arzon replenishment
Аҳволи муҳоҷирон чӣ шуд?
3780

Ҳамарӯза садҳо зангҳои телефонӣ ва мессеҷҳо ба идораи сомонаи Oila.tj ворид мегарданд.

Муаллифони онҳо бо изтироб хабар медиҳанд, ки онҳо дар аэропортҳои шаҳри Маскав, Туркия ва Дубай дармондаанд ва чӣ кор карданашонро намедонанд.
Тавре, ки ба сомонаи Оила хабар расид, миқдори мусофироне, ки дар фурудгоҳи ш.Истанбул ҷамъ омадаанд, қариб 500 нафарро ташкил медиҳанд. Аслан бештари онҳо занҳо мебошанд. Се рӯз қабл бо қувваи полис онҳоро аз бинои фурудгоҳ берун карданд. Эшон аз он шикоят доранд, ки ҳатто дар меҳмонхонаҳо барояшон ҷой намедиҳанд. Айнан чунин ҳолат дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово ва Внуково ҷой доштанд.


ШИРИ САФЕДАТРО БУБАХШ, ОЧАҶОН!


Хабарнигори Оила барои воқиф гаштан аз ҳаёти муҳоҷирон бо Рамзесс Шогунов ҳамсӯҳбат гашта, дақиқ намуд, ки муҳоҷиронро аз фурудгоҳи Жуковсийи шаҳри Маскав ба аэропорти Домодедово интиқол доданд.
Ин кор ба он хотир сурат гирифтааст, ки фурудгоҳи Жуковскийро барои дезинфексия омода месозанд. Ҳоло тахмин меравад, ки шумораи зиёди мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи Домодедево ҷамъ омадаанд.
Тавре, ки як манбаъ аз вазорати нақлиёт ба хабарнигори Оила хабар дод, пагоҳ охирин парвози “Тоҷик Эйр” аст ва танҳо мусофироне, ки то 25 март чипта харидаанд ва шаҳрвандони Тоҷикистонанд ба ватан баргардонида мешаванд.
Аз тарафи Тоҷикистон парвоз ба Русия ба касоне иҷозат дода мешавад, ки шаҳрвандии Русияро доранд.
Бо хоҳиши зиёди мухлисони сомона тасмим гирифтем, ки фардо (27 марти соли 2020) пахши мустақими хабарнигорони Оиларо бо шаҳрвандони хориҷӣ кишвар ба роҳ андозем.

Пахши мустақим дар ютубканали Oila. tj сурат мегирад. Шумо метавонед ба канали мо ворид шуда, дар шарҳ (комментария) саволҳои худро нависед ва ё пешакӣ ба рақамҳои (+992) 931807781 ва (+992) 938775114 занг зада, суолу дархостҳои худро пешниҳод намоед.
Дар наздиктарин фурсат ровии пахши мустақим Дурахшони Ортиқ бо мутахассисони соҳаи тиб ва муҳоҷират ҳамсӯҳбат гашта, ба суолу дархостҳои шумо посух медиҳад.

Фаромӯш насозед, фардо соати 12:00 ба вақти Душанбе пахши мустақими моро пайгирӣ намоед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД