Sebiston new 2024 october
Пайрав аз фарзандаш рӯй гардонд
4294

Пас аз хатми мактаби миёна пинҳонӣ аз волидонам ҳамроҳи дӯстонам барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ тайёрӣ медидам.

Боварии комил доштам, ки ба донишгоҳи мехостаам дохил мешавам, чунки дар мактаб бо баҳои аъло мехондам. Рӯзи имтиҳонсупорӣ барои дуо гирифтан ба назди падарам даромадам, вале ба сарам дод зада, маломатам намуд, ки чаро бе иҷозати ӯ ҳуҷҷат супурдаам. Азбаски духтари якрав будам, ду поямро ба як мӯза андохта, «хоҳед-нахоҳед ман албатта мехонам» гӯён, шӯру исён бардоштам.
Падарам бо дили нохоҳам ба ман дуо дода, ғурғуркунон баромада рафт.

Салом эй ишқ!
Аз имтиҳон баромада дар саҳни ҳавлии донишгоҳ чашмам ба ҷавоне афтид, ки табассумкунон ба ман менигарист. Рӯямро бо нозу итоб тофтаму ба ӯ аҳмият надода ҷониби истгоҳ равон шудам, вале ҷавон шилқинӣ карда маро дунболагирӣ намуд. Шаб ба телефонам аз рақамҳои бегона пайёмаки ошиқона омад. Пай бурдам, ки ин ҳамон ҷавони ошиқ аст. Бачаи зебои хушқаду қомат бошад ҳам, дили ман ҳавои ишқу ошиқӣ надошт, аз ин рӯ дар ҷавоб смс навишта барои муҳаббаташро қабул накардан узр хостам. Рӯзи дигар пеш аз ҳама ба донишгоҳ рафта, мунтазири баромадани ҷавобҳои имтиҳон шудам. Хурсандиам ҳадду канор надошт, вале хабари аз имтиҳон афтиданамро шунида фиғонам ба фалак печид. Бо дастонам рӯямро дошта гирякунон ба берун баромадаму дар гӯшае нишаста ба фикр фурӯ рафтам. Намехостам шармандавор ба назди падару модарам баргардам, вале чӣ кор карданамро намедонистам. Ногоҳ дар наздам боз ҳамон ҷавон пайдо шуда сабаби гиряамро пурсид. Аламам бештар рӯ зада бо чашмони аз гиря варамида аз ҷоям бархоста ба сараш дод задам. «Маро ба ҳолам гузор. Танҳо мондан мехоҳам!» Ҷавон ғамхорона ба рӯям нигариста гуфт: «Аз рӯзи ба ин донишгоҳ омаданат ман туро дӯст доштам. Ягон мушкил дошта бошӣ, бигӯй, мадад мерасонам. Чаро ғамгинӣ?» Оқибат аз кунҷковии ҷавон хаста шуда, воқеаро нақл кардам. «Ҳамин ҳам проблема шуд?! Падари ман яке аз устодони беҳтарини ҳамин донишгоҳ аст. Хез, наздаш меравем, ягон илоҷашро меёбад» даст афшонд ҷавон. Хурсанд шуда ҳамроҳаш ба назди падари Пайрав рафтем. Хушбахтона Пайрав бо дастгирии падараш масъаларо ҳал карду бо ҳамин ман донишҷӯ шудам.

Лайлию Маҷнун
Акнун ману Пайрав мисли Лайлию Маҷнун аз ҳамдигар як лаҳза ҷудоӣ надоштем. Саргарми ишқу ҳавасҳои ширин чор сол чӣ хел гузашт, нафаҳмидам. Дар соли охири таҳсил ба хонаамон хостгор омад. Падарам дарҳол розигӣ дод, чунки хостгорон бегона не, хеши наздикамон буданд. Зораю тавалло кардам, ки маро ба шавҳар надиҳанд, чунки Пайравро дӯст медорам ва аҳд бастаем, ки бо ҳамдигар хонадор мешавам, вале на падарам арзу додамро мешуниду на модарам. «Ба ҷавонони ҳозира асло бовар накун. Пайрават туро фиреб медиҳад» такрор ба такрор мегуфт модарам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, дарди диламро шунидан нахостанд, чораи дигар наёфта Пайравро аз моҷаро огоҳ намудам.

Фотиҳагардон
Рӯзе, ки барои ман бояд фотиҳатӯй меоварданд, Пайрав ба назди домодшаванда рафта таъкид кардааст, ки аз ман даст кашад, чунки мо чаҳор сол боз мисли Лайлию Маҷнун ошиқем. Он рӯз то як паси шаб падару модарам роҳи хостгоронро поиданд, вале аз қудоҳо дарак нашуд. Ногоҳ аз паси дарвоза садои сигнали мошин баромад. Падарам хурсанд шуда ба берун баромад, вале баъди чанде бо димоғи сӯхта ба хона баргашта ману модарамро дашномҳои қабеҳ дод. Қудоҳо фотиҳаро гардонда, падарамро мазаммат кардаанд. Рӯзи дигар Пайрав ба хонаамон хостгор фиристод, вале падарам «ман бо сарватмандон қудо намешавам! Ҳар кас бояд пояшро лоиқи курпааш дароз кунад» гӯён, ҷавоби рад дод. Ҳарчанд гиряву нола кардам, модарамро даҳҳо маротиба ба наздаш фиристода зорӣ намудам, ки моро дуо диҳад, падарам сар нафаровард.

Фирор
Бо баҳонаи корҳои нотамомам ду рӯз пас аз хона баромадаму бо азизи дилам вохӯрдам. Ба хулосае омадем, ки бояд ман аз хонаамон гурезам. Пайрав маро ба хонаи аммааш бурда монд. Тӯли як ҳафта падарам тамоми хешу таборҳоро ба по хезонда духтар кофта гашт. Ниҳоят рӯзи ҳаштум ба духтари ҳамсояамон занг зада, хоҳиш кардам, ки ба хонаи мо рафта гӯширо ба модарам диҳад. Бечора модарам аз ҳаяҷон чи гуфтанашро намедонист. «Дар куҷоӣ духтарам? Сиҳату саломат ҳастӣ? Ба хона баргард, падарат ба издивоҷи шумо розӣ шудааст» гӯён, зор-зор гиря кард.
Пайраву падараш маро ба хонаамон оварда як бора фотиҳатӯйро гузарониданду рӯзи тӯйро аниқ карда рафтанд. Бо ҳамин ишқу муҳаббати афсонавӣ мо бо ҳам хонадор шудем.

Сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Фароғат Ашӯрова аз камбағалию ночорӣ муддати 7-сол дар морг зиндагӣ карда, 5 фарзандашро аз даст додааст.

 


bJsQRoe1dp07wnupneyW8nsQrXETNTzMiwNMy1W9_1

Меваи ишқ
Вақте ки писараки нахустинамон ба дунё омад, хурсандии ману Пайрав ҳадду канор надошт. Ӯ маро аз беморхона бо гулу гулдастаю шириниҳо ба хона овард. Модарам мехост тибқи анъана фарзанди нахустинамро ба хонааш барад, аммо Пайрав аз ману писарам дур будан нахоста, нагузошт ба хонаи падарам равам.

Шодии ғамолуд
Хусурам ба шарафи бачадор шуданамон ба мо хона харида дод. Хурсанд будам, ки акнун алоҳида зиндагӣ карда, писарчаамро бо меҳру муҳаббат ба воя мерасонем, вале…
Хонаи нав бароям хушбахтӣ наовард. Пас аз ду моҳи ба ин манзил кӯчидан табибон писаракамро муоина намуда гуфтанд, ки тифлак носолим, гӯшҳояш ношунаво ва ақлаш кам аст. Пайрав ба ин гап бовар накарда писарашро ба назди тамоми духтурон бурда аз муоина мегузаронд, вале ҳамаашон ҳамон диагнозро тасдиқ мекарданд.
Ҳамин тавр бо кашмакаши духтурравӣ писаракам чорсола шуд, вале ҳарфе ба забон оварда наметавонист. Намедонам оҳи падарам маро гирифт ё тақдирам аз азал чунин будааст, ки дигар ҳомиладор нашудам. Зиндагии ширинамон оҳиста-оҳиста сард мегашт. «Эҳ худои бераҳм, чаро бароям шавҳари зебову меҳрубон, хонаву дари боҳашамат додию фарзандамро маъюбу маслуқ гардондӣ?!» гӯён, шабҳоро бо гиря саҳар мекардам.

Ғазаби шавҳар
Ҳамин тавр аз байн 10 сол гузашт, вале ман дигар кӯдакдор нашудам. Ҳамсояҳо писарчаи кару гунги камақламро масхара карда механдиданд. Дилам барои писаракам хун мешуд, вале назди тақдири бераҳм бечораю нотавон будам. Рӯзе хушдоманам ба хонаамон меҳмонӣ омаду Пайрав ба модараш арзи дил намуда гуфт, ки нияти дар болои ман зан гирифтан дорад. Гиряву нола кардам, ки ин корро накунад. «Бо ин писари носолим дар назди ҷӯраҳоям шарм медорам. Ту дигар зоида наметавонӣ, пас ман чӣ кор кунам?!» дод зад шавҳарам ва дарро ба шатта зада баромада рафт.

Бахти дунима
Пас аз як моҳ Пайрав ба хона зани зебову ҷавонеро оварда эълон кард, ки ин хонумро ба никоҳаш даровардааст. Ҳезуми тар барин дарун- дарун сӯзам ҳам, ба ҷуз тан додан ба тақдир чора надоштем. Акнун ману палонҷам дар як хона зиндагӣ мекардем. Пайрав як шаб бо ман буду шаби дигар бо зани наваш.

Оташи рашк
Палонҷам духтарчадор шуд. Рашк одамро ба ҳар роҳ мебурдааст, бо шунидани хабари фарзанд таваллуд кардани зани нави шавҳарам осмон гӯё ба сарам чапарадон шуд. Рӯю мӯямро канда талаб намудам, ки ҷавоби занашро диҳад. Пайрав бо кахр ба рӯям як шаппотӣ зад. Ҳамин тавр, ҷанҷоли сахт хӯрдему мани ҷигархун писаракамро гирифта ба хонаи падарам рафтам.

Бе муттако
Бегоҳ падарам аз кор баргашта моро дар хона диду ба ҷои салому алек ба сарам дод зад.
-Кӣ туро ба хона роҳ дод?!
Думи бачаи маълима гирифтанат кам набуд, ки боз маро дар назди ҳамсояҳо забонкӯтоҳ мекунӣ. Падарлаънати бадзот, худи ҳозир бачаи девоната гирифта аз хонаам дафъ шав, ки поята зада мешиканам.
Ба гиряву нолаам аҳамият надода падари беинсофам шабона маро аз хонааш пеш кард. Гирёну нолон то як поси шаб дар паси дарвоза нишастам. Ҳангоме ки падарам ба масҷид рафт, модарам моро ба меҳмонхона дароварда хобонд ва таъкид намуд, ки субҳ надамида оҳиста баромада равам.

Шарти ҷонгудоз
Субҳи барвақт дасти писари ранҷури хоболудамро гирифта аз ҳавлии падар берун шудам. Гирёну нолон чӣ хел ба шаҳр расиданамро нафаҳмида мондам. Ҷуръат намекардам, ки занги дари шавҳарамро пахш кунам. Дере нагузашта Пайрав ба кор равона шуда аз дар баромад. Тозон ба сӯяш давида, зорӣ намудам, ки маро бубахшад. Шавҳарам қавоқашро гиронда гуфт:
-Насиба, медонистам, ки баргашта меоӣ, чунки дар хонаи падарат барои ту дигар ҷой нест. Ман ба он шарте туро ба хона роҳ медиҳам, ки писаратро бурда ба ягон интернат месупорӣ!
-Ин тавр нагӯй Пайрав, оҳи дили ин тифли бегуноҳ туро мегирад. Илтимос, маро аз ягона фарзандам ҷудо накун. Ман ба хотири писарам зиндаам,-зораву илтиҷокунон гиристам, вале дили сангини шавҳарам нарм нагашт. Пайрав қарорашро тағйир надода, баромада рафт. Ман бошам, фарзандамро авло дониста тарки хонаю дар кардам.

Тағои аз падар беҳтар
Он рӯз дар роҳ бо тағоям вохӯрдам. Ба ҳоли зори ман раҳмаш омаду дар нонвойхонааш маро ҳамчун ёрдамчӣ ба кор гирифт. Тағоям барои ману писарам хӯрокҳои бомазза харида медод, то бепаноҳиамонро ҳис накунем. Тағо ба ҷои падар аст гуфтани бузургонамон беҳуда набудааст, тағоям аз падарам беҳтар моро саробонӣ менамуд.

Ҷабри янга
Рӯзе янгаам ба корхона омада ҷангу ҷанҷол бардошта обрӯи тағоямро дар назди коргарон ба замин яксон намуд. «Даҳ сағераи нонхӯр дар хонаат кам буд, ки боз сағераи хоҳаратро дар барат ҷо кардӣ?! Дафъ шав аз назарам беваи ҳаром. Шавҳарамро ба ҳолаш гузор» гӯён, янгаам маро кашон-кашон аз дари нонвойхона берун кард.

Фарҷоми хунин
Раҳораҳ дасти писаракамро гирифта мисли ақлбохтаҳо девонавор худ ба худ гап мезадам. Ба куҷо рафтанамро намедонистам. Ногоҳ садои даҳшатноки шараққос ба гӯшам расида маро ба худ овард. Бо дидани манзараи мудҳиш фиғонам ба фалак печид. Писаракам дар зери чархи мошин оғуштаи хун мехобид. Шояд бачаяки бадбахтам ба саргардониҳои модараш худро гунаҳгор дониста, ҷисми беморашро зери чархи мошин партофта қурбон кард.
Гиря кардам, рӯю мӯямро кандам, вале дигар суде набуд.
-Эҳ Пайрав, чашми ошиқ ин қадар кӯр будааст. Мани сода тамоми ҳастиямро ба ту бахшидам, вале оқибат хоки роҳам кардӣ!

Насиба
Таснифи Сурайё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Фордавс 2019-10-13, 04:39
Хохарам Насиба ва Бахора бехуда на гуфтан Дуои волидайнро гирифтан зарур аст.ина окибати кор боз гуфтаниям хозир аксарияти мардон ва занон аз маданият дуршуданд барои хами дар хает бояд ишкро не зиндагиро чустан даркор ишк як лахчаи муаян аст а зиндаги ширин оилаи хуб ин хаети умр.хатои аввал охири сарсони аст.Аллох сабри чамилтон тия:
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Фордавс 2019-10-13, 04:39
Хохарам Насиба ва Бахора бехуда на гуфтан Дуои волидайнро гирифтан зарур аст.ина окибати кор боз гуфтаниям хозир аксарияти мардон ва занон аз маданият дуршуданд барои хами дар хает бояд ишкро не зиндагиро чустан даркор ишк як лахчаи муаян аст а зиндаги ширин оилаи хуб ин хаети умр.хатои аввал охири сарсони аст.Аллох сабри чамилтон тия:
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД