Arzon march 2024
Духтари раис дар рӯзи тӯй аз хона гурехт
3097

 

Дар яке аз деҳаҳои Айнӣ Дилшод ном ҷавоне мезист. Дилшод танҳо модар ва як хоҳар дошт.

Падараш кайҳо вафот карда, сарпарастии хонавода бар дӯши писар афтода буд. Осиёби бобоӣ, ки Дилшод нигоҳбонаш буд, ризқу рӯзии аҳли оиларо таъмин менамуд. Зиндагии тангдастона дошта бошанд ҳам, ними нон роҳати ҷон гӯён бо шукргузорӣ рӯз мегузарониданд, то он вақте, ки Дилшод ошиқ шуд.

Духтари раис
Дар ҳамсоягии онҳо духтараке мезист бо номи Дилафрӯз. Духтар аз оилаи сарватманд буд, вале ишқ шоҳу гадоро ба як тахт менишонад гуфтагӣ барин Дилшод бо тамоми ҳастӣ ошиқи зори Дилафрӯз гашт. Оҳиста-оҳиста чашмаи ишқ дигар дар дилаш намеғунҷидагӣ шуд ва ҷавон муҳаббаташро ба Дилафрӯз фаҳмонд. Гумон дошт, ки духтари раис ҳақоратборонаш мекунад, вале Дилафрӯз ба ятимию камбағалии Дилшод нигоҳ накарда муҳаббаташро пазируфту савганди садоқат хӯрд. Рӯзҳо пайи ҳам паси сар мешуданду меҳри ин ду ҷавон ба ҳамдигар торафт авҷ мегирифт. Шабҳо пинҳонӣ аз волидонашон сӯҳбатҳои ширин менамуданд ва хаёлан қасри ишқ месохтанд, вале…

Шӯри қиёмат
Модари Дилафрӯз Зайтуна рӯзе духтарашро дар хона надида парешон шуд. Зайтуна аз тарси он, ки мабодо шавҳараш аз кор барвақттар омада духтарашро наёбад, қиёматро қоим мекунад, ба ҷустуҷӯи Дилафрӯз баромад. Аз писараки ҳамсоя шунид, ки Дилафрӯз бо Дилшод ба кӯҳ баромаданд. Ҳуш аз сараш париду рӯ ба сӯи кӯҳ давид. Вақте ки модар ба кӯҳ наздик шуд, аллакай Дилафрӯзу Дилшод аз кӯҳ фаромада истода буданд. Дилафрӯз модарашро дида талхакаф шуд. Зайтунаи аз ғазаб ларзон Дилшодро дашномҳои қабеҳ дода Дилафрӯзро таҳқиркунон ба хона овард. Раис аллакай аз кор баргашта буд ва аз корҳои духтараш бохабар шуда, хун дар рагҳояш ба ҷӯш даромад. Дилафрӯзро хуб лату кӯб карда, сипас таъкид намуд «Аз ҳавлӣ берун қадам моданатро бинам, калимаатро арза кун, духтар! Ту беномус дигар одам наёфтӣ, ки ба як сағераи пойлуч дил мебандӣ?! Худатро овезӣ ҳам, ман туро ба Дилшод намедиҳам!»
Дилафрӯз ин суханони падарашро шунида ҷигархун шуд.

Панди модар
Модари Дилшод низ аз кори писараш норозӣ, ҳар лаҳза таъкид мекард, ки аз Дилафрӯз дуртар гардад: «Онҳо оилаи сарватманданд, раиси Саид дар ду дунё духтарашро ба мо намедиҳанд, ҷони оча. Нашунидӣ, ки дирӯз чи қадар Дилафрӯзро зери лату кӯб гирифтанд? Аз касе, ки ба фарзанди худаш раҳм надорад, ҳама чизро интизор шудан мумкин аст. Мабодо туро дар ягонҷо кушта напартоянд писарам»,- мегуфт модари зор.
-Маро ҳеҷ кас кушта наметавонад! Худованд маро ба дунё овардааст, танҳо худаш мебарад. Ман аз ишқам даст намекашам,-якравӣ мекард Дилшод.
-Писарам, аз дасти онҳо ҳар кор омаданаш мумкин. Тағоҳояш Насим ва Фурқат ҷаллоди тайёранд, амакаш ҳам одами андак-мандак нест,-писарашро ҳушдор медод холаи Фаришта.
-Бас кунед, очаҷон! Саид маро пора-пора кунад ҳам, аз Дилафрӯз даст намекашам! Маънии зиндагии ман танҳо Дилафрӯз асту бас!
Модар ҳарчанд насиҳат мекард, панду андарзаш фоида надошт. Дилшод аз Дилафрӯз даст кашиданӣ набуд.

Хостгори рондашуда
Дилшод бо зорию илтиҷо модарашро ба хони Саид фиристод. Раис мақсади ҳамсоязани камбағалро шунида таҳқиркунон ба ҳоли холаи Фаришта хандиду сипас аз хона ронд. Ҳарчанд Дилафрӯз тавалло мекард, ки ин корро накунанд, аммо касе ба ӯ аҳамият намедод. Фариштахола бо чашмони пурашк ба хона баргашта моҷарои хостгориашро як ба як нақл кард. Дилшод модарашро ба оғӯш гирифту гуфт:
-Маро бубахшед очаҷон! Ғамгин нашавед, ҳамааш хуб мешавад!

Бандии падар
Саид ду ҷавонро нигаҳбони духтараш гузошт ва ба ду ҷавони дигар фармуд, ки Дилшодро кушта партоянд. Овозаю ҳангомаи таҳдидҳои хунини раис дар деҳа паҳн шуда Фариштахоларо сахт ба изтироб меоварданд.

Интиқом
Дилшод аз ғаму андуҳи ҳиҷрон дилтанг шуда, таги тирезаи Саид омад. Ду ҷавони авбош фурсатро ғанимат шумурда, дарҳол ӯро аз по афтоданду дасту пояшро баста, даҳонашро бо скотч маҳкам карданд ва ба боғочи мошин андохтанд. Онҳо Дилшодро ба боғе бурданду чанд корд зада ба ҷӯй партофта баргаштанд.

Оби хунолуд
-Бобоҷон, оби ҷӯй суп-сурх аст,- хабар овард писарчаи панҷсолаи ҳамсоя Расул.
-Дар боло ягон чи шустагистанд. Дар лаби ҷӯй беҳуда давутоз накун. Беҳтараш рав модаратро гӯй, омада навдаҳои беди хушкидаро бурида барад,-фармуд мӯйсафед.
-Чаро дастонату себ бӯи хун мекунад?-Пурсид модараш.
Писарак бо ишораи намедонам китф дарҳам кашид.
Ҷавонзан табарро гирифта бедбурӣ рафт. Навдаро ба табар задан баробар «мор» гӯён дод гуфт. Бобо фиғони келинашро шунида зуд ҳозир шуд ва дид, ки келинаш кайҳо морро ба табар зада дуто кардасту нафаҳмида дод задааст. Хусуру келин хуб хандиданд.
-Рав акнун дасту рӯятро шӯй, ба ҳар ҳол тарсидӣ,-маслиҳат дод мӯйсафед.
Обро сурх дида, ҷавонзан хост, то боло рафта бинад, ки ин хуни чист. «Кадом лаънатӣ ҳайвони мурдаро ба ҷӯй партофтааст. Наход ҳамин хел ноинсофӣ кунӣ?! Ё ягон саг чизеро кашолакунон оварда бошад?»- ғурунгос мезад худ ба худ. Ногоҳ ча
«Уфф, ин келин чи бало дорад» гӯён, мӯйсафед бошитоб сӯйи овоз давид. Гаштаю баргашта мепурсид, ки чӣ ҳодиса шудаст, вале келин танҳо сӯйи ҷуйбор ишора мекарду халос.
Бобои Рустам келинашро ба ҳоли худаш гузошта аз баландӣ ба поён нигарист ва Дилшодро дид, ки ними танаш дар даруни обу нимаш аз об берун хобидааст. Рустам-бобо зуд Дилшодро аз ҷӯй баровард ва бо кӯмаки ҳамсояҳо ба беморхона бурд.

Дили дардманд
Вақте ки Мурод ва Шаҳоб ба назди раисашон Саид баргашта дилпурона хабар доданд, ки Дилшодро куштанд, Дилафрӯз дар хонаи шафат буд. Ин хабари даҳшатнокро шунида духтари раис худашро аз ошёнаи дуюм сарозер ба замин партофт.


Ҳамҷисгароён аз ҳама бештар дар шоу-бизнес во мехӯранд. Ҳастанд ҷавонмардҳое, ки барои сохтани карера аз ягон пастӣ рӯ натофта, ба ҳама кор розӣ мешаванд...


 

Дар беморхона
Беморхона пур аз милисаву прокурор буд ва ин Саидро ба изтироб овард. Дилафрӯзро зуд ба ҳуҷраи эҳёгарӣ бурданд. Саид ба табибон пули калон дода зорӣ намуд, ки аз дасташон ҳарчи ояд, барои шифоёбии духтараш дареғ надоранд. Дар берун аз пичир-пичири мардум фаҳмид, ки Дилшод намурдааст ва ҳоло дар ҳамин беморхона хобидаасту танҳо бо кӯмаки асбобҳои тиббӣ нафас мекашад. Аз тарс зуд ба хонааш баргашт ва Муроду Шаҳобро барои дурӯғашон дашномҳои болохонадор дода пеш кард.

Завлона дар даст
Милисаҳо аз модару хоҳари калонии Дилшод пурсиданд, ки аз кӣ гумонбар хастед. «Мо ғайри раиси Саид дигар душман надорем. Ин кори ҳамон худобехабари беимон аст» гуфтанд ҳар ду бо як овоз.
Саидро бо дастони завлонзада ба маҳбасхона бурданд ва гуфтанд, ки то аниқ шудани кор ҳаминҷо мемонӣ, вале бародараш, ки полковники калон буд, бо ким-кадом воситаҳо муваффақ гашт, ки то муайян шудани ҳодиса дар хонааш зери назорат гирифта шавад. «Исбот шавад, ки ин корро Саид кардааст ва бемор аз дунё гузарад, ман худам ба ҳабсаш мадад мерасонам, вале бемор зинда монад, ҷаримаи калонро ҳам ба ҳукумату ҳам ба волидони ҷабрдида пардохт менамоем»,- ваъда дод полковник.

Ашк дар чашм
Дилафрӯз баъди беҳтар шудани аҳволаш ҳар рӯз ба назди Дилшод мерафт, аммо модари Дилшод ӯро чашми дидан надошт ва дашномҳои қабеҳ дода, намегузошт ба писараш наздик шавад. Дилафрӯз бо дили пурхун ба назди хоҳари Дилшод Басгул мерафт, вале вай ҳам майли сӯҳбат намекард. Худоро зорӣ мекард, ки Дилшод ба худ ояду ҷони ӯ халос шавад.
Ҳамин тавр аз байн як моҳ гузашту Дилшод ба худ омад. Дилафрӯз инро шунида шитобон ба беморхона рафт, вале модари Дилшод боз дашномҳои қабеҳ дода нагузошт аз дари палата дарояд. Дилафрӯзи ҷигархун гирёну нолон аз беморхона баромаду Фариштахола ба назди писараш даромад.
-Очаҷон Дилафрӯзро баргардонед,-зорӣ мекард Дилшод.
Модар хоҳиш кард, ки дигар ин суханашро нагӯяд, вале Дилшод то бегоҳ танҳо номи Дилафрӯзро дар забон дошт.
Дилафрӯз рӯзи дигар боз ба беморхона омад. Ин дафъа Фариштахола чизе нагуфт ва духтурон ӯро назди Дилшод дароварданд. Духтарак бо чашмони пурашк худашро пеши кати бемор партофт ва дастони ошиқашро бӯсида бахшиши зиёд пурсид, ки мӯъҷиби ранҷу азобаш гаштааст. Дилшод сари маҳбубаашро сила карда гуфт:
-Ин тавр нагӯй Дилафрӯзҷон, дунёи ман танҳо бо ту рангин аст.

