Дидори ишқи аввал
Рӯзе тасодуфан дар роҳ бо Мансур рӯ ба рӯ гашт ва беихтиёр ба хотираш дуои бади ҷавони ошиқ расида, тамоми баданаш виҷирос зада рафт. Мансур, ки пас аз чандин соли ғарибӣ нав аз Русия баргашта буд ва аз сарнавишти талхи Комила хабар надошт, дар ҷояш шах шуда монд. Вай ба чашмони худаш бовар намекард, зеро ягон бор ба гӯшаи хаёлаш ҳам наомада буд, ки рӯзе Комила барин зебосанами химчамиёни кокулдароз ба як духтари кали бадафти хунукрӯй табдил ёфта метавонад. Комила нигоҳашро гурезонда хост роҳашро дигар кунад, вале Мансур чолокона аз банди дасташ дошта, пурсид:
-Ин туӣ Комила? Ба ту чӣ шуд?
Чаро ин қадар харобу афгор шудаӣ?
Саволҳои пайдарҳами ҷавонро бе ҷавоб гузошта духтар рафтанӣ шуд.
-Комила, илтимос нагурез! Як умр ту аз ман мегурезӣ. Росташро гӯям, ман ҳам мехостам аз тую аз ишқи ту гурезам, вале нашуд. Аз ишқи аввал гурехта намешудааст, Комила. Ман чандин сол аз Ватан, аз диёри бобоӣ дур зиста бошам ҳам, натавонистам туро фаромӯш кунам…
Ин дам дар хамгашти кӯча модари Комила намоён шуд ва ҷавон шарм дошта, давоми гапашро гӯё фурӯ бурда, табассумкунон ба истиқболи ҳамсояи қадрдонашон давид.
-Мансур, ин туӣ бачам?! Кай аз Россия баргаштӣ, ҷони хола?
-Дирӯз баргаштам холаҷон, дирӯз. Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, вале одам ба одам мерасад гуфтагӣ барин, дар ин ҷо бо Комилабону рӯ ба рӯ шудем,-Мансур бо модари Комила гарм аҳволпурсӣ намуда, пурсид, ки ба куҷо равонаанд.
-Духтур рафтанӣ будем бачам, ҳамин Комилаҷона як ба табибҳо нишон додан мехоҳам,-забон хоид модари зор.
-Шинед, худам шуморо бо мошинам ба беморхона мебарам,-инро гуфта ҷавон олиҳимматона дари қафои автомобилашро кушод. Комила ба Мансур раҳмат гуфта ба роҳаш рафтанӣ буд, вале ба мошин нишастани модарашро дида, ночор худро даруни автомобил гирифт.
Дарди дил
Табибон гуфтанд, ки сари кали Комиларо шифо бахшидан мумкин аст, вале барои ин бояд ҷарроҳии пластикӣ гузаронд. Барои ҷарроҳӣ пули калон лозим буд ва Комила хуб медонист, ки падару бародаронаш дар ду дунё чунин маблағ ҷамъ карда наметавонад. Гириста-гириста аз дари бемористон баромад. Бо чашмони ашкбор аз беморхона баромадани Комиларо дида, дили Мансур хиҷил шуд, зеро ҳанӯз дар як гӯшаяки қалбаш шабчароғи ишқи ин духтар забона мезад. Комила заррае ба вай аҳамият надода пойи пиёда ҷониби роҳи калон равон шуд. Мансур аз пасаш давида бо зориву тавалло Комиларо ба мошин шинонд ва гуфт, ки худаш онҳоро ба деҳа мебарад. Раҳораҳ Комила ҳиқ-ҳиқкунон мегирист. Пас аз чандин бор пурсидани сабаби оҳу нолааш Комила сарашро бардошта гуфт:
-Ёдат ҳаст, ки чӣ тавр гапи ҳардуямон дар сари чашма гурехту ту маро дуои бад кардӣ?! Дуоят маро гирифт, дар газ сӯхтам, сарам, рӯю мӯям сӯхта хокистар шуд. Сатр мепӯшидам, то мардум кал шуданамро нафаҳманд, вале шаби тӯям сиррам фош гашт. Шавҳарам сатрамро аз сарам кашида гирифт ва афту башараи хунуки маро дида фиғон кашид: «Зани кали маймун ба ман даркор нест. Як умр бе зан мегардаму бо чунин маймун зиндагӣ намекунам!» Хусуру хушдоманам маро зада-зада аз дарашон берун кардам. Дар қишлоқ шарманда шудам, шарманда!!!
Комила ниҳоят кулбори ғаму аламҳои чандинсолаи дилашро боз карда, инони гиряро сар дод. Духтари бадбахт зор-зор мегиристу Мансури аз шунидани ин сирри даҳшатбор моту мабҳутгашта намедонист…
(Давомашро фардо соати 21 интизор боршед)
Гулнисои Ҳикматулло