Arzon march 2024
Моиндари бадтар аз мор (Қисми 5, анҷом)
2224

 

Вақте ки чашмонамро кушодам, аллакай дар зиндон будам ва як гурӯҳ занону духтарони маҳбус дар атрофам чарх мезаданд. Чашмонамро кушоданамро дида яке аз онҳо, ки бисёр бадхашм менамуд, амр кард:

-Бархезу бо мо шинос шав! Ту бо ҳукми одамкӯшӣ ба ин ҷо афтидаӣ?!

-Ман одамкуш нестам! Маро бо тӯҳмат зиндонӣ карданд. Дер ё зуд бегуноҳиям исбот мешаваду аз ин ҷо мебароям,-гуфта қасам хӯрдам, ки ягон ҷиноят содир накардаам.

Садои қаҳқаҳаи занҳо баланд шуда дар дилам оташи тарсро аланга дод.

-Ин духтар бисёр бағайрат метобад, ӯро наздиктар биёред,-амр кард боз ҳамон зани бадхашм.

Ду духтар ба ман наздик шуданд, то аз китфонам дошта маро ба сардорашон наздиктар баранд. Бонг задам, ки ба ман кордор нашавед.

-О ин гургбача барин-ку! Як бори дигар маҳмадоногӣ кунад, метавонед забонашро аз ҳалқаш канда гиред,-гуфт сардори занҳои маҳбус ба духтарҳо ва рӯй ҷониби ман гардонда бо чашмони зарди гургонааш бадхашмона ба рӯям зеҳн монда нигаристу амр кард, ки наздаш равам. Монанди заргӯшаки дар лонаи мор афтида тарсону ларзон ба вай наздик шудам. Номамро пурсид.

-Озода ном дорам. Моиндарам маро бо тӯҳмат зиндонӣ кард. Падарамро худаш бо табар зада кушту дар байни ҳаққу ҳамсояҳо овоза паҳн кард, ки Озода кушт. Ман бегуноҳам. Ба худо қасам, ки касеро накуштаам. Боварӣ дорам, ки дар кунҷи зиндон пӯсида хоб намеравам. Имрӯз ё фардо бегуноҳиямро исбот карда, маро озод месозанд,-сар ба зер афканда гуфтам дар ҷавоб.

 


20 сол қабл Ҷама Ҷурабоев дар Туркия шабҳо дар болои қуттиҳои картонӣ дар фарши интернет-клуб хоб мерафт, имрӯз бошад, ҳамчун яке аз “консепт-дизайнер”-ҳои (ороишгар ва рассом дар соҳаи синамо, бозиҳои компютерӣ) серхаридори олам ба шумор меравад. Ӯ чеҳраи қаҳрамононро барои кинематографияи коиноти Marvel ва Ҷорҷ меофарад. 

 

 


-Озод мекунанд! Хобатро ба об гӯй духтарак, то срокат адо нашавад, дигар аз ин зиндон раҳоӣ надорӣ! Озодахони бегуноҳ, беҳтараш хаёлҳои хомро аз сарат дур кун, акнун ту то мурданат дар ҳамин ҷо мемонӣ,-захрханда кард сардори занҳои маҳбус ва ба яке аз духтарҳо рӯй оварда таъкид намуд:

-Зая, тамоми шарту шароит ва қонуну қоидаҳои ин ҷоро ба ин духтар фаҳмон. Мабодо аз хизмат кардан ба мо саркашӣ кунад, нохунҳояшро бо анбӯр канда мегирем!

Зая ба ман қоидаҳои дар зиндон зинда монданро фаҳмонда дод. Барои он, ки ҷон ба саломат барам, ман бояд мисли ғулом ба онҳо хизмат мекардаам.

Канизак

Дар бадали ду рӯз бо мушту лагад он қадар алови чашмамро гирифтанд, ки аз он ғайрати пештараам ному нишон намонд. Акнун ман аз тарси ҷон тамоми кори мефармудаашонро иҷро мекардам, пойҳои Ҷамиларо мемолидам, либосҳоро мешустам, хуллас, канизаки тапа тайёр будам. Маро мисли хар кор фармуда боз ба ҳолам механдиданд ва худо накарда, ягон камбудӣ аз ман гузарад, азоб медоданд. Гириста-гириста либосҳои тагпӯши Ҷамиларо, ки бисёр бадбӯй буданд, мешустам ва Худоро зорӣ мекардам, ки ба ҳолам раҳм карда, маро аз ин гирдоби бало озод намояд.

 

Аёдат

 

Рӯзе муаллим ба айёдатам омад ва маро барои сӯҳбат кардан ба ҳуҷраи махсус бурданд. Ҳамсояи дилсӯзамро бо халтаҳои пурбор дида аламам рӯ заду пеши пояш афтода, гиряву зорӣ намудам, ки маро аз ин дӯзах халос кунад. Дар чашмони муаллим ашк ҳалқа зад ва маро аз замин бардошта, оби дидаамро поккунон гуфт:

-Туро рӯзҳои наздик аз инҷо мебарорам, ғам нахӯр духтарҷон!

Сӯҳбати мо бо амри посбонон хеле зуд хотима ёфт ва муаллим маро ба Худо супурда баромада рафту ман бо халтаҳои пурбор боз вориди камераи худ шудам. Маро бо дастони пурбор дида, занҳо мисли галаи гургҳои гурусна ҳамакаса сӯям ҳуҷум карданд ва сеткаҳоямро кашида гирифтанд. Қанду қандалотро аз халта бароварда гӯё саг бошам, аз дур ба ман нишон медоданд ва «Белка, баҳ-баҳ» гӯён, масхараомез қиқир-қиқир механдиданд. Зор-зор гириста ба моиндари золим, ки маро ба чунин рӯзи сиёҳ гирифтор намуд, ҳазорон бор лаънат мехондам.

Нақшаи хунин

Эҳсос мекардам, ки Ҷамилаи маккора маро чашми дидан надорад ва сояамро аз девор метарошад. Шабе тасодуфан пичир-пичирашро бо дугонааш шунидаму ҳуш аз сарам парид. «Ин духтар одамкуш аст, аз вай ҳама корро интизор шудан мумкин. Тезтар ин аҷинаро куштан даркор, то ба мо ягон зиён нарасонад»,- мегуфт Ҷамилаи золими худонотарс. Дасту пойҳоям суст шуданд, нафас дар гулӯям печид ва мадорам хушкид. Андеша кардам, ки агар худамро эҳтиёт накунам, ин нохалафҳо ба ман ягон рӯз зарари ҷиддӣ мерасонанд. Илоҷе карда, корди калонеро, ки Зая ҳамеша дар таги болинаш нигоҳ медошт, дуздидам ва дамидани субҳро интизор шудам.

Ҳуҷум

Субҳ дар вақти шустушӯй Зая оҳиста аз пасам гузашт. Аз чашмони беҷояш фаҳмидам, ки ин золим чи коре карданист. Гургона ҳар қадами маро назорат карда, пайти муносиб меҷуст. Дастонамро пок карда, нав аз дар баромаданӣ будам, ки «имрӯз рӯзи охирини зиндагии туст» гӯён, анбӯри калоне дар даст ба ман ҳуҷум кард. Чолонока сарамро хам кардам, дасташ ба девор бархурда зарб ёфт. Зая маро дашноми қабеҳе дода, боз ҳуҷум карданӣ шуд, вале ман аллакай худро ба даст гирифта будам ва корди калонро бароварда таҳдид намудам:

-Зая, агар боз як қадами дигар монӣ, аз худат гила кун! Қасам ба номи худо, бо ҳамин корди худат ҷигаратро пора-пора мекунам!

Ин дам боз ду косалеси Ҷамила пайдо шуда, ба ман ҳуҷум намуданд. Занозанӣ сар шуд, қувваҳо нобаробар бошанд ҳам, мани нисбатан ҷавон ба онҳо имкон намедодам, ки ба мақсади нопокашон бирасанд. Мисли қаҳрамонҳои филмҳои боевикӣ яктояшро ба лагат мезадаму дигарашро бо мушт, сеюмашро тела зада, дур мекардам. Ногоҳ дидам, ки Зая корди дар вақти кашмакаш аз дастам афтида ба зери крани об парида рафтаро гирифта истодааст, ҷонҳавл сӯйи даре, ки посбон он ҷо менишаст давида, имдод хостам. Посбон дар як дам бонги изтиробро зер кард ва лаҳзае нагузашта гурӯҳи калони зиндонбонҳо аз дар даромаданд. Сардори маҳбас ҳамаи моро қатор карда, сабаби моҷароро пурсид. Ҷамилаи маккора ҳозирҷавобӣ карда гуфт:

-Гунаҳгор маълум, ана ҳамин одамкуше, ки ба ин ҷо овардед! Ин духтар ҳамаро ба дод овардааст. Ҳар рӯз бо корд таҳдид карда, мегӯяд, ки ҳамаи моро мекушад. Ҷонамонро ба лабамон расондааст!

Зая ва дигар косалесонаш суханони Ҷамиларо тасдиқ намуданд ва боз маро гунаҳкор бароварда, ҷазо доданд. Акнун ман бояд даҳ рӯз дар камераи танҳо менишастам.

Раҳми Худо

Пас аз даҳ рӯз маро ба камераи дигар гузаронданд. Худованд раҳмамро хӯрду ин дафъа бо одамони худотарс рӯ ба рӯ кард. Занҳое, ки ҳамроҳам буданд, ҳамаашон қуръонхон буданд ва намозро тарк намекарданд. Ҳафизамоҳ ном бибимуллое ҳамроҳамон буд ва ҳамеша моро насиҳат карда, мегуфт, ки аз роҳи ҳақ дур нашавем, Худованд албатта ба имдодамон мерасад. Ҳама ба ҳамин бибиотун итоат менамуданд. Ҳафизамоҳ маро духтарҷон мегуфт ва намемонд, ки ба поям хоре халад, зеро қиссаи золимии моиндарамро шунида, ба ҳолам раҳмаш омада буд. Занҳо кору кирдори моиндари худонотарсамро шунида, даст ба гиребон бурда, тавба мекарданд ва лаънаташ мехонданд.

Поёни шаби сиёҳ                  

Хулас, баъди шаш моҳ шаби сиёҳи ман поён ёфт. Муаллим як адвокати хуб ёфта, тавонист бегуноҳии маро исбот созад. Дар асоси баёнотҳои шоҳидон суд дубора барпо шуд. Олоти куштор-табарро кофта ёфтанд ва ба экспертиза фиристоданд. Ташхиси экспертӣ исбот намуд, ки дар табар изи дасти ман не, пайи ангуштони моиндарам нақш бастааст. Моиндарам дириқ-дириқ ларзида менишаст. Дар рафти мурофиа чӣ гуна шоҳидонро харидани моиндарам фош шуд. Ҳамсоязане, ки шоҳидии бардурӯғ дода, боиси зиндонӣ гаштани ман шуда буд, гириста-гириста узр пурсид ва қиссаи тарпочагию ҷодугариҳои моиндарамро як ба як гуфта дод. Муаллим гузаштаи талхашро дар сари суд қисса намуда, чӣ гуна зан будани моиндарамро пурра фош кард. Ҳамин тавр бегуноҳии ман исбот шуд ва аз зиндон озодам намуданд. Моиндарам 16 сол ҳукм гирифт ва аз ҳамон толор ба дастонаш завлона зада бурданд. Вақте ки ӯро аз дар мебароварданд, бо тамоми овоз дод зада гуфтам:

-Акнун дар зиндон пӯсида мурдан навбати туст! Арвоҳи падари бегуноҳам намегузорад, ки ту зинда аз он ҷо бароӣ!

Хона не, лонаи чуғз

Моиндарамро ба зиндон бурданду ману муаллим ба хона баргаштем. Хона не, лонаи чуғзро мемонд манзили падарам ва дигар поям намекашид, ки аз дар бароям. Бо маслиҳати муаллим ва фарзандонаш ҳавлиро фурӯхтам ва аз маркази шаҳр хона харидам. Бо мадади муаллим ба донишгоҳ дохил шудам. Соли дуюми донишҷӯиям муаллим маро ба писараш Довуд келин кард.

Бахти деромада

Имрӯз зиндагии ширин дорам. Ҳар гоҳ, ки ба деҳа хусуру хушдоманамро хабаргирӣ равем, албатта сари манзили падарам рафта, фотиҳа мехонем. Писарчаи дустӯяк дорам ва бо шавҳари меҳрубонам хушбахттарин зани оламам, вале гоҳ-гоҳ рӯзҳои талхи гузаштаро ба ёд оварда, ашк мерезам. Худованд инсони покдилу покниятро танҳо намегузоштааст, ман инро дар таҷрибаи зиндагии худам дарк кардам. Худо ёратон бод!

Озода

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД