Formula novemver 2024
Арӯси кал (қисми2)
3427

Ҳамин тавр Комила ба 25 даромада пирдухтар шуда монд. Аз байни тамоми хостгоронаш танҳо Мансур ба муҳаббаташ содиқ монд.

Волидони ҷавон хостгорӣ омада гуфтанд, ки писарашон Мансур тайёр аст, ки ба хотири ишқи покаш бо Комила издивоҷ намояд, вале Комила боз ҷавоби рад дода гуфт:

-Ин ишқ не, дилсӯзӣ аст. Бо дилсӯзӣ оила бунёд карда намешавад!


Духтари кал акнун сатр мепӯшид ва шабу рӯз ибодат намуда аз Худованд барои мағруриҳояш узри гуноҳу пӯзиш металабид.

Меҳмонии тақдирсоз

Одамони аз дигар маҳал буда намедонистанд, ки ин духтари соҳибҷамол тамоман кал аст. Комила ҳамеша сатр пӯшида мегашт ва аҳён-аҳён ҷавонони аз асрори зери сатр ниҳони духтар бехабар ба ҳусну ҷамолаш шайдо мешуданд. Яке аз чунин бехабарон Комрон, писари ҷӯраи ҷонии падараш буд. Комрон Комиларо дар тӯйи арӯсии хоҳараш дида, пурсид:

-Оча, ҳо ҳамон духтараки қоматбаланди сатрпӯш кист?

–Бачаҷон, вай духтари дӯсти айёми ҷавонии падарат, амаки Пирмаҳмад-Комилабону аст. Мо чанд сол боз рафтуомад надоштем, хайрият, ки овозаи тӯйи хоҳаратро шунида омаданд. Комила бисёр духтари хушрӯй аст, мӯйҳояш қариб то замин мерасиданд, шояд дар ин қадар сол боз ҳам дарозтар шуда бошанд.- қисса кард модар.

Комрон, ки бачаи босаводи шаҳрӣ буд, чашм аз Комила наканда гуфт:

-Пас, барои чӣ вай кокулҳои зебояшро дар зери сатр пинҳон мекунад?

-Духтари мусалмон бояд сатр пӯшад,-фаҳмонд модар ва афзуд,-лекин пештар Комила сатр намепӯшид. Духтари современный буд. Намедонам, ки ба мӯд тақлид карда, сатр пӯшидааст ё аз тарси худованд, вале ҳамин Комила барин келини нозанин меёфтам, аз дунё бе ормон мерафтам!

Хостгорӣ

Пас аз як ҳафтаи тӯйи хоҳараш падару модари Комрон дар бораи оиладоркунии писари кенҷагиашон лаб кушода гуфтанд, ки агар арӯси дигар надошта бошад, Комиларо хостгорӣ мекунанд.

-Духтари бад наменамояд, вале ман ӯро аз наздик намешиносам ва хислату хулқу хӯяшро намедонам, ғайр аз ин Комила духтари деҳотию ман бачаи шаҳрӣ, намедонам, ки мо забон ёфта метавонем ё не,-аранге эътироз кард Комрон.

-Эҳ бачаҷон, ҳозир дар шаҳр духтари ҳалол намондааст, аксарияташон бо чанд бача гашта, хуб кайфу сафо мекунанду баъд бо ҳазор ҳилла ба шавҳар мебароянд. Зани покдоман мехоста бошӣ, духтари деҳотӣ бигир,-таъкид намуд модар.

Комрон, ки таърифи ҳусну ҷамоли духтари ҷӯраи падарашро фаровон шунида буд, дигар муқобилият накарда, розигӣ дод, ки волидонаш ба хонаи падари Комила-Пирмаҳмад хостгорӣ раванд.

Пирмаҳмаду занаш меҳмонҳоро бо чеҳраи хандон пешвоз гирифтанд. Мақсади ҷӯраашро шунида падари Комила, амаки Пирмуҳамад гуфт:

-Духтарам қариб тамоми хостгоронро рад карда бошад ҳам, хотири дӯстии чандинсолаамон ман таклифи шумоёнро қабул мекунам. Комилаҷонро бо ҷону дил ба Комронҷон медиҳам. Илоҳо ҳардуяшон қӯшапир шаванд! Волидони домод аз барор гирифтани корашон хурсанд шуда, якбора маросими фотиҳаро гузарониданду рӯзи тӯйро низ муайян карда рафтанд.


