Sebiston new 2024 october
ШИРИ САФЕДАТРО БУБАХШ, ОЧАҶОН!
4471

 

"Очаҷон, шири сафедатонро пиҳил кунед. Мо дар иҳотаи коронивирус дармондаем ва роҳи бозгашт ба ватанро надорем. Зану фарзандонамонро ба шумову шуморо ба Худованд амонат месупорем..."- ин порча аз як мактуби бо ҳазор умеду андӯҳ навиштаи як гурӯҳ муҳоҷирбачаҳои тоҷик аст, ки дар шаҳри Москав қарор доранд.

Мунавара Ғафорова як муҳоҷирзани тоҷик аст, ки 15 сол боз дар шаҳри Москав кору зиндагӣ мекунад. Ӯ дар мавриди паҳншавии бемории коронавирус дар байни муҳоҷирон ба хабарнигори сомонаи Oila.tj гуфт:

“Ман худам ба ҳайси фурӯшанда дар мағозаи “Пятёрочка” кор мекунам. Шумо агар ин ҷо бошед, аз серодам будани мағозаи мо ҳуш аз саратон мепарад. Мағозаи мо хурд нест. Серхаридор шудани онро агар медидед, даҳонатон воз мемонд.

Қоил мешавам, ки ман ва дигар фурӯшандаҳои ҳампаҳлӯям дирӯз худаш 15 млн рубл маҳсулоти хӯрока фурӯхтем. Даромади як рӯз, ки маблағи ҳангуфт аст, роҳбарони мағозаи моро дар ҳайрат гузошт. Рафҳои мағоза аллакай пурра холӣ гаштаанд ва дастамон намерасад, ки аз ширкатҳои маҳсулоти хӯрока сари вақт бор оварда, онҳоро пур намоем. Сабаби серхаридор будани мағозаи мо тарси мардум аз коронавирус аст. Воҳима русҳоро ба таҳлука овардааст.

Ҳарчанд дар мағозаи мо 100 нафар “грузчик” кор карда истода бошанд ҳам, ба пур кардани рафҳои маҳсулотмонӣ дасташон нарасида истодааст. Инчунин, арзон будани молу маҳсулоти мағозаи мо мардумро бештар ба сӯи худ мекашад. Дигар мағозаҳо мисли маоғаи мо кор накарда истодаанд. Ман худам, ки кассир шуда кор мекунам, бо чашмонам ҳамаи инро мебинам”.

Дар асоси воҳимаву овозаҳо назорати муҳоҷирон сахт рафта истодааст. Тафтиши ҳуҷҷатҳо аз тарафи мақомот сари ҳар як қадам муҳоҷиронро дар ҳолати ногувор мегузорад. “Онҳо ба мо чун сироятшуда ё нафарони гунаҳгор нигоҳ мекунанд. Бечора муҳоҷирон сару калобаашонро гум кардаанд. Тамоми идораҳо серодам шудааст ва мардум барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон намедонанд, чӣ кор кунанд. Аз як тараф КАРАНТИН ва аз тарафи дигар санҷишу рейдҳо кори моро мушкил мекунад”, - мегӯяд бо афсӯс Мунавара.


ФАРИДУН: АГАР ПАДАРАМ БАРНАГАРДАД, ХУДАМРО МЕКУШАМ!


Ҷасур Аминов, муҳоҷири дигари тоҷик, ки 22 сол дорад, аз рейду тафтишҳои зиёд ва пул талаб кардани кормандони органҳои назоратӣ шикоят карда мегӯяд: “ҳуҷҷатҳоям сад фоиз дуруст буданд, лекин онҳо ақаллан дарунашро надиданд. Дарав пул пурсиданд ва бо телефонашон маро сабт карданд. Баъди ин ба идораашон бурданд. Идора, ки рафтӣ, чанд гуноҳи дигарро низ ба сарат бор карда, чанд ҳазор рубл талаб мекунанд. Агар соҳиб дошта бошӣ ё пуштат вазнин бошад, осон халос мешавӣ, набошад...”.

Ҳабибаллоҳ Исмоилов муҳоҷири дигари тоҷик, ки айни ҳол дар Русия қарор дорад, дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст: “Аз пагоҳ рӯза медорам, мардуми рус ҳам ба паника дода шуда, мағозаҳоро холӣ карда истодаанд”.

Мушкилии муҳоҷират ва фишор оврдан ба онҳо аз ҷониби низомиёни рус бори аввал нест. Қариб ҳар рӯз муҳоҷирони зиёде ба мо дар ин бора менависанд. Сомонаи Oila.tj ба мавзӯи муҳоҷират таваҷҷӯҳ дошта, ҳар як мушкилу масъалаҳои ба онҳо вобастаро пайгирӣ мекунад.


P. S: Баъд аз ду соат дар ютубканали Оила сӯҳбати хабарнигори моро бо Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов доир ба ин масъала тамошо кунед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД