. Шубҳаовараш он аст, ки вақте пайвандони ҷиграхунаш аксҳои Муҳсинро ҳамчун гумшуда дар кӯчаву паскӯчаҳо овезон мекунанд, пас аз чанд лаҳза одамони номаълум суратҳоро канда мегиранд ва ба ҷустуҷӯи ин бачаи ноболиғ монеъ гаштан мехоҳанд.


КӮДАКИ 7-СОЛАРО ДУЗДИДАНД Ё...?

 


Аз тамоми шахсоне, ки Муҳсини Ибодуллоро дар ягон ҷо дидаанд ё дар борааш чизе медонанд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба рақамҳои зеин занг зананд: 901- 33- 66- 79 ва 909- 33- 13 -13

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД