-Ҳа мардак, ин занак кӣ буд, ки бо диданаш оби даҳонат шорид?!
Комронро овози ғулии занаш ба худ овард ва оҳи сарде кашида гуфт:
-Як ҳамкурсам буд. Аз афташ вай маро нашинохт.
-Маро гӯсола гумон накун мардак, шукри Худо ақлу ҳушам дар ҷояш аст! Ягон кас аз паси ҳамкурсаш ин қадар бо ҳавас нигоҳ намекунад! Фоҳишаи як шаб дар бағалат хобидаро дида, зану фарзандатро аз ёд бароварди-а?!
-Кошкӣ ақалан як шаб дар бағалаб мехобид,-ин гап бе ихтиёр аз даҳони Комрон баромада, оташи ғазаби ҳамсараш Таҳминаи шаттоҳро чунон аланга занонд, ки ҷавонзани сиёҳҷӯрда аз шиддати асабонияту қаҳр сурху кабуд шуда, фарёд зад:
-Ин қанчиқи гӯрсӯхта аз ман чӣ бартарӣ дорад, ки чашмат чорто шуда, то хол аз пасаш гурба барин лаб лесида, менигарӣ?! Шарм намедорӣ, охир вай шӯй дорад, шӯй!
-Дамата гир, худам ҳам медонам, ки шавҳар дорад,-бо садои моломоли аламу ҳасрат ба сари занаш бонг зад Комрон ва кӯдакро аз дасти Таҳмина гирифта, бо қошу қавоқи овезон ҷониби мошини опел рафт. Оташи рашку пушаймонӣ Комронро он қадар сахт дар гирдобаш печонида буд, ки ҳатто ба рӯйи фарзанди навзодаш нигоҳ намекард. Рафтори шавҳараш як алами Таҳминаро сад алам намуда буд ва опели шалақи овардаи Комронро дида, авзояш бештар беҷо шуд. Ҷавонзани бадрашк раҳораҳ аз ҳасуд мисли ақраб худро дарун ба дарун мехӯрд. Аламаш мекард, ки як фоҳишаи қади кӯча, яъне Комиларо бо кӯдакаш шоҳбону барин бо лимузини пур аз бозичаю гулу сумбул аз талаввудхона бароварданду шавҳари даҳонялаи вай барои бурдани фарзандаш ҳамин як аробаи шалақро киро карда овардааст. «Мардаки хасис, мемурдӣ ақалан ягон таёта-авалон ё мерседеси навбаромад биёрӣ», дар дил бо шавҳараш мунозира менамуд вай, вале қошу қавоқи овезон ва табъи хираи Комронро дида, дигар ҷуръати даҳон во намудан намекард.
Шикасти шишаи ғурур
Солҳо гузаштанду Камила соҳиби ду писару як духтар гашт. Шавҳараш Мансур дар яке аз бонкҳои бонуфӯз кор мекард ва рӯзе дар байни мизоҷон чеҳраи ошноеро дид. «Ин мардак ба назарам ким-чӣ хел шинос метобад» андеша намуд Мансур ва ба фикру хаёл ғуттавар гашт, вале ҳеҷ ба ёд оварда натавонист, ки ин ҷавонмардро дар куҷо дидааст. Ниҳоят, навбати он чеҳраи ошно расид ва ҷавонмард лабхандзанон гуфт:
-Шумо маро нашинохтед?
-Чеҳраатон шинос метобад, вале дар куҷо бо шумо во хӯрданамонро ба ёд оварда натавонистам,-иқрор шуд Мансур.
-Дар тавалудхона во хӯрда будем,-ин дафъа табассуми шиноси ношинос ҳасратолуд буд, вале Мансур ба ин аҳамият надода, нидо кард:
-Ҳа, акнун ба ёдам расид! Шумо ба фикрам ҳамсинфи ҳамсари ман ҳастед, ҳамин тавр не?
-Бале, бале, ҳамсинф,-ғурунгид Комрон ва аз шарм сар ба зер афканд, то сурх шуданашро шавҳари Комила пай набарад.
-Хӯш, зиндагӣ чӣ хел? Чанд фарзанд доред? Чаро зану бачаҳоятонро гирифта, хонаи мо меҳмонӣ намеоед?-Мансури аз дарди дили ин марди ба мӯяш барвақт сапедӣ дамида хушҳолона «ҳамсинфи занаш»-ро ҳолу аҳволпурсӣ мекард.
-Шукри Худо, чор фарзанд дорам, вале корҳоям вақтҳои охир ҳеҷ барор нагирифта истодаанд. Омадам, ки аз ҳамин бонк қарз бигирам, вале…
Мансур барор нагирифтани кори «ҳамсинф»-и Комиларо шунида «наход мо дар ҳамин ҷо бошему кори шумо чигил монад», гӯён, дарҳол яке аз зердастонашро ҷеғ зад ва фармуд, ки бо кадом роҳе набошад, ҳатман мушкили ин ҷавонмардро осон намояд ва худи ҳамин рӯз пул ёфта диҳад.
Сирри фошгашта
Бегоҳ дар сари дастурхон Мансур табассумкуон ба занаш Камила гуфт:
-Имрӯз як ҳамсинфатро дидам. Бечора ба бонки мо пул қарз гирифтан омада будааст, вале кораш барор нагирифтааст. Хотири ту, занакҷон мушкилашро осон кардам. Пулро гирифта хурсанд шуда рафт.
Комила, ки ягон ҳамсинфашро бо шавҳараш шинос накарда буд, ҳайрон шуда пурсид:
-Кӣ будааст вай?
-Комрон. Рӯзи аз таваллудхона баровардани фарзанди аввалинамон мо ӯро дар ҳавлии беморхона дида будем, ёд дорӣ?
Бо шунидани номи Комрон авзои Комила якбора беҷо шуд ва рӯяшро гардонда, пичирос зад:
-Дигар ҳеҷ гоҳ ба вай кӯмак нарасонед! Мушкилашро худаш ҳал кунад!
Мансур аз шунидани ин гап дар ҳайрат афтид, зеро тӯли чандин соли зиндагӣ бори аввал буд, ки Комила ба касе ёрӣ додани ӯро намехост.
-Баро чӣ кӯмак нарасонем? Магар вай ба ту ягон бадӣ карда буд?
-Занакҷон, то имрӯз ману ту аз ҳамдигар ягон сирри пинҳонӣ надоштем, агар хоҳӣ, ки минбаъд ҳам бовариамон побарҷо монад, илтимос, росташро гӯй, ки аз комрон чӣ бадӣ дидаӣ, вагарна ман худам ҳақиқатро кофта меёбам,-таъкид намуд Мансур, аз хомӯшии ҳамсараш дилгир шуда.
Камила хислати шавҳарашро кайҳо омӯхта буд ва медонист, ки Мансур ҳеҷ гоҳ аз гапаш намегардаду хоҳ-нохоҳ кӣ будани Комронро аниқ мекунад, ночор шавҳари якумаш будани Комрон ва ҷабру ҷафою шармандагии аз дасти вай кашидаашро ҳикоят карда, зор-зор гиря кард.
-Дар ҳақиқат кори ношоиста карда будааст, лекин ба гузашта салавот гуфтан беҳтар аст. Худованди офарандаи замину осон бо ҳамин қадар бузургиаш гуноҳҳои бадтарини бандагонашро мебахшад, пас чаро ману ту набахшем, занакҷон?! Дар дилат кинаи пешинро гирифта нагард, ҳар чӣ буд, гузашт. Тақдиру насибамон чунин будааст, гӯю мон,-насиҳат кард ҳамсарашро Мансур, агарчӣ хуб медонист, ки доғи таҳқирҳои Комрон дар шаби арӯсӣ то ҳол аз дили Комила зудуда нагаштааст.
Вай дар рӯ ба рӯйи завҷааш сари ду зону нишаст ва ашки мисли марворид дар чашмони Камила ҳалқазадаро бо нӯги ангуштонаш пок карда истода, дар бехи гӯшаш пичрос зад:
-Мани аҳмақро ҳам бубахш, ки бо саволи беҷойи додаам захми дилатро дубора хуншор кардам, занакҷон. Ба Худо қасам, агар медонистам, ки кунҷкобиам боиси рехтани ин қадар оби дида ту мегардад, ҳеҷ гоҳ даҳон намекушодам. Ман дар назди ту гунаҳкорам, гунаҳкор…