Arzon march 2024
Қафас дар хоб, роҳ ба сӯи зиндон аст?
4429


Санг
Санг дар хоб ба маънои афроди дағал, фориғбол, ҷоҳил, беҳавсала меояд. Рафту шахси камбағал хоб бинад, ки бо чӯб ба санге мезанаду аз он санг об мешорад, сарватманд мегардад, рафту шахси сарватманд чунин хоб бинад, сарваташ дучанд мегардад. Шахсе, ки дар хобаш дар даст санг меқапад, хислати душвор дорад. Дар хоб афтидани санг ба мавзеи шинос шаҳодат аз он аст, ки дар ин мавзеъ фоҷиа ва ҳатто куштор сар мезанад. Хоб дидани тӯдаи санг маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дучори ҷаҳолат, дағалӣ ва фориғболӣ мегардад. Дар хоб ба санг мубаддал гаштан маънои бераҳм ва дағал гаштани инсонро дорад. Дар баъзе ҳолатҳо агар шахси чунин хобдида бемори вазнин бошад, вафот мекунад. Сангча дар хоб боигарӣ аст.

Канали об
Канал ё ҷӯйбор дар хоб ба маънои роҳ ва сарчашмаи даромад аст. Нафаре, ки дар хоб аз канал об менӯшад, зиндагии хушу гуворо насибаш мегардад.

Завлона
Худро бо завлона хоб дидан маънои ба наздикӣ ба сафар баромаданро дорад.

Корвон
Корвон, қофила дар хоб аз савдои бобарору сердаромад дарак медиҳад.

Қалам, ручка
Қаламу ручка дар хоб дониш, аз ёдкунӣ ва касбу кори бонуфуз ишора мекунад.

Пакана
Пакана дар хоб нишонаи он аст, ки хизматҳои шумо қадрдонӣ мегардад ва дар зиндагӣ комёб мегардед.

Киса
Киса дар хоб шаҳодати камбағалӣ ва қашшоқӣ аст.

Минбар
Нафаре, ки дар хобаш аз минбар сухани нек ба забон меорад, ба пояи роҳбарӣ ва қудрат мерасад.
Сулфа
Дар хоб сулфа кардан маънои шиква карданро дорад. Сулфаи буғикунанда шаҳодати марг аст.

Хона
Нафаре, ки дар хобаш хона мехарад ё ба ӯ хона туҳфа мекунанд, ба сафари роҳи дур мебарояд.

Ханҷар
Нафаре, ки дар дасти худ ханҷар хоб мебинад, ба боигариву қудрат мерасад. Хобе, ки дар он ханҷар дар дасти дигарон аст, аз хатар огаҳ месозад.

Хишт
Хишт дар хоб ҷамъшавии сарват аст, нафаре, ки дар хобаш хишт ба даст меорад, соҳиби дороии тайёр мегардад. Агар дар хоб аз девори хонае як хишт кам карда шавад, пас аъзоёни ин оила якто кам мешаванд. Хишти оташгирифта дар хоб нишонаи нек надорад, модоме хишт оташ гирифта бошад, оташ таҷассумгари шайтон аст.

Кафи даст
Кафи даст дар хоб қувваи мард аст. Кафи кушодаи даст маънидодкунандаи он аст, ки нӯшу неъматҳои дунёӣ ва зиндагии пурнишот насиби марди чунин хобдида мегардад.

Наҳанг, кит
Наҳанг дар хоб ба ҳаяҷону изтироб, бадбахтӣ ва қаҳру ғазаб ишора мекунад.

Гӯристон
Қабристон дар хоб ба хонаи охират, панду насиҳат ва худотарсӣ ишора мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо гӯристон дар хоб ба маънои марг меояду гоҳи дигар аз маҳбасӣ шудани инсон дарак медиҳад. Баъзе уламо бар онанд, ки қабристон дар хоб ба саломатии хуб ва умри дароз ишора мекунад, вале тоифаи дигари уламо қабристонро дар хоб баёнкунандаи муфлисӣ ва бепулӣ мешуморанд.

Анбор
Нафаре, ки анборро хоб мебинад, барои ба даст овардани ризқу рӯзӣ дучори азобу машаққати зиёде мегардад.

Қафас
Қафас дар хоб маҳбас аст. Қафаси шикаста ё дуздидашуда нишонаи ба озодӣ баромадани инсонро дорад. Қафаси пур аз парранда таҷассумгари зиндагии пурнишот аст. Қафаси холӣ аз низоъ ва бетартибӣ дар хонаи шумо далолат медиҳад.

Кана
Кана дар хоб нишонаи ранҷиш, дилмондагӣ ва таҳқиру хорӣ аст. Тахтакана (клоп) бошад, шаҳодатгари боигарӣ ва шиносоӣ бо шахси хира аст.

Калид
Калид дар хоб маънои ба лутфи Худованд ноил гаштан ва ба душмани худ мағлуб шуданро дорад. Нафаре, ки дар дасти худ бастаи калидҳоро мебинад, ба қудрат ба даст меорад. Бо калид дарро кушодан маънои осон гаштани мушкилиҳоро дорад. Дар хоб гум кардани калид нишонаи талафот ва ноумедӣ аст. Ёфтани калид дар хоб пешравии корҳоро пешгӯӣ мекунад.

Қасам
Нафаре, ки дар хобаш сидқан қасам мехӯрад, ғолиб меояд ва дар зиндагӣ сухани ҳақ ба забон оварда, боадолат аст. Дар хоб қасами дурӯғ хӯрдан маънои мағлуб гаштан, гуноҳи марговар содир кардан, хору залил гаштан ва пушаймон шуданро дорад. Рафту нафаре дар хоб бо салиб, ситора, баҳр ё чизи дигаре қасам ёд кунад, ин нафар гумроҳ гаштааст ё дурӯя аст. Ба номи Оллоҳ қасам хӯрдан дар хоб шаҳодати он аст, ки шахси чунин хобдида суннатҳои Оллоҳро риоя менамояд. Дар хоб қасам ёд кардан нишонаи он аст, ки корҳои нек амалӣ мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД