arzon replenishment
Занро барои ба шавҳараш занг задан зиндон карданд
4342


Кормандони пулиси Роттердам занеро барои ба шавҳари собиқаш дар як ҳафта 65000 маротиба занг заданаш ҳабс карданд.

Ҷавонмарди Роттердамӣ ба пулис муроҷиат карда гуфтааст, ки ҳамсари собиқаш бо зангҳои пай дар паяш ҷони ӯро ба лабаш оварда, дар давоми як ҳафта 65000 маротиба ба ӯ телефон кардааст. Ба гуфти ҷабрдида, айбдоршаванда дар як рӯз ба ӯ 178 маротиба занг зада ба ғайри ин смс ва паёмакҳои электронии зиёд равон мекардааст.

Дар муҳокимаи якум судя ҷавонзанро ба таъқиб муттаҳам карда ба маҳбас равон кардан мехост, вале ҳимоятгарони зан гуфтанд, ки байни ин ҷавонон муносибати ошиқона вуҷуд дорад. Ҷавонмард инро рад карда мегӯяд, ки бо зани собиқаш дер боз дар робита набуд.

Кормандони пулис телефони айбдоршавандаро санҷида диданд, ки дар он танҳо рақами шавҳари собиқаш сабт шудаасту халос.

 


Ҳамин тавр мани қотил ба зиндон афтидам. Муддати ду сол мешавад, ки дар маҳбас ба сахтӣ рӯз гузаронида истодаам.

4loB1NuJY0b0XkuSOThmPAhi0b4NKUFlLn4ex362

 


Дар муҳокимаи дуюм судяҳо айбдоршавандаро озод карда, таъкид намуданд, ки дар ҳолати такрор кардани ин “ҷинояти вазнини” ӯро ҳатман ба ҳабс мегиранд. Зан дар толори суд ваъда дод, ки дигар ба шавҳари собиқаш занг намезанад, аммо баъди як соат боз ба собиқ шавҳараш телефон карданро шурӯъ карда, билохира барои зангҳои пай дар паяш ба зиндон афтид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД