Марҷона ҷонҳавл доду вой карда, сару рӯйи авбошонро мехарошиду роҳи наҷот меҷӯст, вале аз панҷаи ин гургони дупо халосӣ ёфтан ба вай муяссар намегашт. Сайди сӯр барин дасту по задани духтарак баракс, оташи шавқи шаҳвонии ҷавонони бангиро бештар аланга медод ва дар даруни мошин бадани «байтали маст»-ро ба таври худашон «хорумол» мекарданд…
Се ҷавони ҳузарб аз мошин фаромада, якбора ба вай ҳуҷум намуданд ва дар як дам дасту пойҳояшро тоб дода, зӯран ба мошин бор карданд.
Марҷона ҷонҳавл доду вой карда, сару рӯйи авбошонро мехарошиду роҳи наҷот меҷӯст, вале аз панҷаи ин гургони дупо халосӣ ёфтан ба вай муяссар намегашт. Сайди сӯр барин дасту по задани духтар оташи шавқи шаҳвонии ҷавонони бангиро бештар аланга медод ва дар даруни мошин бадани «байтали маст»-ро ба таври худашон «хорумол» мекарданд. Марҷона худашро ҷонҳавл ба ҳар тараф зада, доду вой мекард, вале ҷавонони бангӣ аз таъсири нашъа гӯё кару кӯр шуда буданд, ки гиряву зории духтар ба гӯшашон намедаромад. Бо нохун бари рӯяшро канда хуншор кардани духтар гулхани ғазаби яке аз авбошонро аланга доду бо қаҳр либосҳои Марҷонаро дарронда, ба ронанда фармуд, ки мошинро тарафи дарра ронад.
Моҷарои авбошон
Мошин ҷониби яке аз дараҳои беодами Варзоб тоб хӯрд ва Марҷонаи берӯзӣ охирин умеди наҷотро аз даст дод. Дар байни кӯҳҳои сар ба фалак кашида хоначаи лоине будааст, авбошон Марҷонаро зӯран ба ҳамон хона дароварданд. Ронандаи мошин, ки ном ё лақабаш Руслан будааст, даъво намуд, ки духтар сайди ӯст ва вай бояд аввалин шуда коми дил ситонад, вале ҷавони аз Марҷона шаттахӯрда якравӣ карда мегуфт: «Ин модиён чанд ҷойи дасти маро газида хуншор кард, аввал бояд ман қасдамро бигирам!» Байни авбошон дар масъалаи аввал навбати кӣ моҷаро бархост ва барои васли Марҷона занозанӣ сар шуд. Даст ба гиребон шудани Руслану Ҳалимро дида, духтар қарор дод, ки аз фурсат истифода бурда, мегурезад.
Боз дар банд
Фирор намудан ба Марҷона муяссар гашта бошад ҳам, чандон дур рафта натавонист, авбошон аз пасаш тохта баромаданду дар хамгашти аввалин ӯро дастгир намуданд. Ин дафъа ҳам Руслан аввалин шуда ба Марҷона расид ва аз банди мӯйи духтар кашолакунон ӯро боз ба ҳамон вайрона оварду ҳамчун ғолиб ҳуқуқи пеш аз дигарон бо ӯ ҳамоғӯш шуданро пайдо кард. «Ман духтарам, илтимос, маро шарманда накунед» гӯён Марҷона пойҳои Русланро мебӯсид ва зорию тавалло мекард, ки ҳар чи дилаш мехонад, кунад, вале ба номӯсаш нарасад, вале ҷавони бангиро парвои оҳу нолаи ин сайди ба дом афтода набуд. Ба оҳу фиғонаш заррае аҳамият надода, вай зӯран Марҷонаро ба замин пахш намуд ва пардаи нангу орашро дар як дам бо теғи бадномӣ дарид. Духтар аз шиддати дарду алами бадномӣ аз ҳуш рафта, намедонист, ки авбошон бо ҷисми ниммурдааш чиҳо мекунанд.
Ҳамин тавр, духтарак се рӯз асири он бангиҳо буд ва ҷуз иҷро намудани талаботашон дигар чора надошт. Дар он фасли хазонрез касе аз дараи бе одам гузар намекард, ки ба фарёди Марҷона бирасад.
Алами падар
Комронро якбора бедарак шудани духтараш қариб девона карда буд. Сарашро ба сад дар зада бошад ҳам, касе ба додаш намерасид. Чандин бор ба донишгоҳ рафт, вале устодону ҳамсабақони духтараш гуфтанд, ки Марҷона сиҳату саломат аз дарс баромада рафта буд. Комрон хонаи тамоми хешу ақрабояшро дар байни ин се рӯз чандборӣ кофта бошад ҳам, ному нишони духтарашро наёфт. Аламашро аз ҳамсараш гирифта дод мезад:
-Гуфтам, ки Марҷона дигар ба дарс намеравад, вале ту якравӣ кардӣ, дидӣ, оқибаташ чӣ шуд?! Мабодо ба дасти ягон нокас афода бошад-чӣ?! Машҳура паст наомада, дарҳол неш мезад:
-Барои чӣ дар ҳама кор маро гунаҳкор мекунӣ, о духтарат бероҳагард бошад, айбӣ ман чӣ?!
Аз як тараф ғами духтари гумшудааш, аз ҷониби дигар таънаю пичинги ҳамсари морзабонаш мисли теғ аз ҷавшани ҷони Комрон мегузаштанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, маҳс дар ҳамин рӯзҳои сахт боз як сирри дигар фош шуда, Комронро бе корд кушт.
Ҳақиқати талх
Ҷӯраи ҷониаш Асрор ҳоли зори Комронро мушоҳида намуда, хост каме ҳам бошад дӯсташро аз гирдоби ғам раҳонад.
-Ҷӯра, ҳардуямон тамои ҷойҳои мерафтаи Марҷонаро кофтем, вале ягон ному нишонашро наёфтем. Дигар аз гиряву нолаю фиғон суде нест, беҳтараш Худоро зорӣ кун, ки духтарат дар куҷое бошад, нигоҳбонаш гардад ва сиҳату саломат ӯро дубора ба ту баргардонад. Дар ин се рӯз аз ғаму дард якбора чанд сол пир шудӣ, биё ба ягон гӯшаки ором рафта, чой менӯшем,-таклиф намуд Асрор.
Дили Комрон аз ғаму алам косаи зардоб гашта буд, аз ин рӯ розӣ шуд. Асрор ӯро ба тарабхонаи хурдакаке бурд, ки дар соҳили рӯд ҷойгир буд. Дар сари дастурхон аз гап гап баромаду Комрон ба ҷӯрааш ҳасрат намуд:
-Ғами гум шудани Марҷона аз як тарафу таънаю маломати Машҳураи морзабон аз тарафи дигар маро дарун-дарун хӯрда тамом мекунад, ҷӯра, зани беандешаам ба ҷойи маро дилбардорӣ намудан «духтарат тарпочаю фоҳиша аст» гуфта, ба дилам ханҷар мезанад.
Аз шунидани ин гап хун ба сари Асрор зад ва лаб газида гуфт:
-Машҳура Марҷонаро тарпочаю фоҳиша мегӯяд?! Лаънатӣ, худаш, занаки шавҳардор бо мӯйсафедҳои пулмаст дар меҳмонхонаҳо кайфу сафо карда мегардаду боз вай фариштаю духтари ту фоҳиша будааст?!
Комрон бо шунидани ин сухан як қад парид ва ҷаста аз ҷояш бархосту аз гиребони ҷӯрааш дошта, ба зарда пурсид:
-Ту чӣ гуфтӣ?! Машҳура бо мӯйсафедҳо дар меҳмонхонаҳо кайфу сафо карда мегардад?! Ин гапро ба ту кӣ гуфт?!
Асрор дарк кард, ки бероҳагию тардомонии зани ҷӯраашро бе маврид лақида мондааст, хост ҷилави суҳбатро дигар тараф кашад, вале Комрон ду пояшро ба як мӯза андохта, далел талаб мекард. Билохира косаи сабри Асрор лабрез гашту гуфт:
-Каси дигар не, ман худам бо ана ҳамин ду чашми биноям зани таннозу маккораатро дар меҳмонхона бо як мӯйсафеди миллонер дидам, ҷӯра. Медонам, ки чандин бор дар зиндагӣ шикаст хӯрдаӣ, аз ин хотир пештар ин гапро ба ту нагуфтам. Намехостам боз хонавайрон шавӣ, вале таънаи занатро шунида, хун ба сарам зад.
Ин гапро шунида дастҳои Комрон худ аз худ суст шуданд. Вай оҳи сарду пурдарде кашид ва гиребони ҷӯрааш Асрорро раҳо намуда, ҳарфе назада аз тарабхона баромад.
-Комрон, исто, куҷо меравӣ?! Ист, сари қаҳру ғазаб боз ягон фалокати дигарро ба сарат набиёрӣ?!-Асрор осемасар аз паси ҷӯрааш давид, вале мошини Комрон ба шаст тоб хӯрда ба самти дарё равон шуд.
Садама
Дар сари қаҳру ғазаб Комрон мошинро чунон ба шаст меронд, ки гумон мекарди саманди болдор аст. Дар хамгашти кӯча баногоҳ мошине аз пешорӯяш баромад. Комрон чанбари мошинро ба дигар тараф тофтанӣ шуд, вале фурсат наёфт. Ду мошини гаронбаҳои хориҷӣ мисли ду кӯҳпораи азим ба шаст ба ҳамдигар бархӯрданду садои шишаҳои шикастаашон гӯши фалакро шикофт. Дигар чи шуд, Комрони аламзада ёд надорад. Вақте ки чашмонашро кушод дар атрофаш одамони сафедпӯши зиёде ҷумбуҷул мекарданд, вале ҳарчанд кӯшиш мекард, чӣ гуфтаншонро фаҳмида наметавонист. Комрон ба хулосае омад, ки вай мурдааст ва ин сафедпӯшҳо фариштаҳо ё дигар намояндагони Худованданду омадаанд, то гуноҳу савоби дар умраш кардаи ӯро дар тарозӯи адлолат баркашанд.
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед!)