Arzon march 2024
Духтари эркаамро чи гуна аз роҳи бад баргардонам?
6334

 

Солҳост, ки аз ғами духтари бероҳаам ғам мехӯрам. Бо ягон восита пеши роҳашро гирифта натавонистам. Хуни дил шуда, тамоми шароитро барояш муҳайё намудам, то аз рафиқонаш паст намонаду таънаи камбағалӣ нашунавад, вале бо ғамхориҳоям ба сарам бало харидам. Духтарам эрка шуда, оқибат беҷогардиро пеша намуд. Ягон зарра маро писанд намекунад. Ба гапам гап мегардонад, насиҳаташ кунам, дарҳол «кампири шилқин» гуфта, ба даҳонам мезанад. Падараш солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти яроқбадастон кушта шуду азобу уқубати фарзандон ба сари ман бор гашт. Як писару як духтарро бо чӣ қадар азобу уқубат калон кардам, танҳо худам медонаму Худованд. Дар бозор сабзавот фурӯхта, зиндагиро пеш мебурдам. Писарам бачаи ботарбияи бо нангу номус аст ва соли гузашта мактабро хатм намуда ҳамроҳи рафиқонаш мардикорӣ рафт, вале духтарам як офати тапа тайёр! Замони акааш дар хона будан каме аз ӯ ҳарос дошт ва бе иҷозаташ аз хона берун намерафт, вале аз рӯзе, ки писарам рафт, ин духтар балои ҷонам гашт.


Фирӯз Амирхонов, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ чанд рӯз қабл даст ба худкушӣ задааст. Ин ҷавони 18-сола баъди зани дигар гирифтани падараш худро ба дор овехтааст.


Дар пеши чашмам бо мардҳо чақ-чақ карда, баъзеашонро бешармона ба вохӯрӣ даъват менамояд. Ҷангаш кунам ба сарам дод зада «корат ба ман набошад» мегӯяд. Метарсам, ки ба доми мардони айёш афтида, нангу номусашро аз даст надиҳад. Ҷигарам аз дасти ин духтари беақл садпора гашта истодааст. Намедонам чӣ хел духтарамро аз роҳи бад гардонам. Ба бародараш занг зада, ҳама қилиқҳояшро гӯям, омада пора-порааш мекунад, нагӯям ин духтар торафт бе нӯхта шуда истодааст. Бегоҳирӯзиҳо мошинҳои қимматбаҳо назди хонаам омада духтарамро мепурсанду аз шарми ҳамсояҳо замин намекафад, ки дароям. Дар назди мардум маро сархаму шарманда кард ин духтари беақл! Шаҳлоямро аз роҳи бад чӣ гуна гардонам, мардум?!

Ширинмоҳ, аз 7 -ум км

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД