Formula novemver 2024
Русия: Зиёфати бепул ба 700 муҳоҷирзани тоҷик
6645

Дар рӯзи таҷлили иди модарон дар шаҳри Москва ҷавонписари тоҷики зодаи Бадахшон бо исми Иззат дар тарабхонаи “Бадахшон” ба 700 муҳоҷирзани тоҷик аз ҳисоби худ зиёфат дод. Фазои тарабхонаро суруду мусиқиҳои миллӣ фаро гирифт. Ин занони дур аз оилаю ватан дар якчанд лаҳза худро дар дунёи афсонавӣ дарёфта, бо чеҳраи идона майдони рақсро гарм мекарданд.
Баъд аз нашр шудани видеои лаҳзаи миннатдорӣ ба ин ҷавонмарди боҳиммат дар шабакаи YouTube бо унвони “Кулуги бисер маш верод Иззатард!” (“Раҳмати калон ба бародари мо Иззат!”) корбарон дар шарҳҳои худ аз хизматҳои шорёни Иззат ёдовар шуда, аз номи тамоми сокинони Бадахшон ба ӯ миннатдорӣ баён карданд.


ХУДКУШИИ ЗАНИ МУҲОҶИР


Бояд гуфт, ки Иззат дар дилхоҳ ҳолат ба муҳоҷирони тоҷик дасти мадад дароз менамояд. Хайрхоҳӣ дар байни мардуми тоҷик расм буда, умедворем, ки сафи чунин ҷавонмардони шердил чун Иззат боз ҳам зиёдтар шаваду ин анъанаи нек идома ёбад.
Мо аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj низ ба ин шахси олиҳиммат барои хурсанд гардонидани дили модарону хоҳарони мо изҳори миннатдорӣ намуда, дар корҳояшон бурбориҳои беназирро хоҳонем!

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД