Ин бофтаи хаёл не, ҳақиқат аст. Шабҳое, ки шавҳару хусурам дар хона нестанд, хушдори хушдоманам мисли дузд нимашаб ба хонаи мо омада, то дами субҳ айшу ишрат карда меравад. Илтимос, маслиҳатам диҳед, хиёнати модаршӯямро ба хусурам гӯям ё не?
Ман Рӯдоба, келини як оилаи бою бадавлат ҳастам. Ростӣ, дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надорам, аммо як мушкил маро маҷбур кард, ки дарди диламро ба сомонаи ОИЛА навишта, маслиҳат пурсам.
Хусурам дар шаҳри Маскав ширкати тиҷоратӣ дорад ва дар як сол танҳо ду-се мароиба ба хона меояду халос. Хушдоманам низ зани босавод буда, дар як идораи бонуфуз кор мекунад, ғайр аз ин тиҷорати худро кушода, ду толори либосҳои арӯсӣ, кошонаи ҳусн, ҳамчунин чанд мағозаи шахсӣ дорад. Хоҳари шавҳарам чанд сол пеш ба як ҷавони хориҷӣ ба шавҳар баромада, ҳамроҳи оилааш дар Амрико зиндагӣ мекунад. Шавҳари ман ҳам дар хориҷа таҳсил кардааст ва роҳбари филиали ширкати тиҷоратии падараш дар Тоҷикистон аст. Вай ҳар моҳ бо корҳои фирмааш ба Қазоқистон, Маскав, Олмон ва ким-куҷоҳои дигар рафта меояд. Ростӣ, зиндагиамон шоҳона аст, гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшем, дар хона хизматгор дорем, аммо...
Меҳмони нохонда
Дар як њавлии бошукӯҳи сеошёна ман ва шавҳару хушдоманам танҳо зиндагӣ мекунем. Азбаски оилаи шавҳарам тарбияи аврупоӣ доранд, ҳар кас дар ҳуҷраи худаш хоб меравад, ҳатто вақтҳои дар хориҷа будани шавҳарам ҳам, хушдоманам маро ҳамроҳӣ намекунад. Айни замон ҳомиладор ҳастам. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ зан хоби бароҳат надорад. Шабе аз дарди миён бедор шудам ва ташнагии сахтро ҳис карда, ба ошёнаи якум фаромадам, то ки аз ошхона шарбати мева гирифта нӯшам. Тахминан соатҳои сеи шаб буд. Ба ошхона даромада, ба як истакон шарбати шафтолу рехтам ва чанд қулт нӯшидаму беҳолона ба курсӣ нишаста, сарамро бо кафи дастонам доштам. Ҳамин вақт чашмам ба ду соя афтид, ки пасопеш аз ҳуҷраи хоби хушдоманам берун шуданд. Ростӣ, аввал тарсидам, ки ба хона дузд даромадааст. Хостам дод занам, аммо аз тарс овозам набаромад. Дар ҳоле, ки аз тарс дарақ-дарақ меларзидам, оҳиста аз паси он ду соя поидам ва дидам, ки ҳарду ҷониби ҳамом рафтанд. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки аз ҷоям хезам, наметавонистам. Аз тарс тамоми вуҷудам карахт шуда буд. Намедонам дар ҳамин ҳол чӣ қадар нишастаам, вале як вақт он ду соя аз ҳамом баромда дубора ҷониби ҳуҷраи хоби хушдоманам равон шуданд ва ман дурусттар диққат дода, яке аз онҳоро шинохтам. Хушдоманам бо марди ношиносе оғӯш ба оғӯш ба ҳуҷраи хобаш даромад. Бо гумони он ки шояд шаб хусурам аз Русия омадаасту ман хабардор нашудаам, оҳи сабук кашида ба ҳуҷраи хоби худам баргаштам, аммо...
Сирри фошгашта
Азбаски шаби дароз аз дард нахуфта будам, қарибиҳои субҳдам хобам сахт бурда мондааст. Вақте ки чашмонамро кушодам, соат аз 11 гузашта буд. Чашмонамро молида-молида дасту рӯямро шустам ва ба ошхона даромадам. Хушдоманам бо чаҳраи хандону табъи болида бо меҳрубонии танҳо ба худаш хос гуфт: “Духтарҷон, рангат ким-чихел кандагӣ барин метобад. Мабодо бемор нашуда бошӣ?” Бо аломати инкор сар ҷунбонда, худро рӯйи курсӣ партофтам. Чашмам ба болои миз афтид. Дар рӯйи миз ду қадаҳ, дар зарфе тухми моҳӣ, гӯшти бирён ва як лаълии пур аз мағзу мавизу қандуқ қандалот меистод. Маълум буд, ки хушдоманам аллакай бо касе субҳона кардааст. Ман, ки падаршӯямро дадаҷон мегӯям, содалавҳона пурсидам:
-Дадаҷонам, ҳанӯз аз хоб нахестаанд?
-Дадаҷонат дар ким-куҷоҳо дар бағали беваҳои русаш айшу ишрат доштагист. Вай кай мегӯяд, ки ман зану фарзанд дорам,-даст афшонд хушдоманам, ки алами дар болояш зани рус гирифтани шавҳараш дар дилаш ба захми носур табдил ёфта буд.
“Хусурам наомадааст, пас марде, ки шаб ҳамроҳи хушдоманам ба ҳамом даромад кӣ буд?”-ин андеша барқсон ба сарам зад ва дар ҷоям шахс шудам. Ҳанӯз ҳам боварам намеомад, ки модаршӯйи оқилаву зебои ман ба шавҳараш хиёнат мекарда бошад, вале...
Ошиқӣ пирӣ надорад...
Меҳмони махуфи хушдоманам дар ду ҳафтаи набудани шавҳарам боз чанд бори дигар мисли дузд шабона ба хонаи мо омада, то саҳар айшу ишрат карда рафт. Як субҳ ман ҳатто дидам, ки чи тавр хушдоманам ошиқашро, ки марди қоматбаланди зебо ва хушлибосе буд, то дами дарвоза гусел кард. Акнун бе шаку шубҳа медонам, ки хушдоманам хушдор дорад. Ман эҳсос мекунам, ки модаршӯям аз алам, барқасди шавҳараш, ки дар Русия чандин маъшуқаҳои ҷавону зебо дорад, бо ин марди зебо ишқварзӣ карда, ба қавле тасфи дилашро бо ҳамин роҳ паст кардан мехоҳад, аммо...
Рози фошгашта
Як бегоҳ хӯроки шом мехӯрдем, ки дар телевизор кадом як ҷаласа сар шуд. Хушдоманам ба яке аз мардони хушлибос, ки аз минбар гап мезад, ишора карда, гуфт:
-Ана њамин йигити нозанин дар вақташ ошиқи зори ман буд, вале падарам “ ман ҳатто бачаи сагамро ба ин ќишлоќии пойлуч намедиҳам” гуфта, хостгоронашро аз хона ронд. Аз ман ҳатто напурсиданд, ки ту ба ҳамин ҷавон ба шавҳар баромадан мехоҳӣ ё не. Ба таври худашон домоди бою бадавлати арзанда ёфта, ҳаётамро сӯхтанд...
Хушдоманам дигар чиҳо гуфт, дар ёдам нест, чунки ҳушу хаёли ман ба марди дар минбар буда, банд гашт. Ман ӯро бо як нигоҳ шинохтам-ин ҳамон марди хушлибосе буд, ки шабҳо дуздона ба хонаи мо омада, то субҳ бо хушдоманам айшу ишрат карда мерафт.
Хулоса, аз ҳамон барнома фаҳмидам, ки ошиқи хушдоманам одами оддӣ не, вазир будааст.
Сирри нангини хушдоманамро фош созам?
Ростӣ, ман келин шуда аз хушдоманам ягон бадӣ надидаам. Модаршӯям ба ман бисёр меҳрубон аст, моҳе нест, ки бароям ягон ороишоти тиллоӣ ё туҳфаи қиматбаҳо нахарад. Дар ду соли зиндагиам аз хушдоманам он қадар туҳфаҳои зебое гирифтам, ки дар 23-соли ҳаётам ҳатто чоряки онро падару модарам накардаанд. Келинам ҳомиладор аст гуфта, хушдоманам намемонад, ки дастамро ба оби сард занам. Некиҳои ин зани зебою меҳрубонро надонам, кӯр мешавам, вале бо ин ҳама виҷдонам маро сахт азоб дода истодааст. Модаршӯям зани 45-сола бошад ҳам, ба назар хеле ҷавон менамояд, чунки бисёр зани олуфта буда, ба худаш зиёд диққат медиҳад. Ҳамеша бо атру упо ва усмаю сурма мегардад, ҷавонзани тозаву озода ва хушлибосу дилкаш аст. Одами дидагӣ ӯро 30-32 сола гумон ме кунад. Албатта ӯ ҳоло ҷавон аст ва дилаш меҳрубонию навозиш мехоҳад, аммо шавҳарам бо баҳонаи корҳои тиҷоратиаш мудом дар Русия бевабозӣ карда мегардад. Ман хуб медонам, ки хушдоманам барқасди шавҳараш бо ин мард мегардад, аммо бо ин ҳама барои ман, ки дар оилаи ботақво ба камол расидаам, таҳаммул кардани хиёнати зан нисбат ба шавҳар бисёр душвор аст. Дудила шуда, чӣ кор карданамро намедонам. Рози нангини хушдоманамро ба хусурам бигӯям, яқин дар хона ҷангу ҷанҷоли сахт мехезад, агар нагӯяму ин сирро аз забони ягон каси дигар шунаванд, эҳтимол шавҳарам аз ман ҳам гумони бад бурда, талоқамро диҳад.
Байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Кавалербозии модарашро ба шавҳарам бигӯям ё не?
Рӯдоба, ш. Душанбе