arzon replenishment
Арӯси кал
3409

Моҷарои қудоҳо

Аз дар даромадан замон модари домод аз каштали падари Комила гирифта, дод зад:

-Барои чи кали махав будани духтаратро пинҳон доштӣ?! Барои чӣ моро фиреб кардӣ?! Товони ин қадар пулу моли дар тӯй сарфкардаи моро кӣ медиҳад?! Хешу табор ва ёру дӯстонамон фаҳманд, ки як кали ҳабашро ба писарамон келин кардем, чӣ мегӯянд?! Чаро обрӯи моро резондӣ…?

Мардаки бечора базӯр кашталашро аз чанголи Муслимаи аз ғазаб ларзон халос карда бо чашмони пур аз ашк аз дасти духтари наварӯси гирёнаш гирифта аз дарвоза баромад. Ҳамсояҳо аз паси арӯси якшаба нигариста, пичир-пичир мекарданд.

Туҳмат

Субҳи дуюми арӯсӣ таги як курта ба хонаи падараш баргаштани Комила деҳаро ба ларза овард. Акнун дар забони хурду калон танҳо як гап-талоқ гирифтани Комилаи наварӯс буд. Мардуми аз асли гап бехабар дарҳол овоза паҳн намуданд, ки духтари Пирмаҳмад нодухтар баромадааст ва барои покдоман набуданаш шавҳару хушдоманаш ӯро зада-зада аз дарашон берун кардаанд. Ин овозаю ҳангомаҳо болои захми хуншори дили Комилаи бадбахт намак мепошиданд ва арӯсаки ноком дарро ба рӯйи ҳама пайвандону дугонаҳояш баста, шабу рӯз танҳо мегиристу мегирист.

Ҷинзада

Оқибати танҳо нишастану танҳо хобидан хуб нест гуфтани пиронсолон беҳуда набудааст, як саҳар модараш ба хонаи хоби Комила даромада дид, ки духтараш дар рӯйи фарш нишаста, худ ба худ гап мезанад. Арӯсаки сиёҳбахт гоҳ механдиду гоҳ гиря мекард. Бечора занак талхакаф шуда дарҳол ба берун давид ва шавҳарашро аз мусибати навбатӣ огоҳ намуд. Пирмуҳаммад тозон ба хона даромад. Комила ҳамчунон дар рӯйи фарш нишаста буд ва дастонашро дар ҳаво ба ҳар тараф ёзонда, гӯё ким-киро навозиш мекард. Дар гарданаш занҷираи зебое буд, ки нигини калони зумурадгунаш чашми одамро мебурд. Падару модари Комила чунин гарданбанди гаронбаҳоро дар умрашон бори аввал медиданд. Пирмуҳаммад ҳайрон шуда, пурсид, ки ин ҷавоҳироти қимматро аз куҷо ёфтааст. Комила чашмонашро хумор карда, бо нозу ишва гуфт:

-Инро шавҳари навам ҳамин шаб ба ман туҳфа кард.

Падару модар аз ин ҷавоби духтари бадбахташон ба шигифт афтиданд. Модар оҳи сард кашида пичирос зад:

-Кадом шавҳарат?! Охир Комрон туро талоқ дод-ку!

Комила лабашро бурма карда, ҷавоб дод:

-Комрон не, шавҳари навам туҳфа кард! Вай чунон хушрӯй, чунон хушрӯй аст, ки агар шумо бубинед, ҳушатон меравад!

Модар эҳсос намуд, ки Комила аз ғаму андӯҳи бисёр ақлашро бохтааст ва бо кафи дастонашро рӯяшро дошта ба замин нишасту инони гиряро сар дод. Зану шавҳар барои бахти сиёҳи духтарашон зор-зор гириста бо Худованд мунозира мекарданд, ки барои кадом гуноҳашон фарзанди онҳоро ба чунин балоҳо мубтало месозад, вале…

Арӯси парӣ

Пирмуҳаммад хост духтарашро ба беморхона барад, вале ҳамсояву хешу табор маслиҳат доданд, ки беҳтараш Комиларо дар назди ягон домуллои зӯр қасидахонӣ кунад. Падару модари бечорааш сарашонро ба сад дар зада, арӯсаки ақлбохтаро бахшибонӣ, қасидахонию ҷинбарор карданд ва ҳатто 40 рӯз чилла шинонданд, вале ҳолаш ба ҷойи беҳ шудан торафт бадтар мешуд. Комила дар зери чодар ҳам бо касе гап мезад, механдид, шӯхию бозӣ мекард. Модари ҳайрон чанд маротиба пурсид, ки бо кӣ рӯзи дароз гап-гап мекунад, вале аз Комила ҷавоби аниқ нагирифт. Арӯсаки девонаавзоъ мисли занҳои шавҳардор шабҳо худро орою торо дода, сипас ба бистар медаромад, ҷойхоби дукаса мепартофту ба рӯяш атри хушбӯй мепошид ва нимашаб ба ҳаммом рафта, оббозӣ мекард. Падару модари дар гирдоби ғам афтида намедонистанд чӣ фикр кунанд. Ба назди чандин муллои китобкушо рафтанд, ҳама ғайбдонҳо бо як овоз мегуфтанд, ки ба Комила парии обӣ ёр шудааст ва ҳамон шавҳари ба назари одамизод ноаёнаш духтарро маҷбур мекунад, ки ҳар шаб шустушӯй карда, хушбӯю хушрӯй шуда ба бистари «заношӯйӣ» дарояд.

Дар девонахона

Маҷбур шуда Комиларо дар касалхонаи бемориҳои рӯҳӣ хобонданд. Духтар қариб ду моҳ табобат гирифта бошад ҳам, ҳолаш беҳтар нашуд. Домоди ба назар ноаён ҳеҷ аз Комилаи нозанин даст кашиданӣ набуд. Дар беморхона ҳам духтар ҳамеша бо ҳамон парии обиаш суҳбат мекард ва гоҳ механдиду гоҳ мегирист. Табибон дар табобаташ оҷиз монда, билохира Комиларо ба хона ҷавоб доданд.

«Свидания» бо домоди ноаён

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъди аз касалхона баргаштан Комила боз як нағмаи нав баровард, акнун шабҳо аз хона гум мешуд. Падару модараш дару дарвозаро қулф мекарданд, навбатдор истода мепоиданд, вале ҳеҷ фаҳмида наметавонистанд, ки дар шабҳои торе, ки на ҳар мард ҷуръати аз дар баромадан мекунад, духтари ақлбохтаашон чӣ хел натарсида аз хона мебарояд ва ба назди кӣ меравад. Аз паси дари аз берун қулфкардашуда арӯси сиёҳбахт чӣ хел ғайб мезанад, барои ҳама аҳли оила муаммои сарбаста гашта буд. Комила на бо хубӣ ва на зери мушту лагад ба касе иқрор намешуд, ки чӣ хел шабҳо аз хона мебарояд.

Сирри даҳшатбор

Рӯзе дугонаи ҷонии Комила-Зайнура ба аёдат омад. Онҳо аз хурдӣ якҷоя калон шуда буданд ва аз ҳамдигар сирри пинҳон надоштанд. Модари Комила дар назди дугонаи духтараш дилашро холӣ карда хун гиристу сипас зорӣ намуд, ки аз таҳти дилаш даромада, шабҳо ба куҷо ғайб задани Комиларо фаҳмида гирад. Зайнура оҳи сард кашида, розӣ шуд. Комила дугонаи ҷониашро бо лабханд истиқбол гирифт. Зайнура гарданбанди зебои дар гардани Комила ҳамоилро хеле таърифу тавсиф намуда, гуфт, ки чунин занҷираро дар умраш бори аввал мебинад. Арӯсаки ақлбохта аз ситоишҳои дугонаи ҷониаш хурсанд шуда гуфт:

-Инро ба ман шавҳарам тӯҳфа кард. Вай чунон хушрӯй аст, ки агар бубинӣ, дарҳол ошиқаш мешавӣ! Ҳар шаб маро ба хонаашон мебарад. Зайнура дар куҷо будани хонаи шавҳари Комиларо пурсид.

-Хонаашон бисёр дур аст. Дури дур! Ба он ҷо фақат парвоз карда меравем,-қисса кард Комила ва хӯрокҳои нестандарҷаҳону сару либоси ҳарири пайвандони сабзчашми шавҳарашро хеле ситоиш намуда, афзуд:

-Ҳозир ман ҳомиладорам. Шавҳарам бисёр хурсанд шуд, ки барояш бача мекунам. Вақти зоидан вай маро ба назди хешу табораш мебарад…

Зайнура даҳонашро бо кафи дасташ дошта бо рангу рӯйи кандагӣ аз хона баромад ва буду шуди гапро ба модари Комила як ба як нақл кард. Бо шунидани ин гап ҳуш аз сари падару модари бадбахташ парид. Хабари аз парӣ ё ҷин ҳомиладор шудани Комила рӯзи дигар дар саросари деҳа паҳн гашта, мардумро ба таҳлука андохт…

(Давомашро фардо шаб соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Самира 2019-10-01, 20:36
Бо талаби эхтиром.кисми 4 гузоред.як чахон ташакур
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Самира 2019-10-01, 20:36
Бо талаби эхтиром.кисми 4 гузоред.як чахон ташакур
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД