Formula novemver 2024
Гулчеҳраи норакӣ: Писарамро Акмал дар рӯзи равшан кушт
7881

                       
Писари ман Ислом ном дошт. Як моҳ пеш аз тарафи ҷӯраи ҷонияш Акмал кушта шуд.

Байнашон аз рӯи ким кадом духтари бероҳа муноқиша шудааст ва Акмали Худозада бо мех ба ҷигари писарам чанд бор пайдарҳам зада, ба марг маҳкум кардааст. Вақте дар хона будам, ҳамсояҳо хабар оварданд, ки дар сари кӯча Исломро Акмал куштааст. То ҷои ҳодиса гирякунон шитофтам. Писарам дар хоку хун олуда буд ва манзараро бо чашмони сарам дида, гирякунон “Мошин биёред, писарамро беморхона барем, ки мемирад”- гуфта, доду фиғон бардоштам. То мошин омад, ки писаракам Ислом рӯи дастонам “оча , ачаҷон... вай... “-гӯён, ҷонаш баромад. Писаракам чӣ гапи ногуфтание дошт, ки қуввати гуфтанашро накарда, рӯи дастонам ҷон дод. Он рӯзи даҳшатро ба ёд оварда, ҷигарам пора- пора мешавад. (Зан ин суханононро мегуфту зор зор мегирист).

Бубахшед, ки худамро дошт натавонистам. Худи ҳамон лаҳза ба милиса хабар додем. Акмалро дастгир карданд, вале бо дастгир кардани ӯ писари ман зинда намешавад. Аз гиребонаш дошта, гуфтам, ки писарам чӣ гуноҳ дошт, ки ӯро ба ин ҳол расондӣ?” Бехудои разил бо виқор сӯям нигариста гуфт: “Кампир шукр гӯй, ки каллаи писаратро нагирифтам, он вақт чӣ кор меардӣ?” Чунин ҳарф задани он беномусро интизор надоштам ва дигар худро дошта натавониста, дар назди кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз мӯи сараш дошта, сару рӯяшро харошидам ва ба рӯяш туф карда, аз милисаҳо талаб кардам, ки баред, ки рӯи ҳаромашро дидан намехоҳам.


Мехостам бо дасти худам ҳамсари ҷавонмаргамро гӯру чӯб кунам, вале хешу табораш таъкид кардаанд, ки занаш набиёяд, мо ба хуни вай ташнаем, агар биёяд, ӯро зинда ба зинда дар як қабр бо писарамон гӯр мекунем.


Хулоса, Акмали одамкушро суд карданд, аммо ман саломатиямро пурра аз даст додам. Марги фарзандро ҳеҷ кас набинад, азизон! Агар писари ман падар медошт, сӯзишаш шояд камтар мебуд, вале ман падарашро соли 1992 аз даст дода будам ва имсол бошад, писарамро дар рӯзи равшан куштанд.
Акмал 16 сол ҳукми зиндонро сазовор гардид. Дертар фаҳмидам, ки писари ман ба арӯси бероҳаи ӯ муносибати ошиқона доштааст ва ӯ аз Русия омада, инро мефаҳмад ва ба ҷони писари ман қасд мекунад. Аз минбари “Оила” ба кулли падару модарон гуфтаниям:
Имрӯзҳо қасди аз байн бурдани фарзанди як нафарро шунавам, чанд рӯз ба худ намеоям. Аз ҳамаи волидон хоҳиш мекунам, ки фарзандонашонро беназорат ва беаҳмият нагузоранд, зеро доғи ҳама чӣ равад, доғи марги фарзанд намерафтааст.
Гулчеҳра, аз деҳаи Ғофилободи ш. Норак

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД