-Ҳозир ман ҳомиладорам. Шавҳарам бисёр хурсанд шуд, ки барояш бача мекунам. Вақти зоидан вай маро ба назди хешу табораш мебарад…
Зайнура даҳонашро бо кафи дасташ дошта бо рангу рӯйи кандагӣ аз хона баромад ва буду шуди гапро ба модари Комила як ба як нақл кард. Бо шунидани ин гап ҳуш аз сари падару модари бадбахташ парид.
Хабари аз ҷин ҳомиладор шудани Комила барқсон дар саросари деҳа паҳн гашта, мардумро ба таҳлука андохт. Ҳамсояҳо ҳамин ки ягон аъзои оилаи Комиларо диданд, дарҳол пичир-пичиркунон ғайбатро сар мекарданд. Падари Комила-Пирмуҳаммад ба ин ҳама нағмаю найранги шармовари духтараш тоб наоварда, оқибат ба сактаи дил гирифтор шуд ва ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд.
Ҷинбарор
Модари зор ба ҷону ҳоли писаронаш намонда, гиряву зорӣ менамуд, ки ягон муллои ҷинбарори зӯрро ёфта биёранд, то он махлуқи лаънатиро аз вуҷуди духтараш барорад. Кофта-кофта оқибат Амрихудо ном муллои ҷинбарори номдореро ёфтанд. Пулу моли зиёд дода, муллоро розӣ намуданд, ки ба хонаашон омада, илоҷи Комилаи аз ҷин ё парӣ ҳомиладор шударо ёбад. Домулло Амрихудо дар ҳақиқат ҷинбарори зӯр будааст, вай се шабу се рӯз духтарро пайдарҳам дуохонӣ кард. Корди калони говкушӣ дар даст мулло гирдогирди Комила мегашт ва гоҳ ба тахтапушту гоҳ ба миёнаш бо пушти корд зада, амр мекард, ки ҷин зудтар аз вуҷуди духтар барояд, вале махлуқи ноаён якравӣ карда, ҳеҷ ҷойи гармашро хунук кардан намехост. Бечора модари Комила ҳар дафъаи ба саволҳои мулло ҷавоб додани ҷин аз тарсу ҳарос мисли барги бед дарақ-дарақ меларзид, чунки аз даҳони духтараш ба ҷойи овози худи Комила овози ғулии мардонае мебаромад. Домулло Амрихудо ба китфи Комила зарбаи сахте зад ва боз садои мардона, ки овози ҷин буд, аз даруни духтар фиғон кашид:
-Ин қадар бераҳмӣ, оҳистатар зан, мулло!
Домулло боз як зарбаи обдор зада, пурсид:
-Зуд бигӯ, ки номат чист?
-Ба номи ман чӣ кор дорӣ? Намегӯям,-бонг зад ҷин.
-Нагӯӣ, ҳозир ҷазоятро мебинӣ,-инро гуфта, мулло кордро бардошт.
-Майлаш мегӯям мулло, мегӯям, фақат корду камон накаш,-нидо омад аз даруни Комилаи бе ҳушу бе ёд.
-Номат чист мегӯям,-саволашро такрор кард Амрихудо ва боз зарба зад.
-Исҳок!
-Мусалмонӣ?
-Мусалмонам мулло, мусалмонам!
-Мусалмон, ки бошӣ, бо ҳукми Худованди замину осмон аз вуҷуди ин духтари бечора зуд баро,-амр кард домулло Амрихудо, вале ҷин дар ҷавоб заҳрхандае карда, эътироз намуд:
-Беҳуда зӯр назан мулло, намебароям, чунки ман ин духтарро кайҳо бо никоҳи мусулмонӣ ба занӣ гирифтаам. Мулло, ту ҳақ надорӣ, ки маро аз зани никоҳию фарзандам ҷудо кунӣ!
Домулло Амрихудо паст наомада, кордро ба гулӯи Комила монд ва сура хонда истода, таъкид кард:
-Ту ҷин ҳастию ин духтар одамизод, ту оташзодаӣ, ин зодаи хок аст, ҳеҷ гоҳ шумоён наметавонед зану шавҳари ҳақиқӣ шавед. Хуб медонӣ, ки Худованд барои ҳар махлуқи офаридааш аз зоти худаш ҷуфти муносиб офаридааст ва никоҳи ту бо фарзанди одамизод хатост. Ба хубӣ аз вуҷуди ин духтар баро, вагарна бо амри ҳамон Худое, ки ману туву ӯро офаридааст, дар як дам бо даму нафасам сӯхта хокистарат месозам!
Ин дам Комила оҳ кашид ва дуди кабудчатобе аз даҳонаш баромад. Духтар ба зӯрии дард тоб наоварда, фиғони ҷонкоҳе кашид ва гӯё нав аз хоб бедор шуда бошад, базӯр чашмонашро кушод.
-Ҷини лаънатӣ аз вуҷуди духтаратон баромад,-хабар дод домулло ба модари гирён ва рӯ ба Комила оварда пурсид:
-Хоҳарҷон, ин гарданбандро аз куҷо гирифтӣ?
-Шаби тӯямон шавҳарам Исҳоқ дод,-чашмонашро молида истода ҷавоб гардонд Комила ва гаранг-гаранг ба мулло нигариста пурсид:
-Шумо кистед?
-Ман банди Худо Амрихудоям. Бо амри Худованди якто туро аз дому аз никоҳи ҷин озод намудам. Акнун гарданбанди касофати дар гарданат овезонро ба ман деҳ,-хоҳиш намуд домулло.
Комила гарданбандро аз гарданаш кушод, вале дилаш намешуд, ки чунин занҷираи зеборо ба домулло диҳад. Занҷираи ғафси тиллоии нигинаш зумурадгунро дар миёни кафаш фишурда истода духтар айёрона ба атроф менигарист. Домулло Амрихудо ҳис кард, ки пайти муносиб ёфта, Комила аз хона баромада гурехтан мехоҳад.
-Очаҷон, дарро маҳкам кунед, агар ҳозир ин гарданбанди лаънатиро ба зӯрӣ аз дасташ кашида гирифта ба дарё напартоем, шӯйи пашминаш боз бар мегардад, он гоҳ на ман зинда мемонаму на духтаратон,-фаҳмонд домулло ва модар чолокона аз ҷояш ҷаста хесту занҷири дарро баст. Домулло Амрихудою модар ду каса шуда бо як азоб занҷираи тиллоиро аз дасти Комила кашида гирифтанд. Мулло гарданбандро дар кафи дасташ гирифта, дурудароз дуо хонду сипас онро ба модари Комила дода, таъкид кард:
-Ман ҷинро бастам. Илтимос, тезтар ин занҷираро бурда ба ягон дарёи калон партоед, то ки махлуқ дигар ҳеҷ гоҳ бар гашта натавонад!
Гарданбандро бародарони Комила бурда ба дарё партофтанд ва мулло нафаси осуда кашида, гуфт:
-Ҳар чи аз дасти банда меомад, кардам, ин тарафаш аз худатон вобаста. Духтарро 40 рӯз танҳо намонед. Ҳамин 40 рӯз бе ягон балою қазо гузарад, иншооллоҳ дигар ба пояш ягон хор намехалад. Аз ин пас ба вай на ҷин наздик мешаваду на деву парӣ.
Шифоёбии арӯси девона
Дар ҳақиқат баъди ҷинбарор кардан ҳоли Комила рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дигар мисли пештара ҳазён намегуфт ва шабҳо аз хона гум намешуд. Рӯз ба рӯз чеҳрааш кушода гашта, кам-кам ҳазлу шӯхӣ мекардагӣ шуд.
Дидори ишқи аввал
Рӯзе тасодуфан дар роҳ бо Мансур рӯ ба рӯ гашт ва беихтиёр ба хотираш дуои бади ҷавони ошиқ расида, тамоми баданаш виҷирос зада рафт. Мансур, ки пас аз чандин соли ғарибӣ нав аз Русия баргашта буд ва аз сарнавишти талхи Комила хабар надошт, дар ҷояш шах шуда монд. Вай ба чашмони худаш бовар намекард, зеро ягон бор ба гӯшаи хаёлаш ҳам наомада буд, ки рӯзе Комила барин зебосанами химчамиёни кокулдароз ба як духтари кали бадафти хунукрӯй табдил ёфта метавонад. Комила нигоҳашро гурезонда хост роҳашро дигар кунад, вале Мансур чолокона аз банди дасташ дошта, пурсид:
-Ин туӣ Комила? Ба ту чӣ шуд?
(Давомашро фардо шаб соати 21-00 интизор шавед)