Шаҳриёр сабаби ба Майсара Садбарг ном ниҳоданашро шарҳ медоду духтар аз шодӣ гӯиё болу пар бароварда, дар фазои орзуҳои ширин парвоз мекард…

 


Шаби ғамбори висол

Тӯй бисёр пуршукӯҳ гузашт ва дар ҳалқаи хешу табор пас аз базм зери навои «Ёр-ёр» арӯсу домодро ба хонаи бахташон дароварданд. Болини хоби шаҳу арӯсро чунон баланд партофта буданд, ки шоҳаншоҳ ҳам ба чунин бистари мулоиму ҳарир ҳасад мебурд. Пас аз он, ки янгаҳо аз хона баромаданд, Комрон ба Комила наздик шуда, хоҳиш кард, ки сатрашро кушояд, то вай кокулони зебою мушкини таърифии арӯсашро бубинд. Арӯсак ин гапро шунида як қад парид ва ҳаросон худро ба кунҷи девор кашид. Комрон ин рафтори арӯсашро нози духтараки ҳанӯз оғӯши мард надида пиндошта, табассум кард ва бо чолокии ба гург хос ба рӯймоли сатрии Комила чанг андохт. Рӯймол аз сари арӯс афтиду ҳуш аз сари домод парид. Дар сари арӯси таърифии чилгазамӯй ягон тор мӯй набуд.

-Туро чилкокула гуфта таъриф карда буданд, о канӣ мӯйҳои таърифиат?! Сарат модарзод кал аст ё ягон бало кардӣ? О ман таърифи мӯйҳои дарозатро шунида туро ба занӣ гирифтам, аблаҳ,-девонавор дод мезад домоди фиребхӯрда, ки дилаш аз дидани сари кали арӯс беҷо шуда буд.

Комила хост фалокати ба сараш омадаро нақл кунад, вале Комрон ӯро ҳатто шунидан нахоста, тозон ба берун баромад ва доду фарёдзанон падару модарашро ҷеғ зад. Амаки Маҳмуд ва ҳамсараш холаи Муслима овози таҳлукабори писари навдомодашонро шунида талхакаф шуданд ва ҳарду пасопеш ҷониби хонаи Комрон давиданд. Падару модарашро дида оташи ғазаби Комрон бештар аланга гирифт ва сари қаҳр ба сари волидонаш девонавор дод зад:

-Магар 27 сол барои ҳамин интизор шудам, ки шумо ба ман як зани кали маймун диҳед?!Арӯси кали овардаатон ба худатон насиб кунад! Беҳтараш бе зан мегардаму бо ин кали ҳабаш худамро ҳайфу ҳаром намекунам!

Падару модар ҳайратзада ба ҳамдигар нигаристанд. Боварии холаи Муслима ба гапи шунидааш наомад ва тозон ба хонаи арӯс даромада чанг зада аз сари келин рӯймоли сатриро кашида гирифт. Ҳамроҳи сатр парики арӯс ҳам афтиду ҳуш аз сари модар парид. Комилаи арӯсак сари калашро дошта ба замин нишаст ва ҳунгосзанон инони гиряро сар дод. Муслима ба гиряву нолаи арӯс аҳамият надода, ба ҳавлӣ баромад ва ба шавҳараш рӯ оварда, гуфт:

-Ҳаёти писарамро сӯхтем мардак, ин духтари ҷӯраат дар ҳақиқат кал будааст-ку! Ба падараш занг зан, омода ин моли ҳалолашро барад!

Амаки Маҳмуд ночор ба қудо-ҷӯрааш телефон кард ва буди шуди гапро гуфта, хоҳиш кард, ки тезтар биёяд. Дили падари арӯс ангишт барин сиёҳ шуд ва оҳи сард кашид гуфт:

-Ақалан то саҳар тоқат кунед…

(Давом дорад)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД