Sebiston new 2024 october
Кампирарӯс
2970

- Зани беҳаё будааст. Як пояш дар лаби гӯру боз шавҳар кард.
-Нагӯед. Ба рӯи фарзандон, келину домод ва набераҳо чӣ хел нигоҳ мекарда бошад-а?

-Эҳ-ҳ. Худо ба кас имон диҳад. Дар ин синну сол тоату ибодатро монда шавҳар кардан аз беимонист...
Мардуми маҳалла як моҳ боз бо чунин суханҳо Азиза-холаро байни худ муҳокима намуда, носазо мегуфтанд. Дар ҳақиқат кори кардаи ин зани 65-сола, ки соҳиби фарзандони баркамол, келину домод ва набераҳо буд ба ақли мардуми маҳал рост намеомад.
-Рӯзи якшанбе марҳамат ба хонаи мо ба тӯй,-набераи Азиза-хола Рустам ҳаққу ҳамсоя ва хешу таборро ба тӯй таклиф кард. Вақте мардум фаҳмиданд, ки Рустам онҳоро ба тӯйи бибиаш даъват мекунад, ангӯшти ҳайрат газида моту мабҳут гаштанд.
Рӯзи тӯй мардуми зиёде ҷамъ омаданд. Одамонро на худи тӯй, балки кунҷкобӣ ба хонаи Азиза-хола оварда буд.
-Шояд набераатон ҳазлаш омадааст, ки моро ба тӯйи шумо даъват кард?-мепурсиданд аз Азиза-хола.
-Не, ҳазл нест. Намехоҳам дар даврони пирӣ танҳоӣ кашам,-ҷавоб медод ба одамон Азиза-хола, ки аз хушбахтӣ чашмонаш барқ мезаданду ханда дар лабонаш гул мекард.
-Ин тасмими худи модарам аст, бигзор хушбахт шавад,-кӯтоҳ посух медоданд фарзандон.
...Волидайни Азизаву Шарифбег дар як деҳа дар ҳамсоягӣ мезистанд. Аммо байни онҳо дӯстиву рафоқат вуҷуд надошт. Махсусан падаронашон бо баҳонаҳои ночиз байни худ ҷанҷол бардошта, умре бо ҳамдигар қаҳриву ногап мегаштанд.
Шарифбег дар синфи нӯҳум мехонду Азиза дар синфи ҳафтум. Шарифбегро ҳусни расоӣ ҳамсоядухтар волаву шайдо гардонда буд, вале ӯ аз тарси хашми падари худу падари Азиза инро дар дил пинҳон медошт. Дарди ишқ бошад, қалби навошиқашро рӯз то рӯз афгор менамуд.
Дар синфи даҳуми Шарифбег “ҳарчӣ бодо бод”-гӯён ба Азиза, ки акнун дар синфи ҳаштум таҳсил мекард, мактуби ошиқонае навишт. Ҷавон розу ниёзи хешро ба воситаи ду рубоӣ ба ҳамсоядухтар ирсол намуда, бовар надошт, ки аз вай посух мегирад. Аммо ғайричашмдошт Азиза низ ба воситаи дубайтиҳо ҷавоб гардонду бо ҳамин ба Шарифбег пайке аз пазироии ишқ дод.
Дигар шабҳои моҳтобӣ Азизаву Шарифбег пинҳони аз оламу одам дар боғи Азиза-ино вомехӯрданду бо ҳамдигар аз боби ишқу муҳаббати абадӣ ҳарф зада, гаштаву баргашта савганди вафодориву садоқат мехӯрданд. Барои онҳо даст ба дасти якдигар додану пичир-пичир ҳарф задан аз тамоми хушбахтиҳои олам авлотару болотар буд. Аммо...
Дар гирди ҳавлию боғ давр задани писари ҳамсоя ба дили падари Азиза, амаки Нозим шӯбҳа бедор кард. “Ин сағераи гандападар ягон чиза таги чашм кардагӣ”-фикр мекард худ ба худ муйсафед ва андешаи онро дошт, ки шояд Шарифбег ягон асбоби рӯзгорашонро дӯздидани бошад.
Амаки Нозим мехост Шарифбегро дар вақти дӯздӣ дастгир намояду падари ӯро бо ҳамин муттаҳам гардонад. Ӯ белу каланд, досу табарашро бурда дар гӯшае, ки ба андешааш барои дӯздидани дӯзд қуллай буд, гузошт. Мард бовар дошт, ки Шарифбег ҳатман онҳоро мебинаду шабона ҳатман барои дӯздиданашон ба ҳавлии вай медарояд.
-Дуздбача, туро қапида пеши падарат мебараму бобатонро медиҳам,-худ ба худ завқ мебурд.
Шаб аз нисф гузашту амаки Нозимро ғанаб бурд. Ӯ баъди чанде аз хоб осемасар чашм кушода,оҳиста аз ҷойхоб хесту тарафи берун рафт. Ба тарафе, ки барои дӯзди эҳтимоли асбобҳояшро гузошта буд, нигарист. Асбобҳо дар ҷойшон меистоданд. Дилаш аз он, ки Шарифбег барои дӯздидани онҳо то ҳол наомадааст, хиҷил шуд. Охир “нақшаҳои тарҳрезикарда”-аш барбод мерафтанд.
“Канӣ камтар поям, меомадагист”-гуфт худ ба худу дар канораи ториктари ҳавлӣ пинҳон шуд.
Ногоҳ дид, ки духтари калонаш Азиза аз ҳуҷраи кунҷӣ, ки ҳамроҳи хоҳаронаш он ҷо мехобид, берун баромад. “Шояд барои қазоӣ ҳоҷат баромадааст”-гузаронд аз дилу дар торикӣ худашро хубтар пинҳон намуд, то духтарашро мабодо тарсонда намонад.
Азиза тарафи ҳоҷатхона неву зуд-зуд тарафи боғ қадам гузошт. Падар ҳайрон-ҳайрон ба вай менигарист, ки куҷо мераваду чӣ кор карданист. Лаҳзае пас саҳнаеро, ки ӯ дид, дасту пояш бемадор шуда, чӣ тавр сарашро ду даста дошту ба замин нишаст, худаш намедонад.
Ба пешвози Азиза Шарифбег баромаду онҳо якдигарро ба оғӯш кашиданд.
Чашмони амаки Нозим сиёҳӣ заданд. Гумоне аз ҳуш рафт. Дар ҳолати мадҳушӣ чӣ қадар истод, намедонад. Аммо билохира худро ба даст гирифту тарафи дилдодагони сармасти висоли ҳамдигар давид. Мӯшту лагадаш беамон ба сару рӯи Шарифбегу духтараш фурӯ мерехтанд. То бехуд шудан онҳоро латукӯб кард. Тарс, шарм, изтироб якҷоя шуда забони Шарифбегу Азизаро гӯё лол гардонда буд, ки онҳо карахт шуда, ҳарфе барои ҳимояи худ гуфта наметавонистанд.
-Амаки Нозим, ман духтаратона ба занӣ мегирам,-ниҳоят канда-канда ба забон овард Шарифбег. Ин сухан болоӣ оташи ҷаҳли вай равған гардид.
-Номаҳқул кардӣ, ҳаромзот. Ман духтар он тараф истад, кайки сагамро ба ту намедиҳам, -аррос зад Нозим амак ва ду-се мӯшти дигар ба сари Шарифбег фуроварда, тарафи хонааш рафт.
Азиза ҳам аз тарс дигар тарафи Шарифбег нигоҳе накарду думболи падарро гирифт...
Тасмими амаки Нозим дар мавриди ба дигар ҷой кӯч бастан ғайричашмдошт буд. Ба ҷуз Азиза ҳама ҳайрон буданд, ки чаро яку якбора падар аз деҳа кӯч бастанист.
Баъди он шаб амаки Нозим бо Азиза ҳарф намезад, лекин тасмим гирифта буд, то духтари ноқобилашро ба таври худ ҷазо диҳад...
-Азиза дигар ба мактаб намеравад,-дар ҷой нав эълон дошт падар.
-Барои чӣ, охир ду соли дигар бояд хонад-ку?-ҳайрон пурсид модари Азиза.
-Хонданаш бас. Ӯро ба шавҳар медиҳам!...
Модару хоҳарону додарон ҳамагӣ ба Азиза менигаристанд, ки ӯ ба гапи падар чӣ мегӯяд. Азиза сарашро поён фиканда, хомӯшӣ ихтиёр карда буд.
Ҳамин тавр Азизаро ба марди дигар ба шавҳар доданд. Зиндагиаш чандон бад набуд, соҳиби чанд фарзанд ва небараву абера гашт, аммо ишқи бачаи ҳамсояро ҳеҷ аз ёд бароварда натавонист.
Ниҳоят пас аз панҷоҳ сол тақдир онҳоро боз бо ҳам рӯ ба рӯ намуд. Маълум гашт, ки ҳамсари Шарифбег низ мисши шавҳари Азиза аз олам гузаштаву дар дами пирӣ танҳо мондааст. Онҳо маслиҳат карданд, ки дер бошад ҳам, ду сарашонро як сар карда, орзуву ҳавасҳояшонро мешикананд.
Хушбахтона, фарзандони ҳарду мухолиф набаромаданд ва Шарифбег ба хонаи Азиза хостгор фиристода, ишқи аввалашро бо тӯю тамошо ба занӣ гирифт. Беҳуда намегӯғянд, ки ошиқи пирӣ надорад, Азиза-хола дар дами пирӣ дубора ба шавҳар баромада бошад ҳам, худро чун духтаракони 18-сола хушбахту масрур эҳсос мекард...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД