Formula novemver 2024
Оши Африқоии Ҳоҷӣ
1813

 

Ин навбат меҳмони ошхонаи «Оила» журналисти шинохта, муаллифи қиссаҳои пурҳангомаи «Арӯси шайхи тиллоӣ» ва «Ишқи тиллоии муҳоҷири тоҷик» Хоҷӣ Абдумуддасир Аҳмадзодаанд. Фақат қиссаи менавиштаашон не, тамоми панҷ панҷаи ин марди эҷодкор тиллоӣ аст. Бовар кунед, маҳрамат худатон ба ҳунари пазандагии Бобои Ҳоҷӣ баҳо диҳед!

-Ҳоҷӣ-Бобо, ягон бор саратонро ба ошхона мехалонед ё мисли аксари мардҳои тоқик аз ин кор ор мекунед?

-Ростӣ, танҳо рӯзҳои истироҳат, чунки аз сабаби серкорӣ наметавонам ҳамеша дар ошхона бошам.

-Серкориро баҳона накарда ошкоро хушам намеояд гӯед?!

-Не, ман пухтупазро дӯст медорам.

-Дегу кафгир ба даст гирифтанатон ба янга маъқул аст?

-Хӯроки пухтаам маъқулу аммо баъд аз хӯрокпазии ман ба қавли худаш “уборкаи генералӣ” лозим...

-Аз ҳама бештар пухтани кадом хӯрокро дӯст медоред?

-Палави самарқандӣ бо сабзии зард. Бовар кунед, беҳтарин хӯрок аст!

-Палави лоиқи «шайхи тиллоӣ» мешудагист-дия!

-Ҳа, ин хел палавро бо дили пур ба пеши шайх ҳам мондан мумкину ба назди амиру вазир ҳам. Палав не, палавҷон мешавад!

-Чаро маҳз бо сабзии зард?

-Дар водии Зарафшон, аз ҷумла Самарқанду Бухоро танҳо бо ҳамин намуди сабзӣ ош мепазанд. Сабзии зард ҳам фоиданок асту ҳам ошро хушхӯр мекунад. Ба ин ош зираю зирк (барбарис) ва биҳӣ андозед, то кафидан аз болои табақ сар намебардоред. Ба палави самарқандӣ рӯй овардани ман боз як сабаби дигар ҳам дорад...

-Хӯш, канӣ шунавем!

-Замони донишҷӯӣ як рафиқи хуҷандиам дар хобгоҳ оши хуҷандӣ пухт. Рангаш сурху худаш чунон бомазза, ки бо хӯрданаш ҳеҷ сер намешавед. Хоҳиш кардам, пухтанашро омӯхт ва таъкид кард, ки ҳатман аввал пиёзро сурх кардан лозим. Дар вақти истироҳати зимистона ба хона рафтаму хостам раҳматии падарамро, ки ошро дӯст медоштанд, хурсанд кунам ва дасту остин барзада, аз паи пухтани оши хуҷандӣ шудам. Намедонам пиёз маро фиреб карда зуд сурх шуд ё алов баландӣ кард, ки зирбаки ошам сӯхт. Вақте ки палави аз сурхӣ гузашта андаке сиёҳранг шударо кашида сари дастурхон овардам, падарам як луқма гирифтанду гуфтанд: “Бачам, ин ошат аз Хуҷанд ҳам гузашта ба Африқо рафтааст! Мо дар Тоҷикистонем, мон ҳамон оши худамонро хӯрда гардем!” Минбаъд тарки Хуҷанд кардаму озими Самарқанд шудам ва то имрӯз оши самарқандӣ мепазам. Ба ҳар ҳол, пиёзашро сӯзондан зарур намешавад...

-Шумо чанд сол дар Афғонистон будед, он ҷо ҳам палов мепазанд?

-Бале, он ҷо ҳам чанд намуди оши палов ҳаст, аммо як намудашро, ки худи афғонҳо “чалов” мегӯянд, танҳо дар ин кишвар мебинед. Онҳо биринҷро ҷудо аз зирбаки гӯшту сабзидор тайёр мекунанд ва баъд ҳамон зирбакро ба болои биринҷ мерезанд. Боре чунин ош пухтам. Хушхӯр мешудааст!

-Гап байни худамон, ин ҳунарро аз ягон зани афғон омӯхтед?

-Албатта, аммо илтимос ба гӯши занак нарасад!

-Бо ин ҳунари палавпазиатон магар ошпази тӯйҳо мешудед, беҳтар набуд? Даромади зиёд дошт, азоби қаламро ҳам намекашидед!

-Мешуду лекин танзим халал расонд-да!

-Чӣ тавр?

-Ман ош пазам барои 5-6 нафар мепазам ё барои 500 нафар. Миёнааш кори ман нест. Танзим бошад, даъвати ин қадар меҳмонро манъ кардааст. Барои ҳамин, танҳо дар доираи оила маҳдуд шуда мондам.    

-Боз кадом намуди хӯрокҳоро пухта метавонед?

-Дар пухтупаз даҳ панҷаамон ҳунар, аммо кани занаке, ки ҳама чизро худаш тайёр кунаду гӯяд: “Ана мардак, акнун гиру паз!“

-О ҳама маҳсулотро, ки тайёр кунанд, худашон мепазанд-дия!

-Ман барин? Ҳаргиз! Хӯроки пухтаи мард лаззати дигар дорад. Инро занҳо хуб медонанд!

-Ин тавр бошад, тарзи пухтани палавҷони таърифии лоиқи «шайхи тиллоӣ»-ро ба хонандагони «Оила» фаҳмонед.

-Бо ҷону дил!

Маҳсулоти лозима:  

Ретсепти оши палови самарқандӣ

Масолеҳ барои 1 килограмм биринҷ:

1.250-300 грамм гӯшт

2. 500-600 грамм сабзии зард

3. 250-300 грамм равғани пахта ё равғани думба ё ҳарду аралаш дар ҳамин ҳаҷм (равғани зағири сахт доғ кардашуда ҳам мешавад)

4. 5-6 сар пиёзи миёнаҳаҷм

5. 1 кило биринҷ

6. Мувофиқи талаб зирк, зира ва биҳӣ. (Баъзан 2-3 дона сирпиёз)

7. 100-150 грамм нахуди қаблан таркардашуда

8. Намак, мувофиқи табъ

Тарзи тайёр кардани ош:

Аввал равғанро ба дег андохта то доғ шуданаш сабр мекунанд. Баъд ба он гӯштро андохта, 7-10 дақиқа мепазанд. Минбаъд ба болои он пиёзи майда резакардашударо андохта, то сурх шуданаш назорат мекунанд, Эҳтиёт бояд шуд, ки пиёз аз ҳад зиёд сурх шуда, маззаи талхӣ пайдо накунад. Баъд аз он сабзии резашударо меандозанд ва ҳамаи онро якҷоя бо кафгир то сурх шудани сабзӣ мекованд. Баъд аз он, ки зирбак тайёр шуд, ба болои он об андохта, алови зери дегро баланд мекунанд. Ҳамин, ки об ба ҷӯш омад, андаке аловро паст карда, тақрибан 8-10 дақиқа онро бо як маром меҷӯшонанд. Баъдан ба зирбак мувофиқи табъ намак ва андаке зира меандозанд. (Бояд намаки зирбак андаке шӯр бошад, то ки баъд аз андохтани биринҷ ош камнамак нашавад). Баъд биринҷи қаблан шустаю таркардашударо (биринҷ бояд то замони андохтан 15-20 дақиқа тар карда шавад) бо кафгир дар болои зирбак меандозанд. Ин корро тавре анҷом додан лозим аст, ки дар болои зирбак биринҷ дар як сатҳ қарор гирад. Агар сатҳи об аз биринҷ камтар ё баробар бошад, аз болояш об илова карда, сатҳи онро аз биринҷ тақрибан ним сантиметр боло кардан зарур аст. Дар вақти андохтани биринҷ аловро андаке зиёд кардан лозим. Баъд аз он, ки об хушк шуда ба сатҳи биринҷ баробар шуд, бояд бо латтае ё табақе болои онро маҳкам кард, то буғи зирбак донаҳои биринҷро варам кунонад. Инро “хомдам” меноманд. Дар ин вақт алови зери дегро паст кардан лозим. Тақрибан баъд аз 10-12 дақиқа сарпӯши дегро боз намуда, зери биринҷ зирк ва биҳии тақсимкардашуда, инчунин сирпиёзро мегузоранд ва бо кафгир аторофи онро ҷамъ карда, “теппача” месозанду   боляшро бо табақи чуқур мепӯшонанд. То ҳадди имкон алави зери дегро кам мекунанд. Акнун бояд таоми шумо танҳо бо буғ пухта шавад. Пас аз 20-25 дақиқа болои онро кушоеду ба табақҳо кашида рӯи дастурхон гузоред. Ба шумо иштиҳои қозгир!

 -Ба ҳама хонандагонамон тавсия медиҳем, ки минбаъд аз оши палови муаллифи қиссаҳои пурмоҷарои «Арўси шайхи тиллоӣ» ва «Ишқи тиллоии муҳоҷири тоҷик» барои аҳли оилаашон омода намоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД