Мақомоти интизомии Санкт-Петербург як гурӯҳ донишҷӯёни яке аз колеҷҳои шаҳри Петербургро боздошт намуд.
Ин ҷавонон дар лату кӯби як муҳоҷири Тоҷикистонӣ муттаҳам дониста мешаванд...
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, кормандони пулис як гурӯҳ ҷавононро боздошт намудаанд, ки дар латукӯби як муҳоҷири тоҷик даст доштанд,-хабар медиҳад "Невские новости".
Ба қавли ин манбаъ, шаш нафар донишҷӯёни пойтахти дуюми Русия аз ҳиссиёти миллатгароӣ як муҳоҷири тоҷикро дар заминаи хусумати миллӣ бераҳмона лату кӯб кардаанд. Дар хабар омадааст, ки ҳама шаш нафар ҳамлагарон донишҷӯёни яке аз коллеҷҳои шаҳри Петербург буда, ҳамсабақ мебошанд.
Ҳамла ба муҳоҷири тоҷик аввалҳои моҳи ноябр сурат гирифта, ӯро дар боғи Екатерингоф зери мушту лагад қарор додаанд.
Донишҷӯён аснои латукӯби муҳоҷири тоҷик аз ӯ талаб намудаанд, ки қаламрави Русияро тарк кунад ва ба ватани худ баргардад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алайҳи ин донишҷӯёни миллатгаро тибқи моддаи "авбошӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.
Дар Балашиха ҳамчунин ду корманди пулисро барои латукӯби муҳоҷирон аз кор пеш карданд.