(Идомаи қисса)
Аз ҳамон рӯз сар карда дигар фикру хаёлам ҳамеша банди ҳамин духтари зебо буд.
Шамсия ҳам аз афташ маро нағз дида буд, зеро ҳар рӯз ягон китобро бардошта меомаду ин ҷояшро нафаҳмидам, он ҷояшро нафаҳмидам гӯён, баҳона меҷуст. Рӯзе журнали синфро наёфта аз пайи кофтукоб шудам. Ногоҳ Шамсия хандакунон аз дар даромад ва «муаллим инро гиред» гуфта журналро дода тозон баромада рафт. Журналро кушода дидам, ки хатчаеро дарунаш гузоштааст. Саросемавор номаашро кушода хондаму ҳуш аз сарам парид: «Муаллим, ман шуморо дӯст медорам. Орзу доштам, ки ба шумо барин ҷавони зебо ба шавҳар бароям» навишта буд Шамсия. Субҳи дигар вориди синфхона гаштам.Шамсия беқаророна ҳар дам сӯям чашмак мезад ва чашми ҳамсинфонашро хато карда ба ман бӯсаҳои ҳавоӣ мефиристод.
Пас аз дарс хеле танбеҳаш додам ва насиҳат кардам, ки ақлашро ба сар бигирад, вале ман тут мегуфтаму ӯ бед мефаҳмид ва ду пояшро ба як мӯза андохта «муаллимҷон, илтимос, маро ба занӣ гиред, ғуломи ҳалқабардӯшатон мешавам» гуфта ронҳои поямро ламс мекард.
Себҳои ҷодушуда
Хуллас, таҷрибаомӯзии мо хотима ёфт. Шамсия рӯзи гусел ба дастам як сабад себу анор дод, ки ба шаҳр бурда хӯрам. Раҳораҳ се- чор себро хӯрдам, лаҳзае пас дар даруни дилам гӯё гулхани оташи ишқаланга зад. Симои Шамсия ҳар дам пеши рӯям меомаду дилам ба ёдаш гум мезад. Гулноз ном дӯстдоштае доштам. Гулноз дастаи гул дар даст баробари аз мошин фаромадан ба истиқболам давид, вале сӯяш ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда рафтам. Шамсияро дӯст дошта будам ва акнун Гулноз дар назарам гурбаи лойолуди башарахунук менамуд.
Моҷарои хостгорӣ
Хуллас, тоби дарди ҳиҷронро накарда модарамро хонаи Шамсия хостгорӣ равон кардам. Ба умед будам, ки бегоҳ хушхабар меоранд, вале модарам бо қошу қавоқи гирифта баргашта гуфтанд:
«Шамсияат духтари хушрӯй будааст, лекин ҳамсояҳояшон гуфтанд, ки мисли модараш муллобоз аст ва ҳар рӯз дар ба дари ҷодугарҳо мегардад. Аз ғами ишқаш мурӣ ҳам, ман ин духтари шаттоҳро келин намекунам!»
-Ҳамсояҳояшон аз ҳасад ин гапро гуфтаанд, илтимос очаҷон, маро аз дӯстдоштаам ҷудо накунед,- гуфта зорӣ кардам.
Модарам аз гапаш гаштанӣ набуд, вале дили падарам ба ман сӯхта гуфтанд:
-Дили писарамро нашикан очаш, рафта ҳамон духтари дӯстдошташа хостгорӣ кун, худамон тарбияаш мекунем!
Ҳамин тавр падару модарам бо исрори ман Шамсияро хостгорӣ намуданд ва риштаи қисматам бо ин заҳри мор пайваст.
Келини танбал
Шамсия аз рӯзи аввали ба хонаи мо арӯс шуда омаданаш коргурезию ноӯҳдабароияшро нишон дод. Ҳар рӯз қарибиҳои нимрӯзӣ чашмонашро молида мехест. Модарам эрод мегирифтанд, вале тарафи занамро гирифта мегуфтам, ки Шамсия ҳоло ҷавон аст ва рафта-рафта ҳама кори рӯзгорро меомӯзад. Найрангҳои занам ба чашмам наметофт, чунки ошиқбудаму чашмам аз муҳаббат кӯр. Рӯзе модарам бо ҷаҳл «зани таърифият шармандаи тайёр будааст» гуфта, маро хеле маломат намуд. Қаҳрам омаду Шамсияро зери мушту лагад гирифтам. Ӯзр хоста ваъда дод, ки минбаъд келини таърифӣ мешавад. Ба гапаш бовар кардам, вале…
Марги пурмуаммо
Ба ҷойи келини таърифӣ шудан Шамсия ҳар рӯз ягон нағмаи нав мебаровард. Ба хонаи модараш мерафту аз он ҷо як тӯда латта-патта оварда дуд мекард ва барои куштани мӯрчаҳо гуфта ба зери қолинҳо мепошид. Намедонам натиҷаи ҷодугариҳои Шамсия буд ё тақозои қисмат, ки худ аз худ модарам ба дарди бадтоле гирифтор шуд. Сарам мекафад гӯён нолаю фиғон мекард, вале сабаби бемориашро на духтурон меёфтанду на табибу муллоҳо. Модари азизам, модари зебоям бо ҳамин дард бе ягон насиҳату васият ин дунёро падруд гуфт. Падарам аз алами ҳамсари азизаш рӯ ба шароб оварда, шабу рӯз менӯшидагӣ шуд. Ҳарчанд кӯшиш кардам, мӯйсафедро аз ин роҳ гардонда натавонистам.
Ҷанҷоли падару писар
Як рӯз Шамсия гирякунон гуфт, ки дар набудани ман падарам ба чойгаҳаш даромада, ба номусаш даст дароз кардан хостааст. Ба ғазаб омада падарамро зери лагад гирифтам. Мӯйсафед қасам болои қасам мехӯрд, ки ин корро накардааст, вале мани аблаҳ ба гапи зани макораам бовар мекардаму ба сухани падар не. Сару рӯи мӯйсафед пур аз хун гашта бошад ҳам, дилам ҳеҷ тар намешуд.
-Барои тӯҳмати тақдирсӯзат оқат кардам! Сад бор оқат кардам,-гуфта даст сӯйи осмон бардоштани мӯйсафеди падарам маро ба худ овард, вале дигар кор аз кор гузашта буд.
Мӯҳтоҷи дари хушдоман
Кӯчу бандамонро ғундошта ба хонаи модари Шамсия омадем. Хушдоманам рӯзҳои аввал меҳрубону ширинзабон буд, вале як ҳафта пас аз кор баргашта ҷанҷолашро бо духтараш шунидаму дилам хунук шуд.
-Шумо то кай дар хонаи ман зиндагӣ мекунед?! Ба шавҳарат гӯй, ки тайёқашро ба равшанӣ занад,-мегуфт хушдоманам.
-Ҷойи рафтан надорем, чӣ кор кунам?! Маҷбурам, ки бо ин кафангадо тоқат карда гардам,-мегуфт занам.
Аз алам шах шуда мондам, дигар гапҳояшон ба гӯшам намедаромад. Баногоҳ чашми хушдоманам ба мани дар назди сутуни айвон шахшуда афтид ва «домодҷон, биё-биё» гӯён ба морбозӣ гузашт. Оҳи сарде аз дил кашида «ман ахмақшуда ба ин ҷаҳаннам омадам» гуфтаму аз дар баромадам. Гапҳои хунуки занаму модараш диламро аз зиндагӣ чунон сард карда буданд, ки дигар зистан намехостам, вале мани худкардаро дигар давое набуд.
Ёр, агар ноаҳл бошад…
Аз алам билохира бемор шудам. Мадори аз ҷойгаҳ ҷунбидан надоштам. Хушдоманам «маслуқбон шудем» гуфта, чандин бор таънаам зад.Шамсия ба ҷойи ба даҳони модараш задан ба ҳоли ман хандида мегуфт: «Ба сари падари пираш агар даст намебардошт, ӯро Худо намезад!» Хомӯшу бесадо гиря карда, шабҳоро бо чашми тар рӯз мекардам. Хоҳиш кардам, ки духтурро ҷеғ зананд. Бо қошу қавоқи гирифта духтур оварданд. Бурсилёз шуда будаам. Бояд дар беморхона мехобидам, вале Шамсияву модараш «пул надорем, аз кадом ҳисоб табобат кунем» гуфта, даст афшонданд. Рангам торафт зарду қувватам камтар мешуд. Рӯзе бо азоб ба қавли кампиракон мурдаамро кашолакунон ба по хестам ва ба назди дар омада, садои Шамсияро шунидам, ки мегуфт:
-Оча, пеши муллои шиносатон рафта ягон кор кунед, ки тезтар аз ин маслуқи бӯгин халос шавем. Ҳамин дарди сар мурад, ду рӯз нагузашта ягон раиси серпулро ба домам меафтонам.
-Куштани шавҳарҷонакат ду карат ду, фақат дили ту ганда нашавад гуфта ин корро намекардам, -мегуфт хушдоманам,-муллои ман чунон зӯр аст, ки оби равонро сарнишеб мекунад.
Фирор аз зани ҷодугар
Ҳуш аз сарам парид ва худи ҳамон рӯз ҷонамро гирифта гурехтам.. Директори мактаб аз қисса огоҳ шуда маро дар беморхона хобонд ва як моҳи дароз табобат кард. Пас аз шифо ёфтан дар назди мардум ҷавоби Шамсияро дода, ба ҷияни директор хонадор шудам. Ҳамсарам зани хубу ботарбия баромад, шукри худо зиндагии ширин дорам. Панҷ фарзандро хононда хонадор кардем. Имрӯз ҳамаи фарзандонам соҳиби хонаву дари ободанд,-мӯйсафед инро гуфта оҳи сабук кашид ва таклиф кард, ки ҳамроҳаш ба хонааш назди кампираш равам...
(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 21. 00 интизор бошед!)