Духтарҳои бахташон баста
Холаи Марям дар бисоташ ҳамагӣ ду духтару як писар дошт ва бисёр мехост мисли дигар ҳамсояҳояш духтарҳояшро бо тӯю тамошо ба шавҳар дода, қади арӯсиашонро дар бари домодҳои базеб бубинаду орзуву ормон шиканад, вале дари бахти фарзандонаш ҳеҷ кушода намешуд. Шаҳзодаю Меҳронааш ягон айбу гуноҳ надоштанд, вале аз чӣ бошад, ки касе ин духтарҳои пахта барин сафеду моҳ барин зеборо хостгор намешуд. Аниқтараш, хостгорон меомаданд, вале аз нимароҳ тасодуфан келини дигар меёфтанд. Ба шарофати духтарҳои холаи Марям нисфи духтарҳои деҳа шавҳардор шуданду Шаҳзодаю Меҳронаи соҳибҷамоли панҷ панҷаашон ҳунар ҳамоно бенасиб аз бахту шаҳди хонадорӣ буданд. Дар рӯяшон ошкоро нагӯянд ҳам, баъзе ҳамсояҳои бадзабон аз паси Марямхола миш-мишкунон мегуфтанд: “Духтарҳои ин занак пир шудаанду касе онҳоро келин намекунад, аз афташ ягон айб доранд”. Ин суханони нешдор ба ҷавшани ҷони модар мерасиданд, вале ҳарчанд ба чор тараф медавид, калиди қулфкушои бахти духтарҳояшро ёфта наметавонист.
Пешгӯӣ
Зулайхо ном як бонуи роздон, ки Марямхола чанд моҳ кофта-кофта, ниҳоят суроғаашро ёфта буд, пешгӯӣ кард:
-Меҳронаю Шаҳзода ягон зарра гуноҳ надоранд, духтарҳои бисёр зебо, боақл, меҳрубон, боодобу бамаънианд, вале бо ҳукми тақдир хеле дер ба шавҳар мебароянд. Беҳуда худатонро азоб надиҳед холаҷон, шумо аввал келин мефарореду баъд якбора ҳарду духтаратонро пайи ҳам ба хонаи бахташон гусел мекунед. Шаҳзодаю Меҳронаатон қариб ду сол пас шавҳар мекунанд, ҳомиладор мешаванд, вале...
Зулайхо давоми гапашро гӯё фурӯ бурда, лаб аз сухан барбаст.
-Вале чӣ?-Ҳаросон пурсид модар.
-Давоми роҳашон ким-чихел торик, ситораашон дигар наменамояд,-маънидорона гуфт Зулайхо ва лаб газид.
Марямхола он вақт ба ин гапи зани роздон чандон аҳамият надод, аниқтараш ба гуфтаҳояш бовар накард, аммо баъдтар ин суханонро ба ёд оварда, мушт бар сар мекӯфт...
Ишқи кенҷатой
Дар ин миён фарзанди хурдии Марямхола Самад ба духтараке ошиқи зор шуд ва ба ҷону ҳоли модар намонда ӯро ба хонаи дӯстдоштааш ба хостгорӣ фиристод. Марямхола мехост аввал духтарҳояшро ба хонаи бахташон гусел намуда, баъд келин биёрад, вале хоҳиши яккаписари кенҷагию эркаашро рад карда натавониста, аз пайи кулчаю тӯша шуд. Тарафи келин маътали ишорат будаанд, онҳо хостгоронро бо обу иззат қабул карда, дарҳол розигӣ доданд. Марямхола таъкид намуд, ки вай ду арӯси пайи шавҳаркунӣ дорад ва то духтарҳояшро ба хонаи бахташон гусел накунад, келин намефарорад. Қудоҳо ин шартро ҳам пазируфта, маросими фотиҳаро гузарониданду тӯйро ба соли дигар гузоштанд.
Амри сарнавишт
Аз байн як сол гузашт, вале Марямхола худашро ба садҳо дари дигар зада бошад ҳам, бахти Меҳронаю Шаҳзодаи синнашон ба 30-33 расида кушода нашуд. Самади ошиқ ба ҷону ҳоли кампир намонда, ҳар рӯз талаб мекард, ки аз паси тӯйи вай шаванд, зеро тарафи арӯсро ин қадар интизор намудан аз рӯйи одамгарӣ ва оини ҷавонмардӣ нест. “Аз афташ пешгӯии ҳамон Зулайхо рост мебарояду келин фароварда баъд духтарҳоямро гусел мекунам” гӯён, модар дар тарадуди тӯй шуд.
Рӯзи нишот
Тамоми орзуву ормони солҳо дар дил ниҳонкардаашро Марямхола дар тӯйи писараш шикастан хоста барои арӯси нозанини Самад чунон ҷиҳози зебое бурд, ки даҳони хешу табор ва ҳамсояҳои қудо воз монд. “Кампир беҳуда тӯйро як сол кашол надода будааст, барои келинаш гули чизро ҷамъ кардааст” гуфтанд ҳама занҳои он рӯз ба зиёфат омада. Ҳамин тавр холаи Марям тӯю сур ороста, зери навои шодонаи карнаю сурнай келинашро ба хона овард.
Тӯй болои тӯй
Самаду Назира нуҳ моҳ пас якбора соҳиби ду тифлаки зебо шуданд. Марямхола набераҳои дугоникаш Фотима ва Зуҳроро бо муҳаббат ба оғӯш гирифта, орзу мекард, ки духтарҳояш ҳам ба чунин хушбахтӣ сазовор гарданд. Аз ҳаваси зиёд вай набераҳояшро дар хонаи худаш гаҳворабандон карда, тамоми хешу таборро ба меҳмонӣ даъват намуд. Пою қадами дугоникҳо сабук будааст ё бо амри тақдир фурсати амалӣ гаштани пешгӯӣ фаро расид, ки пас аз гаҳворабандон якбора ҳам ба Шаҳзодаю ҳам ба Меҳронаи нозанин хостгорони ҷиддӣ баромаданд. Гапашон ба зудӣ пухт ва дар хонадони кампири Марям тӯй болои тӯй барпо гашт. Марямхола ҳарду духтарашро якбора, дар як рӯз ба хонаи бахташон гусел намуда, ба Шаҳзодаю Меҳрона дуои сафед дод ва орзу кард, ки тезтар Худованд ба онҳо ҳам Фотимаю Зуҳро барин тифлакони дӯстрӯяк диҳад, вале...
Арӯси дар хун ғарқ
Пас аз як соли хонадорӣ духтари хурдии Марямхола-Меҳрона соҳиби фарзанд шуд, вале баъди таваллуд карданаш ҳеҷ хун манъ намешуд. Духтурҳо гуфтанд, ки ин ҳолат дар баъзе занҳо рӯй медиҳад ва 40 рӯз пас мегузарад, аммо аз байн ду моҳ гузашту хун ҳамоно мерафт. Меҳрона мадоре надошт, ки духтарчаи навзодашро нигоҳубин кунад, парастории кӯдакро Марямхолаи ба мӯяш сафедӣ бар уҳда дошт. Ҳолати Меҳрона рӯз то рӯз бадтар мешуд. Шавҳараш ғур-ғуркунон ӯро боз барои ташхис бурд. Маълум шуд, ки ҷавонзан ба касалии саратони бачадон гирифтор асту аз умраш рӯзҳои башумор мондаанд. Фиғони модари зор бо шунидани ин шумхабар ба фалак дакка хӯрд. Марямхолаи хуниҷигар барои ба дарди духтари наварӯсаш дармон ёфтан худашро ба сад дар зада бошад ҳам, ҷони Меҳронаашро аз панҷаи марг наҷот дода натавонист. Рӯзе, ки духтарчааш семоҳа шуд, модари ноком, Меҳронаи нозанин аз касалии саратон ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурд. Марямхола дар ҷанозаи духтари нокомаш рӯю мӯяшро канда, сарашро ба дару девор мезаду мисли абри навбаҳор зор-зор гириста мегуфт: “Меҳронаҷони номуродам, чаро якбора аз ин олам рахти сафар барбастӣ?! Ман тоби кӯдакбонӣ надорам, ҷони оча, чашмонатро як борак кушою ҳоли зори модари сарсафед ва тифлаки маъсуматро бин. Наход ба ҷигари сӯхтаи мани зор ва нигоҳи ташнаи меҳру лабони ба шири модар зори фарзандат раҳмат наояд...”
Модари зор мегуфту мегирист, мегуфту мегирист, аммо дигар гиряву нолаю зориҳояш ба гӯши арӯси нокоми ҷавонмарг намедаромаданд. Мардони деҳа тобути хуншори Меҳронаи нозанинро базӯр аз чанги модари синачок раҳо намуда, сари китф бардоштанд ва роҳ ҷониби водии хомӯшон пеш гирифтанд.
Ғам боли ғам
Марямхола нав маросими чили духтари ҷавонмаргаш Меҳронаро дода буд, ки Шаҳзодаро дарди зодани фарзанд гирифт. Модари мотамзада оҳи сарде кашида ҳамроҳи духтараш ба таваллудхона равон шуд. Акнун чеҳраи кампир аз пайки наберадор шудан гул барин шукуфон набуд, зеро аллакай моргазида шуда буд ва метарсид, ки ҳангоми таваллуд кардан ин духтараш ҳам ба ягон мушкилот дучор нашавад. Беҳуда “дил гувоҳи ҳақ аст” нагуфтаанд, тақдири Марямхола ин дафъа ҳам пастӣ карду духтараш Шаҳзода писарчаи мурда таваллуд кард. Духтурҳо барои ба ҳуш овардани Шаҳзодаи бетолеъ се шабу се рӯз нахобида талоши зиёд карда бошанд ҳам, ғолиб омада натавонистанд. Субҳи рӯзи чорум ҷасади Шаҳзодаро ба хонаашон оварданду фиғони кампири Марям ба фалак печид. Модари зор ба тақдир тан надода, рӯю мӯйканон ба сари писараш дод мезад:
-Апаат зинда аст, тезтар рафта мулло Ниёзро биёр, дуохонӣ кунад, духтарам сиҳат мешавад!
Самад ҳарчанд кӯшиш мекард ба модараш ногузирии амри Худованд ва даво надоштани дарди аҷалро фаҳмонад, намешуд, кампир ду пояшро ба як мӯза андохта, талаб мекард, ки тезтар муллоро биёрад. Ҷавон ночор сар ҷумбонда ба хонаи мулло Ниёз рафт ва вазъиятро ба домулло фаҳмонда, зорӣ намуд, ки барои таскини дили модар ба хонаашон рафта, дар болои сари апаи фавтидааш “Ёсин” бихонад.
Мурда зинда шуду...
Вақте ки мулло Ниёз бори сеюм сураи “Ёсин”-ро мехонд, баногоҳ Шаҳзода чашмонашро калон-калон кушод. Зинда шудани мурдаро дида хешу ақрабо ва ҳамсояҳои дар болои сараш нишаста ба даҳшат афтиданд ва гӯё вай онҳоро мехӯрда бошад, доду фиғонкашон худро ба берун заданд. Мардум гиребони тавба медоштанду модари гирён оби чашмонашро бо гӯшаи қарси сафедаш поккунон Худоро шукр гуфта, сару рӯйи духтарашро сила мекард. Дар лабони Самад ва шавҳари Шаҳзода низ ханда дамид. Мулло ёсинхониро тамом карду Шаҳзода ба гапзанӣ даромад. Акнун хешу ақрабо дар гирдаш давра нишаста, барои чунин муъҷиза офаридгорро шукргузорӣ менамуданд, вале...
Бозии тақдир
Дубора зинда шудани духтараш кампири Марямро ҳамагӣ се рӯз шод карду халос, аз афташ Шаҳзодаи ба коми аҷал афтида хона равшан карда будааст, ки субҳи рӯзи чорум боз чашмони зебояшро пӯшид. Марямхола ин дафъа худаш ба хонаи мулло Ниёз давида, домуллоро гирифта овард, лекин дигар сураи “Ёсин” духтарашро зинда накард. Шаҳзодаи номурод ин дафъа чашмонашро абадан аз олам пӯшида, ҷони ширинашро ба ҷонофарин супурда буд. Нолаҳои зори модари зори ду гулдухтари ҷавонмарг дили сангро об мекард, вале тақдирро тадбир набуд. Хешу ақрабо қатори Марямхола зор-зор гириста тобути Шаҳзодаи нокомро ба водии хомӯшон бурда дар паҳлӯи хоҳаракаш Меҳрона ба хок супурданд.
Касе намедонад, ки дубора зинда шудани Шаҳзода ва баъди се рӯз аз нав мурданаш муъҷиза буд ё санҷиши Худованд барои бибӣ Марям.
Нолаи модар
Аз фазои хонаи кампири Марям то ҳол ҳар саҳар баробари дамидани субҳ нолаи ҷонкоҳи ин модари зори ҷигархун ба фалак мепечад: “Духтарони ормониям, гуларӯсони ҷавонмаргам, модари пиратонро партофта куҷо рафтед?! Бе шумо ин зиндагӣ ба ман чӣ лозим?! Худоҷон, дигар зистан намехоҳам, тезтар ҷони маро бигир, то ба назди духтараконам равам...”
Пас аз дафни Шаҳзодаи ҷавонмарг дигар холаи Марямро шинохта намешавад. Марги пайдарпайи ду гулдухтари нозанинаш пару боли модарро шикастааст. Чеҳрааш мисли барги хазон зарду чашмонаш ким-чихел беҷо метобанд. Хешу ақрабо ва ҳаққу ҳамсояҳо Марямхоларо насиҳат мекунанд, ки бисёр нола карда, худашро афгору руҳи фарзандони ҷавонмаргашро ноором насозад, вале магар ин панду андарзҳо ба гӯши модари аламзада медарояд?! Дарди дили бибӣ Марями ҷигарсӯхтаро фақат касоне мефаҳманд, ки ғами фарзанд аз сарашон гузаштааст. Худованд ба сари ягон кас чунин рӯзи сиёҳро набиёрад...
Ҳанифа
Таҳияи Гулнисои Ҳикматулло