Тӯйи маҷбурӣ
Падараш дар назди дарвоза бо қошу қавоқи овезон Дилафрӯзро интизор буд. «Аз куҷо омадӣ?» пурсид бо зарда раис, вале Дилафрӯз сарашро хам карда ҷавоб надод. «Дар назди беморхона чӣ кор мекардӣ? Ба дидори Дилшод рафта будӣ?» дубора ситеза кард падар. Дилафрӯз ба саволи падараш бо савол ҷавоб гуфт:
-Шумо беморхона рафтед?
Саид оҳи сабук кашида гуфт:
-Ҷаримаро ҳам ба модари Дилшод ва ҳам ба ҳукумат супурдам, акнун куҷое хоҳам меравам, аммо ту дигар аз хона баромада наметавонӣ! Тайёриатро бин, ду моҳ пас тӯй!
Дилафрӯз ашки чашмонашро поккунон назди модараш рафта асли гапро пурсид. «Падарат туро ба писари як дӯсташ фотиҳа кард» тасдиқ намуд модар ва лаб газид.
Ҳама ба тӯй тайёрӣ медиданд, аммо Дилафрӯз дар ғами Дилшод гирёну нолон буд. Вай аз модараш илтиҷо кард, ки илоҷе карда посбононро кор фармояд, то вай бори охир Дилшодро бубинад. Дили Модар ба духтараш сухта ҳам дарвозанигаҳбонон ва ҳам Муроду Шаҳобро ба коре машғул карду Дилафрӯз ба беморхона омад.
Дилшод бо асо кам-кам роҳ мерафт. Дилафрӯз бо чашми гирён фотиҳа шуданашро ба Дилшод нақл кард. Дилшод «оҳ» гуфта ба замин афтид. Духтурон зуд ӯро бардошта ба палата дароварданд ва Дилафрӯзро аз дар берун карданд.

Шиноси ношинос
Хулас, аз байн 2 моҳ гузашту рӯзи тӯй маълум шуд. Дилафрӯзро бо як азоб либоси арӯсӣ пӯшонданд. Дилшод ин хабарро шунида девона шуд ва худашро аз тиреза партофта аз беморхона фирор кард.
Аввал ба хонаашон омада либосҳояшро иваз карду сипас ба чашмаш айнаки сиёҳ монда ба тӯй рафт. Дугонаи арӯс Мавзуна Дилшодро шинохта, зуд ин хабарро ба Дилафрӯз расонд. Рафта ба Дилшод гӯй, ки дар поёни деҳа маро интизор шавад, фармуд Дилафрӯз. Мавзуна ҳайрон-ҳайрон ба ӯ нигарист. Дилафрӯз гаштаю баргашта илтиҷо мекард, ки ин суханро ба ошиқаш расонад. Мавзуна ноилоҷ ин паёмро ба Дилшод расонд.

Фирори арӯс
Мавзуна ба назди Дилафрӯз баргашт. Арӯсак аз ӯ хоҳиш кард, ки либосҳои арӯсии ӯро пӯшаду либосҳояшро ба ӯ диҳад. Мавзуна илтиҷо мекард, ки ин корро накунад, оқибаташ бад аст, аммо Дилафрӯз аз роҳаш гаштанӣ набуд. «Дӯстатро дӯст дорӣ, ӯро аз зиндагии зиндабагӯр раҳо кун! Дугонаи ҳақиқиам бошӣ, давои дарди дили хуншорам мешавӣ» мегуфт арӯсак.
Мавзуна ночор розӣ шуд ва ҳарду таги чодар даромада либосҳояшонро иваз карданд. Дилафрӯз рӯймолро чуқур баста аз хона баромад.

Билети бахт
«Вақти сухан нест, зудтар ба аэропорт рафтанамон лозим» бе салому алейк якбора сари мақсад омад Дилафрӯз.
-Чаро ба фурудгоҳ,-ҳайрон пурсид Дилшод?
-Ба Руссия меравем!
-Мо пул надорем-ку?!
-Пуле, ки дар дасти ман аст, то чанд моҳ мерасад,-гуфт Дилафрӯз ва таксиро нигоҳ дошт.
Тайёра субҳи барвақт бо ду дилдода ба само бархост. Хешу табор аз иваз шудани арӯс танҳо баъди ба хонаи домод расидан воқиф гаштанд. Қиёмат дар як дам гӯё қоим гашт. Мавзуна гириста-гириста асли воқеаро нақл кард. Саид шармандаю шармсор шуда дар назди мардум Дилафрӯзро оқ кард ва Мавзунаро фарзанди худ хонд. Вай бо падару модари Мавзуна маслиҳат карда, ӯро ба ҷои Дилафрӯз ба домод никоҳ карда дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД