Солҳо гузаштанд. Хумор аз таҳсил дар донишгоҳ даст кашиду бо хоҳиши падар ба як марди сарватманди занмурдае ба шавҳар баромад.
Ромиз баъди хатми донишгоҳ ба аспирантура ба шаҳри Маскав рафту дохил шуд ва ҳамон ҷо ба як духтари молдавание ошиқ шуда, оиладор шуд. Аммо соҳиби фарзанд нашуд.
Хумор пайи ҳам ду писар таваллуд кард. Ромиз боз зан гирифт, аммо кӯдак намешуд. Холааш бори чорум зан гирифтани ӯро шунида, пинҳонӣ гуфт, ки “ман он духтарчаи туро гирифта ба писарам додам. Писарам баъди 10 соли бефарзандӣ ӯро гирифту соҳиби писарча шуд. Хоҳӣ, ман духтарчаатро бармегардонам”.
Ромиз бо ҷону дил розӣ шуд ва Нишонаро гирифта ба шаҳри Маскав бурд. Он ҷо ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, Нишона дипломи олӣ гирифт. Ба ҷавони тоҷике меҳр басту тӯйу тамошо карда, арӯсро ба Тоҷикистон гусел карданд.
Нишона дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ ба кор даромад. Мисли падараш табиби машҳур буд. Аммо намедонист, ки тақдир чӣ бозиҳое дорад.
Хумор борҳо ба назди холаи собиқ дӯстдоштааш рафта, зорӣ мекард, ки суроғаи он оиларо диҳад, то духтарчаашро як бор бубинад. Аммо бефоида буд.
Хумор ба тақдир тан додан намехост, доимо дар як гӯшаи дилаш чароғаке равшанӣ мекард. Субҳи дигар ҳолаташ беҳтар шуду ӯро ба палата гузарониданд.
Нишона ба палата даромада, хост аҳволи беморро пурсад, аммо Хумор-хола дастони ӯро бӯсакунон пурсид:
- Духтарам, ту аз куҷоӣ?
- Ман аз маҳаллаи Буни Ҳисорак, падарам ҷарроҳи машҳур Руминов Ромиз, модарам хонашин, ҳоло касал дар хона.
- Чӣ, ту духтари Ромизӣ?
- Бале, холаҷон, шумо ӯро мешиносед.
- Бале.
- Духтарҷон, илтимос, рақами телефони падаратро ба ман деҳ.
Ӯ ба рақами Ромиз баъди ин қадар солҳо занг зада, гуфт:
- Ромиз, ман Хумор, очаи аслии Нишона. Ё асли воқеаро ба ӯ мегӯӣ, ёман ҳамаашро худам нақл мекунам.
Ромиз ба духтараш ҳамаашро нақл карда доду гуфт:
- Моро бубахш, духтарам.
Нишона бе ягон дудилагӣ модарашро ба оғӯш кашида, гуфт:
- Очаҷон, ҳарчанд маро дар дигар оила мисли фарзанди худашон калон карда бошанд ҳам, доимо дар хобам шуморо гӯё медидам. Ҳамааш муъҷизаи Худо будааст.
Писарони Хумор апаашонро даъват карда, пеши пояш гов кушта, маъракаи калон доданд.
Хумор духтарашро аз оғӯшаш раҳо намекард.
Шаҳлои НАҶМИДДИН