arzon replenishment
Модар ба ҷои писар келинро се талоқ кард
1559

Ман як ҷавонзани сиёҳбахт мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Моҳрухсор ном дорам. Ҳанӯз ҳангоми мактабхонӣ хостгоронам аз мӯи сарам зиёд буданд. Дар байни хостгорон зани хирае буд, ки аз дар зананд аз дарича даромада “дардатона гирам, балотона гирам, хоки поятон шавам” гӯён, зорию тавалло менамуд, ки хоҳишашро рад накунанд. Ҳамин тавр ду соли дароз ба хонаамон рафту омад карда, ин зани маккора дили падарамро ёфту маро ба писараш келин намуд.
Тӯйи мо бисёр бодабдаба гузашт. Ман домодро бори аввал дар шаби никоҳ дида бошам ҳам, бо як нигоҳ ошиқи зораш гаштам, чунки бачаи хушқаду қомат ва сиёҳчашму сиёҳабрӯи базебе буд. Нигоҳи гармаш аз он гувоҳӣ медод, ки ҷавони меҳрубон ва нармдил аст. Дар дил Худоро шукр мегуфтам, ки маро бо чунин ҷавони зебо ҳамқисмат гардонд.
Пеш аз тӯй модари домод “духтаратонро рӯйи даст бардошта мегардам, намемонам, ки келинакам дасташр ба оби хунук занад” гӯён, лоф мезад, вале баъди он ки хараш аз об гузашта, маро ба хонааш бурд, пӯсташро чаппа пӯшид. Хушдоманам худаш маро таги чашм карда, келин карда бошад ҳам, баъди тӯй душмани ҷонам гашта, мудом дар сарам чормағз мешикаст. Намедонам сабабаш рашк буд ё чизи дигар, ки шабу нимашаб бо ҳар баҳона ба хонаи хоби мо даромада, бо ман ҷангу ҷанҷол мекард.
Соати 4-и саҳар, ҳанӯз хурӯс бонг назада садои доду фиғони хушдомани ман ба фалак мепечид: “Хез, ҳавлиро рӯб, ҷойхоби маро ҷамъ карда наҳорӣ тайёр кун, ман туро барои хоб рафтан келин накардаам...”
Шавҳарам аз доду фарёди модараш ба ҷон расида бошад ҳам, чизе гуфта наметавонист. Найранги дигари хушдоманам он буд, ки баҳудаю беҳуда ба хонаи хоби мо даромада ҳама ҷоро такорӯ мекард. Мабодо чӣ кофтанашро пурсам, қиёматро қоим карда дод мезад, ки дар вақти мактабхониамон падари ту ручкаҳои мо, духтарҳоро медуздид, ту ҳам духтари ҳамон дузд ҳастӣ, чизу чораи хонаи маро дуздида дар хонаат пинҳон мекунӣ ва ғайраю ҳоказо...


ГУЛЧЕҲРАИ НОРАКӢ: ПИСАРАМРО АКМАЛ ДАР РӮЗИ РАВШАН КУШТ


Ҷонам аз туҳмату иғвои хушдоман ба лабам расида бошад ҳам, чизе намегуфтам, чунки шавҳарамро сахт дӯст медоштам ва хонавайрон шудан намехостам, аммо модаршӯям коре кард, ки ҳеҷ ба ақли солим рост намеояд. Як саҳар ҳанӯз мо аз хоб бедор нашуда, хушдоманам зада ба хонаи хоби мо даромад ва мани нимаурёнро, ки дар бағали шавҳарам хоб будам, аз мӯйи сарам кашолакунон аз ҷогаҳ хезонд ва ба бари рӯям чанд шаппотӣ зад. Сабаб пурсидам. Ту ангуштарини маро дуздидӣ гуфта қиёматро қоим кард. Бо тамоми муқаддасоти олам қасам хӯрдам, ки аз мурдани худам хабар дораму аз ангуштарини ӯ не, вале кампир “ҳозир ман туро шарманда мекунам” гӯён, аз ҷевон сандуқчаи тилловориҳои маро гирифт ва ангуштаринеро, ки падарам ба ман аз Маскав туҳфа оварда буд, аз дарунаш бароварда дод зад: “Дузди худозада, ангуштарини маро дар ин ҷо пинҳон кардию боз қасам мехӯрӣ, ки нагирифтаӣ! Ҳозир ман рӯйи туро сиёҳ мекунам!”
Вай инро гуфта аз писараш талаб намуд, ки талоқи маро диҳад, вале шавҳарам рад кард, чунки туҳмат будани даъвои модарашро хуб медонист. Ангуштарини ман ба ангуштарини хушдоманам монанд бошад ҳам, нисбатан ғафстар ва вазнаш зиёд буд. Шавҳарам ин ангуштаринро борҳо дар дасти ман дида буд ва хуб медонист, ки онро пеш аз тӯй падарам барои ман харидааст. “Оча, хонаи хобатонро дурусттар кобед, ангуштаринатон дар ҳамон ҷо афтидагист” гӯён, шавҳарам хост моро ба мусолиҳа биёрад, аммо хушдоманам аз аспи ҷаҳл нафаромада дод зад: “Занкалони худозада, агар ту ҷавоби ин дуздро дода натавонӣ, ин корро ман ба ҷоят мекунам. Ман туро ба ҷойи писарам се талоқ кардам, аз хонаи ман зуд дафъ шав, дузди разил” гӯён, модаршӯям маро зада-зада таги як курта аз дар берун кард.
Гириста-гириста ба хонаи модарам омадам ва ҳамаашро нақл кардам. Пайвандонам маслиҳат доданд, ки дигар ёди он ҷаҳаннам накунам. Баъдтар маълум шуд, ки ангуштарини хушдоманамро наберааш дуздида фурӯхтааст ва ба пулаш телефон харидааст, аммо оби рехтаро дигар бардошта намешуд.
Инак, 50 рӯз мешавад, ки ман дар хонаи падарам ҳастам, вале то имрӯз шавҳарам ягон бор занг назадааст. Падарам мегӯяд, ки талоқатро гир, туро худамон саробон мешавем, вале шавҳарамро дӯст медорам ва намехоҳам аз рӯйи як туҳмат зиндагиам вайрон шавад. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Моҳрухсори тӯҳматзада

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД