Ҳамсари ман бойдухтар аст, танҳо падараш не, бобову бобокалонҳояш низ сарватманд гузаштаанд.
Ростӣ, чӣ хел мо ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем, худам ҳам нафаҳмида мондам. Он вақт кӯр будам ё шавқу ҳаваси ҷавонӣ маро Маҷнун карда буд, ки ду поямро дар як мӯза андохта: «Хоҳед-нахоҳед, Оишаро мегирам» гӯён, падару модарамро маҷбур кардам, ки ба хонаашон хостгорӣ раванд. Волидонам ночор роҳи хонаи падари Оишаро пеш гирифтанд. Тарафи духтар аввал розӣ набуданд, вале баъд Оиша бо гиряву зорӣ волидонашро маҷбур кард, ки фотиҳа диҳанд. Кошкӣ розӣ намешуданду мани камбағал ба ин рӯзҳои сиёҳ гирифтор намешудам! Хулоса, падарам қарзу қаволаи бисёре карда, сари маро бо дӯстдоштаам ҷуфт кард. Ман ҳамчун фарзанди баномус бояд ба Русия рафта бо арақи ҷабин пул кор карда, қарзро бар мегардонидам, вале Оиша ҳатто як лаҳза аз пеши чашмаш дур рафтанамро нахоста гуфт: «Пул даркор бошад, ман аз падарам гирифта медиҳам, вале ту ба ҳеҷ куҷо намеравӣ!» Ҳарчанд фаҳмондам, ки ман як умр дар пеши ягон кас сар хам накардаам, аз падари ту ҳам муттаҳам будан намехоҳам, ба гапам гӯш накарда, ин бойдухтари пулмаст аз бародаронаш пул гирифта ба дасти падарам додааст, ки бурда ба қарздорон диҳад. Волидонам аз замин то осмон аз Оиша миннатдор шуда, келинашонро тори сар мекунанд. Ин эркакуниҳо занамро тамоман муғамбиру танбал кардаанд. Рӯзи дароз дасташро ба оби хунук назада аз ҷойи нишасташ ба хоҳаронам фармон медиҳад, ки ин корро кунеду он корро кунед. Рафтори занам ғаши маро меорад. Дар куҷо рост меояд, ки наход келин шинаду хоҳаршӯйҳо хар барин кор кунанд?! Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, падараш бо зангҳои баҳудаву беҳудааш ба асабам мерасад. «Домодтӯра, як чарх зада биёед, ҳавлиро рангу бор кардан даркор. Пагоҳ омада бехи гулҳоро чобуқ мекунед? Чайловро обрезка кардан лозим, кай меоӣ?» гуфтанашон чунон ба дилам задааст, ки рақамҳои хусурамро бинам, аллергия мешавам. Ҷонам ба лабам расида дирӯз ба занам ошкоро гуфтам, ки ман ғуломи зархариди падари ту нестам, бигӯй, ки дигар занг зада сари маро гаранг накунад. «Садқаи нону намаки падарам шавед»,- бидиррос зад Оиша ба таври худ ранҷида.
Гуфтам, ки агар ҳамон пулро дар назар дошта бошад, дасту панҷаам нашикастааст, ба Русия рафта кор мекунаму як тин намонда ҳамаашро бар мегардонам. Гумон доштам, ки баъди ин гап занам аз аспи ғурур фаромада узр мепурсад, вале ғайри чашмдошт арӯси пулмастам аз гиребонам гирифта гуфт: “Аввал талоқи маро деҳ, баъд чор тарафат қибла, ба куҷое, ки мехоҳӣ, бирав!» Ростӣ, баъди ҳамин гапаш дилам аз Оиша ях барин хунук шуда монд. Агар вай маро дӯст медошт, барои дупула гап шуда аз гиребонам намегирифт. Аз он ки тақдирамро бо ин бойдухтари беандеша пайвастам, сахт пушаймонам. Беҳуда ишқу муҳаббат гуфта худамро таънасори дӯсту душман кардам. Ҷӯраҳоям маро масхара мекунанд, ки духтари сарватмандро гирифта, хари даргоҳи падараш шудаам. Амакҳоям «рӯзат ҳамин, бачаи фиребхӯрда» гӯён, ба ҳолам механданд. Ба тамоми ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки пояшонро баробари кӯрпаи худашон дароз карда, мисли ман домони духтарҳои бойро надоранд. Бузургонамон беҳуда нагуфта будаанд:
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
Сиёвуш, аз маҳаллаи Гипрозем