Arzon march 2024
Гулноз дар рӯзи тӯяш аз хона гурехт
2520

 Хостгорони бо обрӯ

Пурсидани майли келиншаванда воҷиб аст гӯён, Гулнозро ба назди хостгорон даъват карда, розигиашро пурсиданд. Духтар бо сари хам масъаларо ба падараш вогузор намуд. Сукути арӯсшавандаро аломати ризо дониста бо розигии дутарафа ноншиканон карданд.

 Нозанини куҳистонӣ

Домод ҳамроҳи падару амакҳояш ба хонаи келиншаванда омада аз дидани ҳусну ҷамоли Гулноз ба ваҷд омад. Бачаи шаҳрӣ бо як нигоҳ ошиқи шайдои ин духтари деҳотӣ гашт. Фарҳод пас аз хатми донишгоҳи олӣ ду сол боз дар яке аз корхонаҳои бонуфузи пойтахт кор мекард ва дар атрофаш духтарони зиёде парвона буданд, вале то ин дам ба ӯ ягон нозанин мисли Гулноз писанд наомада буд. Падару модари обрӯмандаш аз он, ки келини ёфтаашон ба писарашон маъқул шуд, хурсанд гашта дар тарадуди тӯй шуданд вале...

Корвони арӯсӣ

Рӯзи тӯй фаро расид. Модари Фарҳод Зулфиябону фармуд, ки корвони арӯсиро барои ба хонаи келин рафтан омода созанд. Мошинҳоро бо гулу лентаҳои зебо ороста намуда дар зери навои пурнишоти карнаю сурнай домоди хушқаду зеборо савор карданду роҳи деҳаи арӯсро, ки дар яке аз ноҳияҳои наздики шаҳрӣ зиндагӣ мекард, пеш гирифтанд.

 «Сюрприз»-и нангин

Падару модари арӯс шаҳмардҳоро бо чеҳраи ғамгин пешвоз гирифтанд. Вақте ки аз тарафи шаҳбача омадагиҳо ба ҳавлӣ даромаданд, ҳайраташон дучанд афзуд, гӯё дар ин хонадон тӯй неву мотам бошад, чашмони ҳама пайвандони арӯс аз гиря сурх шуда чеҳраҳояшон ошуфта буд. Падари домод ҳайрон шуда пурсид, ки чӣ воқеа рух додааст. Модари арӯс оби дидаашро дошта натавониста базӯр пичиррос зад:-Акаҷон, пагоҳӣ Гулноз ба кошонаи ҳусн, ба маркази ноҳия меравам гуфта баромада рафту то ҳол барнагаштааст. Пас аз рафтанаш ана ин мактубро аз хонаи хобаш ёфтем. Дар мактуб Гулноз навишта буд: «Маро мебахшед, ки ба шумо барвақттар ҷуръати гуфтани сирри диламро накардам. Ман ҷавони дигарро дӯст медорам ва аллакай аз ӯ ҳомиладорам. Имрӯз ҳамроҳи ошиқам ба Русия меравем. Моро дигар накобед!»

Бо хондани ин номаи нангин хун ба сари падари домод зада, чӣ кор карданашро намедонист, зеро аллакай ҳофизон ва меҳмонҳои олиқадр дар тарабхона келину домодро интизор буданд. «Ҳамин хел, ки будааст, чаро пештар нагуфтед? Мо тӯйро сар карда худамонро хандахариши мардум намекардем! Акнун дар байни ёру дӯстон чӣ хел сарамонро бардошта мегардем»,- ситеза намуд Зулфиябону.

 Дар гирдоби навмедӣ

Падару модари домод ба ҳафт пушти арӯси фирорӣ лаънат хонда навмед аз хонаи қудо баромаданд. Салимбой, падари Фарҳод дам ба дам оҳи сард кашида дилашро медошт. Ин марди бообрӯ, ки ҳазорон кас дар наздаш чорқад шуда салом медоданд, имрӯз ба гирдоби навмедӣ афтида, ниёз ба наҷоткоре дошт, ки ӯ ва аҳли оилаашро аз ин шармандагӣ халос кунад. Мард дудаста сарашро медошту намедонист чӣ кор кунад. Илоҷе ёфта аз ин вартаи шармандагӣ баромадан лозим буд, вале чӣ тавр?!

 Фариштаи наҷотбахш

Дар наздаш ба шаст қарор гирифтани мошини ношиносе риштаи андешаҳои саргуми Салимбойро барканд. Аз мошин фаромадани дӯсти айёми бачагиашро дида, мард гӯё ҷони тоза ёфт. Ҷӯрааш Нодир бо ӯ гарм аҳволпурсӣ намуда гуфт:

-Кадом шамоли мусоид шуморо ба ин тараф овард?!

-Эҳ напурс ҷӯра! Шамоли шармандагӣ! Аз ҳамин деҳа Гулноз ном як духтаракро келин кардем, вале имрӯз барои бурдани арӯс омада фаҳмидем, ки фирор кардааст. Ошиқ доштааст, лаънатӣ,-оҳи сард кашида, моҷароро қисса кард Салимбой.

Нодир дар ҳамсоягии Гулнозино зиндагӣ мекардааст, вай онҳоро тасаллӣ дода «ягон илоҷ меёбем» гӯён, ба хонааш бурд ва духтараш Фархундаро, ки дар курси охирини Донишгоҳи тиббӣ мехонд, нишон дод. Фархунда дар ҳусну ҷамол аз Гулноз зеботар будааст. Духтарак дар рӯзи истироҳат ба дидорбинии падару модараш омада буд ва аз ташрифи меҳмонони нохонда ҳайрон шуда, дарҳол хост дастурхон орояд.

Фархундаи соҳибҷамолу боодоб ба падари Фарҳод ва домоди лаҳзае пеш ноумед хуш омад. Салимбой шаф-шаф накарда, якбора шафтолуи гапро гуфт:

-Духтарам, насиб бошад, баъдтар дар хонаи худамон дар назди мо дастурхон меороӣ, ҳозир ба ин ҷавон, ки писари ман аст, як бор бо чашми харидорӣ нигар. Фарҳод ба ту маъқул шавад, мо худи ҳозир туро келин карда ба хонаамон мебарем!

Фархунда бо шунидани ин гап аввал дар шигифт афтода бошад ҳам, баъдан шармгинона сар ба зер афканда, розигӣ дод. Салимбою Зулфиябону худоро шукр гуфта, куртаи сафеди арӯсиро ба Фархунда ҳадя намуданд ва хоҳиш карданд, ки тезтар тайёр шавад.

 


Дар гӯшае марди фақире нишаста, най менавохт ва садои мафтункунадаи най диққати ҳамагонро ҷалб менамуд.

JGhL7IfZGuz51jzzPhdQcHEsgAkCUlNa4es0vl3e


 

Арӯси рашки парӣ

Вақте ки Фархунда куртаи сап-сафеди барои Гулноз овардаро ба бар карда, аз хона баромад, ба одамизод не, ба парӣ монанд буд. Курта ба қаду қомати зебояш чунон шинам афтода буд, ки гӯё онро махсус барои Фархунда дӯзонда бошанд. Ҳангоме, ки Фарҳод дасти Фархундаро дошта дар зери навои пурнишоти карнаю сурнай ба мошинаи арӯсӣ нишастанд, ҳаққу ҳамсояҳо аз ҳайронӣ гиребон дошта мегуфтанд: «Тавба, одамизод дар умраш чӣ корҳоеро, ки намедидааст. Бахти ногоҳаниро ҳам дидем!»

Арӯсу домод каме ба тӯй дер карда бошанд ҳам, касе аз меҳмонон пай набурд, ки келинро иваз кардаанд. Онҳо ба навхонадорон бахти сафед хоста аз таҳти дил мерақсиданду меболиданд.

Бахти ногаҳонии бе тайёрӣ, бе дӯстдорӣ ба Фархунда хушбахтӣ овард. Ҳоло ин ду ҷавон ошиқи шайдои якдигар ва хушбахту масруранд. Худованд дари бахти онҳоро дар як лаҳза кушоду ба онҳо чунон бахти баланд ато намуд, ки дигарон солҳо орзуяшро мепарваранд…

 Тоҷинисои Азиз

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Гап нест 2019-10-18, 21:33
Некем хари бадай
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Гап нест 2019-10-18, 21:33
Некем хари бадай
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД